Уқёнуси Атлантик


Уқёнуси АтлантикДар ҳаёти инсоният аз ҳамаи уқёнусҳо дида Атлантик мавқеи муҳим мебозад. Ин таърихан ба вуҷуд омадааст.
Мавқеи географӣ. Уқёнуси Атлантик ба монанди уқёнуси Ором аз арзҳои субтропикӣ то Антарктида кашол ёфтааст, лекин нисбат ба он камбартар аст. Атлантик дар арзҳои мӯътадил аз ҳама васеъ буда, ба сӯи хати истиво танг ме­шавад. 
Хати соҳили уқёнус дар нимкураи шимолӣ ниҳоят каҷу килеб буда, дар нимкураи ҷанубӣ хеле кам ба қисмҳо ҷудо шудааст. Кисми зиёди ҷазираҳо дар наздикии материкҳо ҷой гирифтаанд.  Аз таърихи тадқиқи уқёнус. Инсон уқёнуси Атлантикаро аз замонҳои қадимтарин азхуд кардааст. Дар соҳилҳои уқёнус ва баҳрҳои он дар давраҳои гуногун дар Юнони Қадим, Карфаген, Скандинавия марказҳои баҳрнавардӣ ба вуҷуд омаданд. Уқёнуси Атлантик аз давраи кашфиёти Бузурги географӣ роҳи асосии обӣ гардид.
Тадқиқоти пурраи табиати Атлантик танҳо дар охири асри XIX оғоз ёфт. Экспедитсияи англисҳо дар киштии «Челленчер» чуқурии уқёнусро чен ва дар бораи хусусиятҳои анбуҳи об маълумот ҷамъ кард.
Дар давраи Соли Байналхалқии геофизикӣ (солҳои 1957- 1958) махсусан дар бораи табиати уқёнус маълумоти бисёр ҷамъ оварда шуд. Ҳоло бошад, эскадраи (дастаи калони киштиҳо) иборат аз 40 киштии илмии бисёр мамлакатҳо хусусиятҳои анбуҳи об, релефи қаъри уқёнусро меомӯзанд. Уқёнусшиносон таъсири тарафайни уқёнус ва атмосфераро мушоҳида карда, табиати Голфстрим ва ҷараёнҳои дигарро тадқиқ мекунанд. Релефи он нисбат ба уқёнуси Ором на он қадар мураккаб аст. Аз тамоми Атлантик қариб то меридиана қаторкуҳҳои азим паҳн шудаанд. Дар як ҷо ба сатҳи хушкӣ баромадааст, ки он ҷазираи Исландия мебошад. Қаторкуҳ қаъри уқёнусро ба ду қисми баробар тақсим кардааст. Дар соҳилҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ тунукоба васеъ шудааст. Мувофиқи назарияи пораҳои литосфера уқёнуси Атлантик ҷавон аст. Чуқурии миёнаи он нисбат ба чуқурии уқёнусҳои Ором ва Ҳинд кам аст; чуқурии зиёдтаринаш 9207 м аст (хамии Пуэрто-Рико).
Иқлими уқёнуси Атлантик ба тамоми минтақаҳои иқлимӣ паҳн шудааст, аз ҳамин сабаб иқлими он хеле гуногун аст.
Хусусиятҳои иқлим дар анбуҳи об инъикос меёбад. Ҳарорати сатҳи об дар ин ҷо нисбат ба укёнусҳои Ором ва Ҳинд хеле паст аст. Сабаби он таъсири сардкунандаи обу яхҳое, ки аз уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва аз Антарктида меояд, инчунин омехташавии бошиддати анбуҳи об мебошад.
Шӯрии анбуҳи об дар баъзе ноҳияҳои уқёнус аз дараҷаи миёна зиёд аст, зеро қисми зиёди рутубати буғшуда аз сабаби нисбатан танг будани уқёнус тавассути бод ба материкҳои ҳамшафат мерасад.
Ҷараёнҳо. Дар уқёнуси Атлантик назар ба уқёнусҳои Ором ва Ҳинд ҷараёнҳое ҳосил мешаванд, ки қисми зиёди онҳо на ба самти арзӣ, балки қад-қади меридианҳо равона шудаанд. Сабаби он аз шимол ба ҷануб хеле дароз будани уқёнус ва тарҳи хати соҳил мебошад. Ҷараёнҳои уқёнуси Атлантик нисбат ба уқёнусҳои дигар фаъолтар буда, об, гармӣ ва сардиро аз як арз ба арзи дигар мебаранд. Аз ҳама ҷараёни маъруфи уқёнуси Атлантик Голфстрим ном дорад. 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив