
Мактаби 7-солаи деҳа ва Дорул-муаллимони тоҷикии ш. Тошкентро хатм намудааст. Солҳои 1930-1933 муаллими н. Кангурти в. Кӯлоб буд. Моҳи сентябри 1933 ба хизмати ҳарбӣ рафт. Моҳи январи соли 1943 дафъаи дуюмба сафи Армияи Сурх даъват шуд. Моҳи июли 1943 баъди хатми Омӯзишгоҳи артиллерии шаҳри Красноярск ба арсаи набаро даромад. Ба вазифаи командири взводи тӯпҳои 75 миллемтраи полки 387-ум артиллерии Ордени Суворов ва Богдан Хмелнитский дори армияи 40-ум таъин шуд.
Взводи ӯ дар сафи аввалинҳо ба шаҳри Бэнкса-биктритсаи Чехославакия зада даромада, барои пешравии қӯшунҳои пиёда шароит муҳайё кард. Дар ҷанг ба захмдор шуданаш нигоҳ накарда то пурра аз душман озод кардани шаҳр аз майдони муҳориба берун набаромад. Дар як муддати кӯтоҳ аз Звелин то Угерский взоди Брод взводи ӯ 5 тӯпи худгард ва бисёр афсарону сарбозони душманро несту нобуд кард. Э. Ш. дар ш. Угерски Броди Чехославакия 25 апрели соли 1945 дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок шуд. Корнамоиши ҷангиаш бо унвонӣ олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» тақдир гардид. Ба поси хотираи ӯ дар ш. Угерски Броди Чехославакия санги хотиравӣ, дар зодгоҳаш ҳайкали ёдгорӣ гузоштаанд. Дар зодгоҳи қаҳрамон кӯчаву мактаб ва ҷамоат номи ӯро гирифтаанд.
Комментарии (0)