Ретсептураи умумӣ. Мавҳуми моддаи доругӣ. Шаклҳои доругӣ. Шаклҳои доругии сахт


Нақша: 
  1. Ретсептураи умумӣ.
  2. Манбаи ба даст овардани доругиҳо.
  3. Манбаи таъсири растаниҳои доругӣ.
  4. Сохти умумии дорухат.
  5. Қурҳо, ҳамҳо ғурушакҳо, қоидаҳои дорухатнависии онҳо.
  6. Шинос шудан бо шаклҳои асосии доругиҳои сахт.
  7. Маҳлулҳо. Мавҳуми ҳалкунандаҳо.
 

ДОРУХАТНАВИСИИ УМУМӢ
Маводи доругӣ ва шаклҳои доругӣ
ДорухатМаводи фармакологӣ - модда (ё омехтаи модда) бо фаъолноки муқарраршудаи фармакологӣ мебошад, ки объекти санҷишҳои клиникӣ қарор гирифтааст.
Воситаи доругӣ (дору) - ин моддаи фармакологие мебошад, ки аз тарафи мақомоти салоҳиятдори мамлакат ба мақсади муолиҷа ё профилактикаи бемориҳо барои истифодабарӣ иҷозат дода шудааст. Вай метавонад як ё якчанд маводи доругиро дар бар гирад.
Маводи доругӣ - ин воситаи доругӣ бо шакли муайяни доругӣ мебошад.
Шакли доругӣ - ҳолати барои истеъмол мувофиқе, ки ба дору дода мешавад.
Моддаи доругӣ гуфта пайвастаи фардии кимиёвиро меноманд, ки ба сифати маводи доругӣ истеъмол мешавад.
Терминологияи зикршуда комилан шартӣ аст. Дар кори ҳаррӯзаи худ духтурону дорусозон (провизорҳо) доруро одатан ҳам воситаи доругӣ ва ҳам маводи доругӣ меноманд.
   ФАРМАКОПЕЯИ ДАВЛАТӢ
Ба мақсади танзими тайёр кардани маводҳои доругӣ ва муайян кардани усулҳои ҳатмии ягонаи сифати онҳо аз қадим инҷониб китобҳои махсусе таҳия гардиданд, ки Фармакопея (аз юн. pharmacon - дору, poieo - месозам) меномиданд. 
Фармакопея маҷмӯи стандарту меъёрҳое мебошад, ки сифати доруҳоро муайян месозад. Дар асоси меъёрҳои дар фармакопеяҳои миллӣ овардашуда назорати истеҳсол ва истеъмоли доруҳо дар кишварҳои мувофиқ ба амал бароварда мешавад. Дар фармакопея хусусиятҳои физикӣ ва химиявии моддаҳои доругӣ ва доруҳо номбар шуда, усулҳои физикӣ-химиявӣ, химиявӣ, фармакологӣ ва биологии муайян намудани айният ва хушсифатии онҳо нишон дода шуда, таблитсаҳои дозаҳои баландтарини якмаротибавӣ ва шабонарӯзии воситаҳои доругии заҳрогин ва сахттаъсир барои калонсолон ва кӯдакон оварда мешавад. Ғайр аз ин, усулҳои муайянкунии миқдории доруҳо нишон дода шуда, маълумотҳо оид ба реактивҳо ва индикаторҳои истифодашаванда, таблитсаҳои массаи нисбии атомӣ (вазни атомӣ), таблитсаҳои алкогомметрӣ, таблистаҳои қатрадоруҳо ва ғайра, инчунин шароиту мӯҳлатҳои нигоҳдорӣ ва додани моддаҳо, усулҳои тайёр кардани шаклҳои доругӣ, стандартизатсияи биологӣ оварда шудаанд. Ҳар як мамлакат фармакопеяи худро ташкил медиҳад, агар воситаҳои доругиро мутобиқи тавсияҳои муқаррарнамудаи ТУТ барорад. Номи доруҳо дар Фармакопея аз маводҳои байналахалқии ғайрипатентӣ оварда мешавад.
ДОРУХАТ. ҚОИДАҲОИ НАВИШТАНИ
    ВОСИТАҲОИ ДОРУГӢ
Дорухат - ин муроҷиати хатти духтур ба дорухона оиди ба бемор додани воситаҳои доругӣ дар шакли доругӣ ва дозаҳои муайян мебошад. Дар дорухат ҳамчунин усули истифодаи воситаҳои доругӣ нишон дода мешавад.
Дорухат - ба забони лотинӣ, таъинот барои бемор - ба забони русӣ ё миллӣ навишта мешавад. Дорухат дар варақаи идоравӣ навишта шуда, ба он ислоҳ даровардан мумкин нест. Дар дорухат сана, ному насаби бемор, синну сол (то 16-сола ва аз 60-сола болотар), инчунин ному насаби духтур нишон дода мешавад. Сипас муроҷиат ба фарматсевт (дорусоз) «Recipe» ( Rp. - ихтисора) меояд, ки маънои «Бигир»-ро дорад. 
Дар охири дорухат Signa (нишон деҳ) навишта мешавад ва ба бемор ё корманди тиббӣ оид ба усули истифодаи маводи доругӣ нишондод медиҳанд.
Дар ин қисмати дорухат, ки сигнатура номида мешавад, духтур нишон медиҳад: 1) меъёркунӣ (1 ҳаббӣ, 20 қатрадору), 2) вақт ва басомади истеъмоли воситаи доругӣ, 3) усули истифода (дохиливаридӣ, дарунӣ). Минбаъд духтур бояд ба дорухат имзо ва мӯҳри шахсии худро гузорад.
Навиштаҷотҳо. 
Навиштаҷоти магистралӣ вуҷуд дорад, ки ба таври фардӣ барои бемор аз рӯи салоҳияти духтур тартиб дода мешаванд. Навиштаҷоти расмӣ, ки аз тарафи Вазорати тандурусти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, навиштаҷоти воситаҳои тайёри доругӣ мебошад. Чунин доруҳо асосан аз тарафи саноати фарматсевтӣ тайёр карда мешаванд ва ба Фармакопеяи давлатӣ дохил карда шудаанд. Навиштаҷотҳои мануалӣ таркиби доимӣ доранд, вале дар фармакопея нишон дода нашудаанд. 
Дорухат аз якчанд қисм иборат аст.
Қисми якум навиштаҷот аст – Inscriptio. Ин қисми дорухат мӯҳри муассисаи табобатӣ, таърихи навиштани он, ному насаби бемор, синну соли он ва ному насаби табибро дарбар мегирад.
Қисми дуввум муроҷиат – Invocatio. Муроҷиат ба фармасевт аз калимаи Recipe – яъне бигир иборат аст, онро кӯтоҳ карда Rp. менависанд.
 Қисми сеюм қисми асосии дорухат Prаescriptio буда, ки навиштани дорухат мебошад. Номи дору бо ҳарфи калон ва меъёри он навишта мешавад. Доруҳо метавонанд содда ё мураккаб бошанд.
Қисми чорум имзо - Subscriptio аст. Он барои фармасевт ба забони лотинӣ навишта мешавад, ки бо дору чи кор кардан лозим аст. Масалан: Miscе fiat pulvis, Da tales doses № ва ғайра.
Қисми охирон сигнатура - Signаtura аст, барои бемор навишта мешавад. Сигнатура ба се савол бояд ҷавоб диҳад – чанд миқдор, чанд маротиба ва бо кадом роҳ доруро истифода бурдан лозим.
Дорухат бо имзо ва мӯҳри табиб ба итмом мерасад.
Шаклҳои доругӣ метавонанд ба меъёрҳо ҷудокардашуда бошанд, ки баъди номи моддаи доругӣ меъёри (дозаи) воситаи доругиро барои 1 қабул нишон медиҳанд. Сипас одатан менависанд «Da tales doses numero» - «чунин дозаҳоро бо миқдорашон бидеҳ». Рақами «numero»-ро ихтисор кардан мумкин аст - «N». Ҳангоми навиштаҷотҳои доруҳои ба меъёрҳо ҷудокарданашуда, воситаҳои доругӣ бо миқдори умумӣ барои ҳамаи қабулҳо нишон дода мешаванд. Бемор бояд худаш онро барои қабулкунии алоҳида ҷудо намояд, дар ин бора дар сигнатура нишондодҳои мувофиқро овардан лозим аст.
Аз рӯи ғизлат (консистентсия) шаклҳои доругии сахт, моеъ ва нарм фарқ карда мешаванд.
Шакли сахти доругӣ
  Ба шаклҳои сахти доругӣ хокаҳо, ҳабҳо, драже,
ғилофакҳо, (ва пилюлаҳо) дохил мешаванд. 
Хокаҳо   (Pulvis –eriseres)
   Хокаҳо - моддаҳои хушки майдакардашуда мебошанд. Хокаҳо барои қабулҳои алоҳида ҷудокардашуда ва ҷудокарданашуда (меъёраш номуайян) мешаванд. Хокаҳои ҷудокарданашуда барои истеъмоли дарунӣ дар ҳолатҳое таъин карда мешаванд, ки дору меъёри дақиқро талаб намекунад. Онро ба беморон дар қуттиҳо, халтачаҳо, шишаҳо медиҳанд. 
Хокаҳо барои истеъмоли дарунӣ ва истифодаи берунӣ таъин карда мешаванд. Онҳо метавонанд содда ва мураккаб бошанд.
Қоидаҳои навиштани шаклҳои доругӣ
Намунаи навиштани хокаҳои соддаи тақсимнашуда
Rp.: Natrii hydrocarbonatis 50,0
  Da Signa: ½ қош. чойӣ дар 1 стакон об ҳал карда     
       даҳонро ғар-ғара кунед
Маҳлулҳо (Solutio onis -ones)
Маҳлулҳо барои истеъмоли дарунӣ ва барои истифодаи берунӣ фарқ карда мешаванд. Маҳлулҳоро бо роҳи ҳал кардани моддаи сахт ё моеъ дар маҳлулкунанда тайёр мекунанд. Маҳлулҳо бояд шаффоф бошанд, ягон таҳшин надошта бошанд.
Барои ба вояҳо тақсимкунии маҳлулҳо бузургиҳои зерини шартӣ истифода бурда мешаванд: 
1 қошуқи ошӣ – 15 мл.
1 қошуқи десертӣ – 10 мл.
1 қошуқи чойӣ – 5 мл. 
Миқдори доруҳо бо роҳи зарб задани вояи якдафъаина ба миқдори истеъмол, маъмулан ба 12 ҳисоб карда мешавад, зеро одатан маҳлулҳо барои истеъмоли дарунӣ барои 4 рӯз таъин карда мешаванд (3 бор қабул дар як рӯз х 4 рӯз = 12 қабул). Миқдори умумии маҳлул барои истеъмоли дарунӣ 180 мл аст, агар вояи маҳлул бо қошуқи ошхӯрӣ ҳисоб карда шавад (15 мл х 12 қабул = 180 мл), ё 60 мл ҳангоми ба вояҳо тақсимкунӣ бо қошуқи чойхӯрӣ (5 мл х 12 қабул = 60 мл) мебошад.
Маҳлулҳо бо чор усул навишта мешаванд.
Намунаи навиштани дорухати маҳлулҳо.
Навиштани дорухати маҳлули бромиди натрий, ки вояи якдафъаинаи он 0,3 аст. Бо қошуқи ошхӯрӣ барои истеъмоли дарунӣ таъин карда шавад. 
Усули I. Навиштаҷоти муфассал
Rр.:   Natrii bromidi 3,6
         Aquae destillatae ad 180 ml
         Misce Da Signa: 1 қошуқи ошӣ
      3 бор дар як шабонарӯз барои истеъмоли дарунӣ 
Навиштаҷотҳои ихтисоршуда.                 
Усули II. Бо нишондоди миқдори умумӣ: 
Rp.:   Solutionis Natrii bromidi 3,6 – 180 ml
         Da Signa: 1 қошуқи ошӣ
      3 бор дар як шабонарӯз барои истеъмоли дарунӣ 
Усули III. Бо нишондоди фоиз(%):
Дар навиштаҷоти ихтисоркардашуда тамаркузи доруҳо бо фоиз нишон дода мешавад.
3,6 гр – 180 мл
х гр – 100 мл
Rp.: Solutionis Natrii bromidi 2 % - 180 ml.
  Da Signa: 1 қошуқи ошӣ
      3 бор дар як шабонарӯз барои истеъмоли дарунӣ 
Усули IV. Бо нишондоди таносуб
Тамаркузи моддаҳои доругӣ дар шакли муносибати он ва ҳаҷми миқдори маҳлул нишон дода мешавад. Дар мисоли мазкур 3,6 гр дар 180 мл ё 1:50.
Rp.: Solutionis Natrii bromidi 1:50 - 180 ml.
Da Signa: 1 қошуқи ошӣ
3 бор дар як шабонарӯз барои истеъмоли дарунӣ
Ин усулро барои он маҳлулҳое, ки бо миқдори кам дар ҳаҷми зиёди ҳалкунанда ҳал карда шудаанд, истифода мебаранд.
Мисол:
Rp.: Solutionis Furacilini 1:5000 - 500 ml.
Da Signa: барои шустани захм

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив