Асосан се намуди таъсири асосии фармакологии барбитуратҳоро фарқ мекунанд: 1) таъсири хобовар; 2) таъсири оромбахш ва 3) таъсири зидди ларзиш. Барбитуратҳо ба фарматсияи ретикулярии болоравандаи фаъолкунандаи танаи майна таъсири афсурдакунӣ доранд. Пас аз 30-40 дақиқаи истифодаи доруи фенобарбитал таъсири хобоварии он ба амал омада, то 8-10 соат давом мекунад. Дар меъёри хурд, яъне 1/3-1/5 ҳиссаи меъёри хобоварии он таъсири оромбахш ба амал меорад. Таъсири зидди ларзиш, яъне таъсири зидди эпилептиро доро ҳастанд. Дору барои пешгирии намуди калони эпилепсия (саръ) (Grand mal) натиҷабахш аст. Ҳангоми истифодаи тулонӣ ба барбитуратҳо одаткунӣ пайдо мешавад. Ин доруҳо индуксияи ферментҳои микросомалии ҷигарро метезонанд, яъне фаъолнокии ферментҳои микросомалии ҷигар дар безараркунии маводи доругӣ баланд мешавад. Мумкин аст ин яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани одаткунӣ ба доруҳо бошад. Бисёртар ин хусусият ба фенобарбитал хос аст. Ба ғайр аз ин доруҳо ғуншавиро ба амал меоранд. Ҳосилаи барбитуратҳо сохти хобро дигаргун месозанд, хусусан марҳалаи «хоби тез»-ро. Ҳангоми якбора манъ намудани доруҳо феномени «баръакс» ба амал меояд, ки назаррасии он аз вақти истифодаи дору вобаста аст. Дар ин вақт давомнокии «хоби тез» аз меъёр зиёд шуда, дар хоб тарсу ваҳм ба вуҷуд омада, тез-тез бедоршавӣ дида мешавад.
Аломатҳои заҳролудшавии шадид бо доруҳои хобовар: ҳолати кома, мавҷуд набудани ҳуш, афсурдашавии фаъолияти рефлекторӣ, паст шудани фишори хун, афсурдашавии маркази нафас, вайроншавии функсияи гурдаҳо.
Муолиҷаи заҳролудшавӣ: шустани меъда, ворид намудани доруҳои адсорбентӣ, доруҳои исҳоловар; истифодаи диурези форсиронидашуда – ворид намудани моеи зиёд якҷоя бо доруҳои пешоброн; гемосорбсия, гемодиализ, дар ҳолати вазнин нафаси сунъӣ; дар ҳолати сабук - аналептикҳо – бемегрид, коразол, кофеин ва ғайра истифода мешаванд.
Ҳангоми истифодаи тӯлонии барбитуратҳо заҳролудшавии музмин ба амал меояд, чунки онҳо хосияти ғуншавиро доранд. Ин ҳолат бо аломатҳои хоболудӣ, беҳолӣ, дарди сар, сарчархзанӣ ҷараён мегирад. Вобастагии доругӣ ҳам метавонад ба вуҷуд ояд. Барои бартараф намудани аломати абстиненсия ҳангоми муолиҷаи заҳролудшавии музмин меъёри доруҳоро оҳиста-оҳиста кам карда, пас аз он манъ мекунанд.
Ба гурӯҳи пайвастаҳои алифатӣ доруи хлоралгидрат (дар шакли хока) дохил мешавад. Таъсири тез ва пурқуввати хобовар дорад, асосан онро ҳамчун доруи ёрии таъҷилӣ дар шакли ҳуқна ҳангоми статуси эпилептӣ, кузоз, спазмофилия, заҳролудшавӣ бо доруҳои ларзишовар тавсия мекунанд. Аз сабабион ки ба луобпардаи рӯда таъсири озурдакунанда мерасонад, онро якҷоя бо луоб таъин мекунанд. Фарқияташ аз барбитуратҳо дар он аст, ки сохти хобро дигаргун намесозад. Дору одаткунӣ ва вобастагиро ба амал оварда, ба узвҳои паренхиматозӣ ба монанди ҷигар, гурдаҳо, дил таъсири заҳрнок мерасонад. Доруи бромизовал дар шакли хока ва таблетка аст. Хосияти каму беши хобоварӣ дорад, чун доруи оромбахш истифода мебаранд.
ДОРУҲО
Номи дору | Меъёри миёнаи терапевтӣ, роҳи воридкунӣ | Шакли истеҳсоли дору |
Мезапам - Mezapamum | Ба дарун 0,005-0,01 г | Таблеткаҳо 0,01 г |
Нозепам - Nozepamum | Ба дарун 0,01-0,03 г | Таблеткаҳо 0,01 г |
Лоразепам - Lorazepam | Ба дарун 0,00125-0,005 г | Таблеткаҳо 0,0025 г |
Феназепам - Phenаzepamum | Ба дарун 0,00025-0,0005 г | Таблеткаҳо 0,0005 , |
Комментарии (0)