Гликозидҳои дил


Гликозидҳои дил - ин маводҳои растанигӣ буда, таъсири хоси кардиотонӣ доранд. Гликозидҳои дилро барои муолиҷаи норасогии дил истифода мебаранд. Доруҳо фаъолияти дилро зиёд мекунанд. Бори аввал дар амалияи тиб доруҳои гликозидҳо – растании панҷаналиро В.Уитеринг соли 1975 ҷорӣ намудааст.
Гликозидҳо пайвастаҳое мебошанд, ки нитроген надоранд, сохташон мураккаб буда, ба организми мо наздик ҳастанд, ҳалқаи сиклопергидрофенантрен доранд.
Асосан гликозидҳои дилро аз растаниҳои зерин ҳосил мекунанд: 
1) Растании панҷаналӣ - Digitalis purpurea ва lanata. Доруҳо: дигитоксин, дигоксин, селанид, гитоксин, лантозид.
2) Строфант Комбе - Strophantin Kombе. Доруи он строфантин К
3) Адрасмони баҳорӣ - Adonis vernalis. Доруи он қиёми алафи адрасмон, адонизид.
4) Гули барфак - Cоnvallaria. Доруи он коргликон, конвалятоксин.
 
Глиозидҳои дил аз 2 қисм иборатанд:
1) гликон (генин) - қисми қанддор (глюкоза, рамноза, фруктоза, 
 дигитоксоза)
2) агликон - қисми беқанд 
Асоси агликон сохти стероидӣ дорад (сиклопергидрофенантрен), ки дар бисёри гликозидҳо бо ҳалқаи лактонии носер пайваст аст. Агликон таъсири хоси кардиотонӣ дорад. Қисми гликон аз қандҳои гуногун иборат аст: D-глюкоза, L- рамноза, D-симороза ва ғайра. Миқдори қанд дар молекула аз 1 то 4 аст. Баъзан ба қисми қанддор боқимондаи кислотаи сирко пайваст аст. Хосияти кардиотонии доруҳои гликозидҳо аз қисми агликон вобаста буда, ҳалшавии гликозидҳо ва часпиши онҳо ба бофтаҳо, пайвастшавии онҳо бо сафедаҳои хуноба, ҷаббиш, паҳншавӣ ва ихроҷи гликозидҳо аз организм аз қисми гликон вобаста аст. 
Агар қанди таркиби гликозид оддӣ бошад, дору зуд таъсир расонида, зуд аз организм ихроҷ мешавад ва баракс, агар қанди гликозид мураккаб бошад, гликозидҳо суст ҳал шуда, суст ихроҷ мешаванд. Гликозидҳои дил дар организм тез ба гидролиз дучор мешаванд.
 
Хосияти асосии гликозидҳои дил ин таъсири хос ба дил аст. Нақши асосии таъсири фармакотерапевтии доруҳо пурқувват кардани фаъолияти систола мебошад (таъсири кардиотонӣ), ки бевосита доруҳо ба миокард таъсир мекунанд. 
Ҳангоми норсагоии дил гликозидҳо ҳаҷми зарбӣ ва дақиқавии дилро зиёд мекунанд, кори дил бе талабот ба оксиген зиёд мешавад. 
Механизми таъсири гликозидҳои дил чунин аст:
1.Механизми таъсири кардиотонии гликозидҳо (таъсири мусбати инотропӣ (inos - торҳо)) аз он вобаста аст, ки Na+, К+ -АТФ-азаи мембранаи кардиомиоситҳоро вайрон мекунанд. Дар натиҷа миқдори К+ дохили кардиомиоситҳо кам ва миқдори ионҳои Na+ зиёд мешавад. Ин ба баландшавии мубодилаи Са+ беруни ҳуҷайра оварда мерасонад. Яъне дар ретикулуми саркоплазматикӣ ионҳои Са+ ҷамъ шуда, миқдори он дар саркоплазма меафзояд. Аз каналҳои калсий ба кардиомиоситҳо ионҳои Ca+ зиёд ворид мешаванд. Ионҳои Са+ комплекси тропонинро бартараф намуда, ҳамтаъсирии актин бо миозин ба вуҷуд омада (актомиозин), кашишхӯрии миокард ҳангоми систола тез ва пурқувват мешавад.
2. Кори дил дар асоси кам шудани ритми дил ба амал омада (таъсири манфии хронотропӣ (chronos -вақт)), диастола тулонӣ мешавад. Ин реҷаи сарфаи кори дилро кам мекунад: баъди систолаи пурқувват, ҳангоми диастола дил дам гирифта, қувваи худро барқарор менамояд. Дар натиҷаи ин хун дар ҳуҷраҳои дил ҷамъ шуда, дил бе сарфаи қувва кор мекунад. Ангезиши асабҳои ҳиссиётноки дил ба воситаи асаби гумроҳ брадикардияро ба вуҷуд меорад. 
ДОРУҲО
 Номгӯи дорухоМеъёри миёнаи терепевтӣ Шакли истеҳсол
Дигитоксин - DigitoxinumБа дарун 0,0001 г; ба рӯдаи рост 0,00015 гТаблеткаҳо 0,0001 г; суппози­торияҳо ба рӯдаи рост 0,00015 г
Д и г о к с и н - DigoxinumБа дарун ва дохили варид 0,00025 гТаблеткаҳо 0,00025 г; ампулаҳо 1 
мл маҳлули 0,025% 
Селанид - CelanidumБа дарун 0,00025 г; дохили варид
 0,0002 г
Таблеткаҳо 0,00025 г; шишаҳо 10 мл маҳлули 0,05%; ампулаҳо 1 мл маҳлули 0,02% 
 
Строфантин – StrofantinumДохили варид 0,00025 гАмпулаҳо 1 мл маҳлули 0,05%
Коргликон – CorglyconumДохили варид 0,0003 гАмпулаҳо 1 мл маҳлули 0,06% 
 
Шарбати алафи адрасмони баҳорӣ Infusum herbae Adonidis vernalisБа дарун 15 мл қиём 1:50 ва 1:20Қиём 1:50— 1:20
 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив