доруҳои оҳан: оҳани турши лактат, оҳани турши сулфат, феррум- лек, ферковен, коамид, эпоэтин;
II. Анемияи гиперхромӣ (мегалобластӣ):
витамини В12 - сианокобаламин ва витамини Вс- кислотаи фолиевӣ;
III. Анемияи нормохромӣ (макроситарӣ):
витамини Вс – кислотаи фолиевӣ;
IV. Анемияи апластикӣ:
аминокислотаҳо (метионин, триптофан);
V. Анемияи гемолитӣ - хунгузаронӣ, хунивазкунӣ.
Миқдори эритроситҳо ва дараҷаи сершавии онҳо бо гемоглобин бо нишондоди ранга ифода мешавад. Агар нишондоди ранга аз 0,8 кам бошад – камхунии оҳаннорасо, яъне камхунии гипохромӣ ба амал меояд. Нишондоди ранга аз 1,0 зиёд бошад, камхунии гиперхромӣ (мегалобластӣ) ва нишондоди ранга баробари 1,0 бошад, он гоҳ камхунии нормохромӣ (макротситарӣ) ба амал меояд.
Анемияи гипохромӣ (оҳаннорасо). Оҳан барои ҳосилшавии ферментҳои миоглобин, ситохром, каталаза лозим аст. Онҳо дар кашонидани оксиген иштирок мекунанд. Оҳан дар ҷигар, испурч ва мағзи сурхи устухон захира мешавад.
Ба организм оҳани 2 ва 3-валента ворид мешавад. Барои ҷаббида шудан он бояд дар шакли ионизатсияшуда ва 2-валента табдил ёбад. Барои ба шакли молекулярӣ ва ионизатсия гузаштан миқдори мӯътадили Нсl ва кислотаи аскорбин (витамини С) лозим аст. Кислотаи аскорбин оҳани 3-валентаро ба 2-валента табдил медиҳад. Ҷаббиш дар рӯдаи борик (рӯдаи 12 ангушта) аз ҳисоби транспорти фаъол бо роҳи диффузия мегузарад. Дар луобпардаи рӯда сафедаи аппоферитин қисми оҳани ҷаббидашударо пайваста, бо он комплекси ферритин ҳосил мекунад. Дар хуноба бо β-глобулин пайваст шуда, трансферринро ҳосил мекунад, ки он ба бофтаҳои гуногун рафта, пас аз он озод мешавад.
Ҷаббиши оҳан
Fe 0 Fe2+ Fe3+
(ғизо ё дору) ҷаббиш
↓
Fe2+
(Узви ҳозима)
↓
Fe2 - ферритин паҳншавӣ
↓
Fe2 - трансферрин
Плазмаи хун
↓
Мағзи сурхи устухон захирагоҳ ферментҳо,
↓ ↓ ↓
ҷигар, испурч миоглобин
Гемоглобин мағзи сурхи устухон
Эритротситҳо
Экскретсия
(рӯдаҳо, гурдаҳо, ғадуди арақ)
Дар мағзи сурхи устухон барои ҳосилшавии гемоглобин оҳан лозим аст. Дар бофтаҳо оҳан дар намуди пайвастшуда (ферритин, гемосидерин) вуҷуд дорад. Дараҷаи ҷаббиши оҳан аз дараҷаи сершавӣ аз сафеда вобаста аст. Барои беҳтар ҷаббидашавии оҳан боз микроэлементҳои кобалт, мис, манган ва ғайра заруранд.
Сабабҳои камхунии гипохромӣ: вайроншавии ҷаббиши оҳан (кам ё тамоман мавҷуд набудани кислотаи хлорид, кислотаи аскорбин); ҳолатҳои диспепсия, бемориҳои ҷигар, баландшавии гемолиз дар испурч ё ҷигар, илтиҳоби луобпардаи узви ҳозима (бемориҳои гастрит, реши меъда ва рӯда), норасогии ғизоҳои сафедадошта, минералҳо, хуншорӣ буда, дар ҳомиладорон ва кӯдакон талабот ба оҳан зиёд мешавад.
Барои муолиҷаи ин намуди камхунӣ доруҳои оҳандорро якҷоя бо витамини С ва кислотаи хлорид истифода бурдан лозим аст.
Доруҳои таркибаш оҳандошта: сулфати турши оҳан, лактати турши оҳан (доруҳои комбинативӣ - ферро-градумет, феррамид, фероплект) ва ғайраҳо мебошанд. Ин доруҳоро ба дарун истифода мебаранд. Доруҳо барои ба амал наовардани таъсироти нохуш дар шакли ғилофак ё таблеткаҳои болояш қабати муҳофизатдошта истеҳсол мешаванд. Таъсири номатлуби доруҳои оҳандошта, ки ба дарун истифода мешаванд: вайрон шудани эмали дандонҳо, сиёҳ шудани милки дандонҳо (аз сабаби он ки дар ковокии даҳон оҳан бо сулфид пайваст мешавад), қабзият (дар рӯда ҳам бо сулфид пайваст мешавад), дарди сар.
Агар ҷаббиши оҳан аз узви ҳозима вайрон шуда бошад, он гоҳ доруҳоро бо роҳи парэнтералӣ истифода мебаранд. Доруҳо барои бо роҳи парентералӣ ворид намудан: доруи феррум-лек (комплекс бо малтоза барои дохили мушак ва оҳани сахарат барои дохили варидӣ ворид намудан аст) ва доруи ферковен (аз оҳани сахарат, кобалти глюконат ва маҳлули карбогидрат иборат аст). Ҳангоми истифодаи меъёри зиёди ферковен сурхии (гармии) пӯсти рӯй, гардан, дард дар ноҳияи тахтапушт ва дар ноҳияи қафаси сина пайдо мешавад. Дар ин ҳолат ворид намудани доруҳои бедардкунанда, атропин сулфат ҳатмӣ аст, ки ин ҳиссиёти нохушро бартараф менамояд. Доруи коамид аз рӯи сохти химиявӣ пайвастаи комплексии кобалт бо амиди кислотаи никотин мебошад. Кобалт барои танзими эритропоэз зарур буда, барои азхудкунии оҳан ва барои ҳосилшавии гемоглобин мусоидат менамояд. Онро ба зери пӯст ворид мекунанд. Солҳои охир миқдори доруҳо барои табобати камхунӣ бисёр шудаанд. Масалан, эритропоэтини рекомбинатии одам, ки омили инкишоф буда, эритропоэзро танзим медиҳад. Аз рӯи сохти кимиёвӣ ин гликопротеин аст. Дар организм эритропоэтин асосан дар ҳуҷайраҳои гурда (90%) ва ҷигар (10%) ҳосил шуда, пролифератсияи ҳуҷайраҳои сурхи хунро танзим медихад. Доруҳои он бо номи эпоэтин алфа (эпоген, эпрекс) ва эпоэтин бета (рекормон) истеҳсол мешаванд. Онҳоро ҳангоми камхунӣ, вобаста бо норасогии музмини гурдаҳо, артрити ревматоидӣ, омосҳо, СПИД, камхунӣ дар кӯдакони норасид ва ғайра истифода мебаранд. Таъсири доруҳо баъди 1-2 ҳафта ба амал омада, хунофарӣ баъди 8-12 ҳафта мӯътадил мегардад. Агар оҳан кам бошад, эпоэтинро ҳатман бо доруҳои оҳандор якҷоя истифода мебаранд. Доруҳоро ба дохили варид ё зери пӯст ворид мекунанд (дар узви ҳозима тез вайрон мешаванд).
Оҳани изофӣ дар организм коагулятсияи сафедаҳо ва гемосидерозро ба вуҷуд меорад. Ҳангоми аз ҳад зиёд истифода бурдани меъёри баланди доруҳои оҳандор антагонисти он доруи десфералро (дифероксамин) истифода бурдан лозим аст. Он бо оҳан пайвастагии ҷаббиданашаванда ҳосил мекунад.
Ҳангоми анемияи мегалобластӣ (гиперхромӣ) равандҳои эритропоэз вайрон шуда, миқдори эритоситҳо кам ва гемоглобин бошад зиёд мешавад. Сабабҳои он:
1) вайроншавии омили дарунии Касл – сафедаи гастромукопротеин, ки дар луобпардаи меъда ҳосил мешавад. Он ҷаббиши сианокобаламинро дар рӯдаи борик таъмин менамояд. Агар сафеда набошад ҷаббиш вайрон мешавад. Ин сабаби асосии анемияи мегалобластӣ мебошад.
2) омили берунии Касл – витамини В12, ки бо хӯрок ба организм ворид мешавад. Ҳангоми норасогии сианокобаламин эритропоэз дар намуди мегалобластӣ ҷараён мегирад: эритробласт – мегалобласти гиперхромӣ – мегалобласт. Барои муолиҷаи ин намуди камхунӣ истифодаи витамини В12 - сианокобаламин лозим аст. Он дар протсесси оксиду-барқароршавӣ, синтези сафедаҳо, кислотаи нуклеинӣ, таҷдиди бофтаҳо иштирок мекунад. Боз ба мубодилаи карбогидратҳо, чарбҳо таъсир мерасонад. Витамини В12 ба синтези миелин, атсетилхолин ҳам таъсир карда, функсияи безараркунии ҷигарро баланд мекунад. Витамини Вс протсесси хунофариро мӯътадил карда, ба ҳосилшавии асосҳои пуринӣ ва пиримидинӣ мусоидат менамояд. Кислотаи фолиевиро танҳо истифода бурдан мумкин нест, чунки он на танҳо дигаргуниҳои патологиро аз тарафи системаи асабҳо баратараф наменамояд, ҳатто онро танзим медиҳад. Бинобар ин кислотаи фолиевиро бо сианокобаламин( витамини В12) якҷоя таъин намудан лозим аст.
Анемияи макроситарӣ (нормохромӣ). Сабаҳои ин намуди камхунӣ ин норасогии витамини Вс, яъне кислотаи фолиевӣ, кам будани глюкозафосфатдегидрогеназа, баланд будани талабот ба ин витамин (ҳангоми бемориҳои уфунатӣ, гастрит, энтерит ва ғайра) мебошанд, ки вайроншавии ҷаббиши он ба амал меояд.
Кислотаи фолиевӣ дар организм ба кислотаи фолиниевӣ табдил меёбад, ки фаъолияти физиологиро ба амал меорад. Ҳангоми норасогии кислотаи фолиевӣ макроситҳо ба вуҷуд меоянд: эритробласт - макронормобласти гиперхромӣ - макросит. Барои ин намуди камхунӣ, камхунии макроситарии алиментарӣ ва доругӣ, камхунии ҳомиладорон, бемории Спру (бемории музмин аст, ки исҳол, глоссит, беҳолшавӣ ва суст шудани функсияи ғадудҳои эндокринӣ ба амал меояд) витамини Вс-ро истифода мебаранд.
Ҳангоми кам шудани миқдори лейкоситҳо дар хун лейкопения ва ё агранулоситоз дида мешавад. Лейкоситҳо дар шароити мӯътадил барои системаи иммунӣ (фагоситоз) ҷавобгар ҳастанд. Сабаби лейкопенияҳо ин заҳролудшавӣ бо моддаҳои кимиёвӣ, осеби нурӣ, истифодаи тӯлонии доруҳои кимиёвӣ ба монанди антибиотикҳои спектри таъсирашон васеъ – тетрасиклинҳо, левомитсетин, доруҳои гормоналӣ, доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристериодӣ ва ғайраҳо мебошанд. Барои муолиҷа доруҳои нуклеинати натрий (лейкоситҳоро дар мағзи сурхи устухон танзим медиҳад), пентоксил ва метилуратсил (лейкопоэзро танзим медиҳанд), баъзан лейкоген, батилол ва ғайраҳо истифода мешаванд.
ДОРУҲО
Hомгӯи доруҳо | Меъёри миёнаи терапевтӣ | Шакли истеҳсол |
Доруҳое, ки эритропоэзро танзим медиҳанд | ||
Оҳани турши сулфат-Ferrosi sulfas | Ба дарун 1 г | Хока |
Ферковен –Fercovenum | Дохили мушак 2—5 мл | Ампулаҳо 5 мл |
Коамид - Coamidum | Ба дарун 0,1 г; зери пӯст 0,01 г | Хока ; ампулаҳо 1 мл 1%. |
Эпоэтин алфа-Epoetin alfa | Дохили варид ва зери пӯст 30—100 ЕД ба1 кг вазни бадан 3 маротиба дар 1 ҳафта | 1000; 2000; 3000; 4000 ва 10 000 ЕД; флакон 1 мл (2000; 4000 ва 10000 ЕД) |
Сианокобаламин – Cyanocobalaminum | Зери пӯст, дохили мушак ва дохили варид 0,0001-0,0005 г | Ампулаҳо 1 мл 0,003%, 0,01%, 0,02% ва 0,05% |
Доруҳое, ки лейкопоэзро танзим медиҳанд | ||
Натрийи нуклеинат –Natrii nucleinas | Ба дарун 0,25—1 г: дохили мушак 0,1—0,5 г; маҳлули 2% ва 5% ) | Хока |
Пентоксил — Pentoxylum | Ба дарун 0,2—0,3 г | Хока; таблеткаҳо, 0,2 г |
Филграстим — Filgrastim | Дохили варид ва зери пӯст 5 мкг ба 1 кг массаи вазн | Флаконҳо 0,3 ва 0,48 мг |
Молграмостим –Molgramostim | Зери пӯст ва дохили варид (чакрагӣ) 10 мкг/кг | Хока дар флаконҳо 50; 150; 300; 400; 500 ва 700 мкг |
Комментарии (0)