Тоҷикистон – кишвари озоди ман


Оре, кишвари офтобии мо Тоҷикистон он қадар зебову дилрабо гаштааст, ки дар тасвираш забон оҷиз мемонад. Ин кишвари биҳиштосо бо обҳои мусаффо, табиати дилфиреб, конҳои тиллою нуқра, лаълу намак ва бо замини зархезаш ба қавле шӯҳраи офоқ гардидааст. 27 июни соли 1997 барои кулли мардуми Тоҷикистон рӯзи муқаддас аст, чунки тоҷикон дар ин рӯз ваҳдати миллӣ ба даст овардаанд.
Мутаассифона, иддае аз мансабталошон мардумро ба ҷанги шаҳрвандӣ бархезониданд. То дер садои тир ба гӯш мерасид. Ин мушкилиро аз сари мо мардуми хирадманди диёр бо роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бартараф сохт. Гӯё бо амри худо ин марди бузург тухми меҳру муҳаббатро дар замири ҳар яки мо пошта, мардумро ба ваҳдат овард.
Тоҷикистони азизи ман имрӯз соҳибистиқлол аст. Оромиву осоиштагӣ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини ватандӯсту ватанпараст вобаста аст.
Тоҷикистон! Эй кишвари орзуву армонам. Эй сарзамини дилситонам. Бе туву ёди ту нахоҳам зист, чунки туро дӯст дорам ва дӯст дорам то абад. Ҳар гоҳе ба тамошои кӯҳу саҳро, боғу бӯстон ва кӯчаю хиёбонҳоят мебароям, дилам аз фараҳу шодӣ лабрез мегардад ва ҳамду сано ба парвардигори олам мегӯям, ки Тоҷикистони маро чунин зебою дилоро офарид, дар саросари он сулҳу амонӣ ҳукмрон аст.
Тоҷикистон кишвари биҳиштосои ман рӯ ба тараққӣ аст. Имрӯз ман шукри ободию истиқлол, шукри ин кишвари зебоманзар мекунам, ки мардумаш бо меҳнати диловарона ҷоеро обод мекунаду мардумонро шод.
Ман аз он ифтихор дорам, ки тоҷик ҳастам ва Тоҷикистон ватани ман аст. Ояндаи Тоҷикистон дар дасти мост, бояд мо кӯшиш ба харҷ диҳем, ки Тоҷикистонро боз ҳам зебо гардонем. Мо бояд чун фарзандони як Ватану як миллат даст ба даст бори Ватанро бар дӯши худ гирем ва ба сӯйи оянда қадам ниҳем.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив