Башарият дар таърихи дуру дарози худ бисёр ҷангҳоро аз сар гузаронидааст. Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст, ҷанг ин мусибат аст ба ҷуз харобиҳои маънавӣ, моддӣ ва иқтисодӣ ягон фоидае намеорад. Алалхусус ду ҷанги ҷаҳоние, ки дар қарни гузашта тамоми давлатҳои Европаро фаро гирифта буд, гувоҳи он аст. Бояд қайд кард, ки дар ин ҷангҳои ҷаҳонӣ яроқҳое истифода мешуданд, ки танҳо миқдори муайяни одамонро нест мекарданд, воситаҳои таркандае истифода мешуд, ки танҳо иншоотҳои муайянеро вайрон мекарданд, ё ин ки сӯхторҳои ҳудудии на он қадар даҳшатнок ба амал меомаданд.
Дар замони ҳозира бошад, яроқҳои гуногуни маҳви умум истеҳсол шудааст, ки хатари бениҳоят азиме доранд:
Ба ин воситаҳои қатли умум дохил мешаванд:
1. БОМБАҲОИ АТОМИИ ЯДРОӣ ВА НЕЙТРОНӣ
2. ЯРОҚИ КИМИЁВӣ.
3. ЯРОҚИ БАКТЕРИОЛОГӣ.
ЯРОҚИ ЯДРОӣ – ин чунин яроқест, ки аз рӯи хусусиятҳои зараровариаш аз ҳама пуриқтидор аст ва таркиши он дар натиҷаи пайдо шудани реаксияи занҷири дохилии элементҳои вазнин ба вуҷуд меояд. Вобаста ба хусусиятҳои таркишиашон яроқи ядроиро дар баландии ҳаво, рӯи замин, зери замин ва зери об метарконанд.
1. Таркиши атомие, ки дар баландии зиёда аз 30000 м ба амал меояд, ТАРКИШИ БАЛАНДӣ меноманд. Ин гуна бомбаи атоми барои несту нобуд сохтани ракетаҳои балластикӣ, байниконтинентӣ, тайёраҳои баландсуръати ҳарбӣ истифода мешаванд.
2. ТАРКИШИ ЯДРОИИ ҲАВОӣ - ин чунин таркишест, ки манбаи рӯшноии он сатҳи заминро фаро намегирад. Чунин намуди таркиш барои несту набуд сохтани ракетаҳои баллистикӣ, байниконтинентӣ, тайёраҳои баландсуръати ҳарбӣ истифода мешавад.
3. ТАРКИШИ РӯИ ЗАМИНӣ – чунин таркишест, ки дар амали рӯй додани он нурҳои равшании он заминро фаро гирифта, баъди баланд шудани манбаи рӯшноидиҳанда ториктар шуда, ба абри сунъӣ мубаддал гашта, бо худ гарду ғуборе ба амал оварда, дар фазо шакли замбӯруғро мегирад.
Ин абри сунъӣ манбаи заҳролудшавиро ба миён меорад. Чи қадаре, ки қувваи таркиш зиёд бошад, ҳамон қадар ин абри сунъӣ калон шуда, як чоҳи сунъӣ аз сабаби ин таркиш ба амал меояд, ки ба садҳо метр мерасад. Таркиш барои несту нобуд сохтани ҳайати шахсии душман, техникаи он, лавозимотҳои ҷангӣ, маҳали зисти одамон, иншоотҳои маданию маишӣ; хулласи гап барои нобуд сохтани инфраструктураи маҳал равона шудааст. Бояд қайд кард, ки маҳз чунин намуди таркиш аз ҳама даҳшатовар ба ҳисоб меравад.
4. ТАРКИШИ ЗЕРИ ЗАМИНӣ – таркишест, ки дар зери замин ба амал меояд. Дар вақти таркиши зеризаминӣ хоктӯдаи бисёре ба баландии чандин километр партофта шуда, дар ҷои таркиш чуқурии калоне ба вуҷуд меояд. Дар вақти таркишҳои зеризаминӣ заминларзаҳои калоне ба амал меоянд.
5. ТАРКИШИ РӯИ ОБӣ - таркишест, ки манбаи рӯшноии он сатҳи болоии обро фаро мегирад.
6. ТАРКИШИ ЗЕРИ ОБӣ дар зери об ба амал меояд. Дар вақти рӯй додани таркиши зериобӣ мадду ҷазр, (мавҷ) яъне обхезии азиме ба вуҷуд меояд, ки ҳамаи манбаи заҳролудшавии минтақа ҳисоб мешавад ва барои зарар расонидан ба пойгоҳҳои (базаи) ҳарбӣ – баҳрӣ, истифода мешавад.
Навигация:
Maktab.tj » Маълумотхо » Намудхои яроқҳои ҳозиразамони қатли Ом. Мухофизати аҳолӣ аз онхо
-
Меҳри модар
13-01-2021 0 253 096 -
Дониш андар дил чароғи равшан аст…
26-01-2021 0 126 555 -
Китоб манбаи дониш
06-02-2021 0 121 958 -
Шараф аз меҳнат аст
24-09-2021 1 114 372 -
Дӯстӣ
07-01-2021 0 110 364
-
Моддахои захираги ва партави растанихо
18-02-2024 1 6 314 -
Органоидҳои ҳуҷайраи растанӣ
18-02-2024 0 1 821 -
Хусусиятхои хоси сохти хучайраи растани ва гуногуни он. Сохти субмикроскопии ситоплазма ва таркиби кимёви
16-02-2024 0 1 136 -
Маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷайра ва назарияи ҳуҷайра
01-02-2024 0 2 106 -
Таърихи мухтасари фанни ботаника
01-02-2024 0 1 796
-
Китоби Ботаника синфи 5
08-02-2021 5 16 749 -
Русский язык 4 синф
08-02-2021 4 7 126 -
Адабиёти тоҷик 5 (2 қисм)
08-02-2021 3 10 497 -
Чистонҳо
14-10-2021 2 47 920 -
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд
14-08-2021 2 6 444
Календарь
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Опросы
Что не хватает сайту?
Последние комментарии
Панду ахлоқ дар ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Ҳусноро, 06 ноябрь 2024 20:28
[spoiler][/spoiler]Чун теғ ба даст дори мардуми натавон кушт Наздики худованд бади нест фаромӯш Ин теғ на аз баҳри ситам Комрон
Комментарии (0)