Таърихи инкишофёбии илми микробиологияи тоҷик
Таърихи илми микробиология тоҷик ба таъсисёбии кафедраи микробиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино алоқаманд мебошад. Кафедраи микробиология дар моҳи январи соли 1941 зери роҳбарии бевоситаи Мария Николаевна Перехожева таъсис шудааст.
Баъдан, моҳи июни соли 1941 роҳбарии кафедраро досент Житомирский В.К. ба ӯҳда гирифт, ки дар соҳаи гузаронидан ва ташкили дарсҳои амалӣ аз фанни микробиология таҷрибаи хубе дошт. ӯ муддати тӯлонӣ (солҳои 1941 - 1944 ва 1948-1953) дар кафедра кор ва фаъолияти педагогӣ намуда дар инкишоф ва тарбияи мутахассисони соҳаи микробиологияи тибби тоҷик саҳми ниҳоят калонро гузоштааст. Дар ин марҳала, дар кафедра М. Н. Перехожева, Г.И.Бушуева ва Л.А.Черная ҳамчун ассистентон фаъолият доштанд.
Баъд аз ҳимояи рисолаи номзадии илми тибб вазифаи мудири кафедра боз ду маротиба ба ӯхдаи Перехожева М.Н. (солҳои 1944-1948 ва 1953-1959) гузошта шуд. Дар ин давра, ба кор ба ҳайси ассистентони кафедра Г.А.Капельгородская ва А.М.Пилосов даъват шуданд.
Дар солҳои ҷудогона духтурон-бактериологҳои пуртаҷриба: О.И.Андреева, Л.В.Зарубина, А.Е.Кенина, Р.М.Чернявская, А.Д.Сергиенко, А.Н.Ваксман, Н.Н.Лаврова дар вазифаи ассистенти кафедра ҳамкорӣ кардаанд.
Ҷолиби кайд аст, ки ба ҳолати вазнини иқтисодию сиёсӣ нигоҳ накарда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ кормандони кафедра ба гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буданд. Ҳанӯз дар авали солҳои 40-ум, дар таҳти роҳбарии М.Н.Перехожева омӯзиши илмии бемории бруселлёз дар роҳ монда шуд. ӯ эпидемиология ва микробиологияи ин бемориро дар байни одамон ва ҳайвонот омӯхта, ҳамчун асосгузор саҳми худро дар бунёд ва тараққии илми микробиологияи тоҷик гузошта аст..
Бинобар ба мутахассисони соҳавӣ ниёзманд будани ҷумҳурӣ аз соли 1951 тайёр намудани мутахассисони илмию педагогӣ дар роҳ монда шуд. Аз ҷумла У.В.Сидиқов ба донишгоҳи тиббии рақами 1-ӯми ба номи Сеченови шаҳри Маскав барои таҳсил ва иҷрои рисолаи номзадии илми тибб роҳхат гирифт. ӯ дар муддати кӯтоҳ бо муваффақият аспирантураро хатм намуда рисолаи номзадии илми тиббро ҳимоя намуд. Ҳамчунин, ассистент Пилосов А.М. дар донишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ба номи Н.Ф. Гамалей бо муваффақият рисолаи номзади илмро ҳимоя намуд.
Гар чанде ки барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқоти шароити мусоид вуҷуд надошт, кормандони кафедра тамоми воситаҳоро истифода бурда, баъд аз ба анҷом расонидани дарсҳо дар ҳуҷраҳои таълимӣ ва ташхисгоҳҳои бактериологии шаҳр фаъолиятии илмии худро давом медоданд. Масъалан: М.Н.Перехожева дар стансияи зидди бруселёзӣ вазифаи сардухтурии онро иҷро мекард.
Аз моҳи сентябри соли 1953 баъди ба нафақа баромадани М.Н. Перехожева, ба вазифаи мудири кафедра дотсент, н.и.т. У.В.Сидиқов интихоб гардид. дар давраи роҳбарии ӯ ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос яъне муаллимон-микробиологҳо ва духтурон-бактериологҳо барои соҳаи тандурустӣ аҳамияти калон дода мешуд. Дар солҳои 1954-1970 12 нафар хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ дар назди кафедра ординатураро хатм намуданд. Баъд аз ба итмом расонидани ординатура, қисме аз онҳо - Н.В.Пушкарь, Л.В.Тлатова, З.В.Савельева, Н.С.Мамонова, М.Р.Болтаева ва Г.З.Мирхайдарова дар кафедра ва дигарон бошанд дар ташхисгоҳҳои бактериологии ҷумҳурӣ фаъолияти худро давом доданд.
Дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос мавқеъи маҳфили илмии донишҷӯёнро қайд кардан лозим аст, ки аъзоёни он П.В.Задворняк, Д.Х.Каримова, И.С.Молочаева, А.И.Ризанова ҳамчун олимони ин соҳа ба камол расиданд.
Соли 1970 ба вазифаи мудири кафедра интихоб шуд. Зери роҳбарии ӯ корҳои илмӣ оид ба пайдоиш ва паҳншавии намудҳои ба антибиотикҳо мутобиқшудаи энтеробактерияҳо дар роҳ монда шуд.
Соли 1975, баъд аз ҳимояи рисолаи доктори илми тибб, вазифаи мудирии кафедраро Орзуева М.И. ишғол намуд. Фаъолияти илмии профессор Орзуев М.И. ба омӯзиши хосиятҳои микробиологии стафилококкҳо, аз ҷумла, барангезандаҳои уфунатҳои дохилибемористонӣ равона буд. Зери роҳбарии ӯ аспиранти ғоибхон Мамонова Н.С., аспирантон Болтаева М.Р. ва Сатторов С.С. бомуваффақият рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд.
Дар он марҳала, кафедраи микробиология дар ошёнаи 3-ӯми маҷмааи 1 Беморхонаи клиники қарияи боло ҷойгир буд. Кафедра аз 4 ҳуҷраи дарсӣ, ташхисгоҳи илмӣ, ҳуҷраи мудири кафедра, досент, ҳуҷраи ассистентон, ҳуҷра барои тамизонидан ва шустушӯи зарфҳо иборат буд.
Дар солҳои 80-ум ҳайяти кафедра аз мудири он – профессор Орзуев М.И., профессори кафедра Гуторов Л.Д., дотсент Пушкарь Н.В., н.и.т. Першина Л.П., ассистентон Н.С Мамонова, Г.З. Мирхайдарова, О.И. Нуманова, Н.Е. Речкина, Л.Х. Аксененкова иборат буд. Дарсҳои амалӣ бо донишҷӯён дар 3 бахш (смена) гузаронида мешуд.
Соли 1987 бинобар ба вазифаи директори Пажуҳишгоҳи илмию- тадқиқотии эпидемиология ва гигиенаи Тоҷикистон гузаштани профессор Орзуева М.И., вазифаи мудири кафедраро профессор Гуторов Л.Д. ишғол намуд.
Гуторова Л.Д. фаъолияти кори худро соли 1959 баъд аз хатми Донишкадаи санитарию гигиении ш. Ленинград (Санкт-Петербурги ҳозира) ҳамчун номзади имлми тибб дар ҳайси ассистенти кафедра оғоз намуд. Соли 1962 ба Пажухишгоҳи илмию-тадқиқотии эпидемиология ва гигиенаи Тоҷикистон ба кор даъват ва роҳбари ташхисгоҳи экологияи уфунатҳои рӯдаю меъда таъин шуданд ва оиди ин масъала рисолаи доктори илми тиббро ҳимоя намуданд. БоМавриди қайд аст, ки зери роҳбарии бевоситаи ӯ 3 рисолаи номзад и ИМЛИ тибб ҳимоя шудааст.
Аз соли 1980 равияи асосии корҳои илмию тадқиқотии кафедра - омӯзиши барангезандагони уфунатҳои фасодию-илтиҳобӣ дар ҷумҳури ҳисоб меёфт. Дар натиҷаи тадқиқотҳои илмӣ муайян карда шуд, ки барангезандагони уфунатҳои фасодию илтиҳобие, ки дар дармонгоҳҳо, беморхонаҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ давр мезананд ва боиси уфунатҳои гуногун меешаванд аз ҳамдигар бо хусусиятҳои биологии худ ба тарзи кӯллӣ фарқ мекунанд.
Дар солҳои 1980-1990 дар кафедра, дотсентон Н.В.Пушкарь, И.П.Ишенко, ассистентон: н.и.т. Л.П.Першина, н.и.т. Мамонова Н.С. н.и.т. Болтаева М.Р. н.и.т. Сатторов С.С. ва ассистентон Аксёненкова Л.Х., Кенҷаева И.А., Қосимов М.Т., Прудиус Ю.В. фаъолияти илмию педагогӣ менамуданд.
Соли 1991 баъди вафоти профессор Гуторов Л.Д., ба вазифаи мудири кафедра боз профессор Орзуева М.И. таъин гардид. Равияи асосии корҳои илмии кафедра дар ин давра омӯзиши микроорганизмҳои анаэробӣ, асосан кӯзози кӯдакони навзод ва барангезандагони уфунатҳои илтиҳобию-фассодӣ ба ҳисоб мерафт. Бо роҳбарии профессор Орзуева М.И. бори аввал омӯзиши уфунатҳои стафилококкии занони ҳомиладор ва истифодабарии анатоксини стафилококкӣ барои пешгирии он ба роҳ монда шуд.
Аз соли 1999 то марҳалаи ҳозира вазифаи мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино - ро д.и.т., профессор Сатторов С.С. ба ӯҳда дорад. Сатторов С.С. хатмкунандаи Донишкадаи тиббии ш.Харьков буда, рисолаи номзади имлмӣ тиббро дар ш.Маскав ва рисолаи докториро дар ш. Санкт-Петербурги Федератсия Руссия ҳимоя намудааст. Корҳои илмиии ӯ ба омӯзиши хосиятҳои молекулявию генетикии микроорганизмҳои сироятовару шартӣ-сироятовар вобастагӣ доранд.
Аз авали солҳои 2000 корҳои илмию тадқиқоти кафедра ҷараёни нав гирифта, омӯзиши хусусиятҳои молекулавию-генетикии микроорганизмҳои касалиовар, ба монанди барангезандагони уфунатҳои фассодӣ (стафилококкҳо, стрептококкҳо), яраи сибирӣ, уфунатҳои роҳҳои пешоб ва таносул, ҳеликобактерҳо, кампилобакетрҳо ва ғайра дар роҳ монда шудааст..
Дар марҳалаи ҳозира, кафедраи микробиология, иммунология ва вирусоло-гия дар байни кафедраҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мавқеъи намоёнро ишғол намуда дар тарбия ва тайёр намудан мутаха-сисони соҳаи тибб саҳми калонро мебозад. Яке аз комёбиҳои намоёни кафедра дар даҳсолаи охир ин таъсиси аввалин лабораторияи Реакцияи пайдарҳами полимеразӣ (ПЦР –Полимразная цепная реакция) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад, ки дар муайян намудани уфунатҳои вирусӣ ва бактериявӣ аҳамияти калон дорад.
Дар оянда тадкикотҳои илмии кафедра ба омӯзиши хусусиятҳои молекулавию-генетикии барангезандагони бемории сил ва домана, ҳамчунин омӯзиши хусусиятҳои иммунногенетикии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.
Комментарии (0)