Давоми асри XIX консепсияи марксистии сотсиология ба вужуд омада, васе паҳн гардид. Гарчанде. ки Карл Маркс (1818-1883) худро сотсиолог намешуморид, назарияи Огюст Контро зери танқид гирифта, назарияи буржуазии сотсиологӣ будани онро ошкор намуд. Мутафаккир, файласуф, иқтисодони машҳури қарни XIX К.Маркс дар асари машҳури худ «Капитал» фаҳмиши материалистонаи таърихро асоснок намуда, моҳияти онро дар тадқиқ намудани жомеа ҳамчун организми томи ижтимоӣ меҳисобад, ки сарчашмаи инкишоф дар дохили худи жомеа ниҳон аст. Асоси назарияи фаҳмиши материалистонаи таърих, эътироф намудани омилҳои сершумори ижтиомӣ дар инкишофи жомеаро тақозо мекунад. Муносибатҳои истеҳсолӣ дар инкишофи жомеа муҳимтарин омил ба ҳисоб рафта, он асос, пойдевор, базис шуморида мешавад. Инчунин омилҳои дигар, аз қабили муборизаи сиёсии синфӣ, сохтори давлатӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, назарияҳои фалсафӣ, ақидаҳои динӣ ба он таъсир мерасонанд. Таҳлили муносибатҳои истеҳсолӣ ва таъсири он ба инкишофи жомеа ба Карл Маркс ва Фридрих Энгелс имконият дод назарияеро асоснок намоянд, ки мувофиқи он ҳар як шакли муносибатҳои истеҳсолӣ, шакли махсуси таърихии ҳаётии жамъитро асос мегузорад. Алоқамандии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологияи ҳар як форматсияи жамъиятӣ-иқтисодӣ шакли хоси сохти сотсиалиро ба вужуд меорад. Амали чунин сохти жамъиятй мувофиқи ду нав қонунҳои сотсиалӣ сурат мегирад. Аввалан, ин қонунҳои генетикӣ-ирсӣ, сониян қонунҳои ба таркиби жомеа тааллуқ дошта. К.Маркс ва Ф.Энгелс таърихи ташаккул ва инкишофи формтсиҳои жамъиятӣ-иқтисодӣ, синфҳо, гурӯҳҳои ижтимоии замони гузашта ва давраи худро таҳқиқ намуда пролетариат, буружуазиҳо ва деҳқононро таъкид намудаанд. Онҳо буржуазияро синфи ҳаромхӯр, бар хилофи манфиати оммаҳои васеъ амалкунанда, шуморида пролетариат (камбағалонро) ягона қувваи фаъол пешқадам ва сохти жамъиятро тағйирдиҳанда меҳисобанд. Бешубҳа таълимоти марксистӣ имконият ва усулҳои нави омӯзиши ҳаёти ижтимоиро асос гузошт, лекин дар таҳқиқи ҳаёти ижтимоӣ танҳо ба синфи пролетариат такя кардан, боиси танқиди ин назария аз тарафи жомеашиносони дигар гардид.
Мактаб ва равияҳои асосии сотсиологияи нимаи дуюми асри ХХ. Давоми нимаи дуюми асри ХХ дар кишварҳои Ғарб як силсила мактабу равияҳои сотсиологӣ ташаккул ёфтанд, ки ҳар яки онҳо дар шароити торафт мураккаб ва сершумор гардидани муносибатҳои ижтимоӣ, падида ва ҳодисоти жамъиятиро ба таври хосса шарҳ ва маънидод мекарданд. Чунин равияҳоро ба таври умумӣ ба ду гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст:
1. Равияҳои назариявии умуми сотсиологӣ (макросотсиологические теории);
2. Равияҳои назариявии жузъи сотсиологӣ (микросотсиологические теории);
Яке аз равияҳои назариявии умумисотсиологӣ «таркиби амалкунанда» (структурний функсионализм) ном дошта асосгузори он Парсонс (1902-1979) мебошад. ӯ асоси назарияи сотсиологии худро дар заминаи «интизоми ижтимоӣ», ки афзалияти ҳолати муросои ижтимоиро алайҳи низои ижтимоӣ, асоснок намуда, асоси онро дар баҳамалоқамандии системаҳои ижтимоӣ медонад. Лекин падидаҳои сершумори жамъиятие, ки дар ин давраи инкишофи жомеаи жаҳонӣ мушоҳида гардиданд боиси пайдо гардидани назарияҳои дигари сотсиологӣ шуданд, ки яке аз онҳо «таҳавулоти нав» (неоэволютсионизм) буда ин равия назарияи «интизоми ижтимои»-ро такмил дода онро бо ғояи инкишоф мепайвандад. Асосгузори ин равия низ худи Парсонс ва ҳамкори ӯ Шилз мебошад. Мувофиқи ақидаи онҳо, ҳар як сохтори ижтимоӣ, ки қобили мавжудият бошад ногузир бо чор масъала дучор мегарданд. Аввалан, онҳо бояд аз муҳити табии самаранок истифода намуда онро дар дохили сохтори худ тақсим намоянд. Сониян, онҳо бояд қодир бошанд, сарватҳои табииро ба ҳалли мақсадҳои муайяни аввалиндаража равон намоянд. Солисан, муносибатҳои дар дохили сохтори ижтимоӣ вучуд дошта идорашаванда бошанд, ва ниҳоят имконияти мутаносуб гардонидани мақсадҳои инфиродӣ бо ҳадафи сохтори ижтимоӣ вужуд дошта бошад.
Равияи дигари умумисотсиологӣ назарияи «дигаргуниҳои сотсиалӣ» ном дошта намояндаи он Роберт Мертон мебошад. ӯ жонибдори шаклҳои мухталифи таҳлили сохтори ижтимоӣ буда, назарияи ягона ё умумии сотсиологӣро инкор мекунад.
Равияи «назарияи можарои ижтимоӣ» ки асосгузори он сотсиологи амрикоӣ Милле мебошад, таъкид мекунад, ки ҳама гуна назарияи умумӣсотсиологӣ, бояд пеш аз ҳама ба таҳлили можарои гурӯҳҳои дохили сохтори ижтимоӣ барои ба даст овардани ҳокимият равон карда шуда бошад.
Ба ҳамин тариқ, равияҳои номбурда ва боз чандин равияҳои дигари умумисотсиологӣ масъалаҳои умдаи ҳаёти жомеаро аз мавқеъ ва мароми худ шарҳ дода, барои ташаккули дониши муқоисавии назарияҳои мавжудаи умумисотсиологӣ роҳ мекушоянд.
Ба равияи назариявии жузъи сотсиологӣ, назарияи мубодилаи ижтимоӣ, назарияи инсондӯстии сотсиологӣ, назарияи сотсиологии беҳамто ва чанд равияи дигар дохил мешаванд.
Ба ҳамин тариқ давоми нимаи дуюми асри ХХ дар илми жаҳонии сотсиологӣ як силсила мактаб, равия ва назарияҳои наве ташаккул ёфтанд, ки онҳо дар якжоягӣ роҳу усули илмии таҳқиқи падидаӯҳои нави жомеаи жаҳониро пешкаш намуда, барои амиқ, дақиқ ва ҳаржониба таҳлил намудани ҳодисоти ичтимоии нимаи дуюми асри ХХ ва аввали асри ХХI замина гузоштанд.
Консепсияи марксистии сотсиология
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Сотсиология ҳамчун илм
- Саволномаи тестӣ аз фанни сиёсатшиносӣ
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
Комментарии (0)