- Ø Интихоб намудани объект, субъект ва предмети таҳқиқот ва ба он воқеъбинома муносибат намудан.
- Ø Ҳодисоти ижтимоиро дар пайвастагӣ – робитаи куллӣ ва баҳамтаъсиррасонии мутақобила омӯхтан.
- Ø Ба мушкилоти зоҳир гардида ба таври илмӣ муносибат намудан.
- Ø Падидаҳои ижтимоиро дар ҳаракат, тағирёбӣ, муборизаи наву куҳна таҳлил намудан.
Таҳқиқоти сотсиологие, ки ягон жанбаи махсус (конкретии) ҳаёти жомеаро мавриди омӯзиш қарор медиҳад методологияи тажрибавӣ ном дорад, вале агар таҳқиқоти сотсиологӣ бо мақсади чуқуртар омӯхтани назарияи илмӣ ва аниқ гардонидани он равон карда шуда бошад, онро методологияи бунёдӣ (фундаменталӣ) меноманд. Умуман таҳқиқоти сотсиологӣ– мачмӯи усул, тарз, роҳ ва востиҳое мебошанд, ки онҳо дар якжоягӣ барои ҳосил намудани маълумоти саҳеҳ ва ба ҳақиқат наздик дар бораи ҳодисоти омӯхташавандаи ижтимоӣ равон карда шуда барои дар амалияи ҳаёт истифода намудан, хизмат мекунанд.
Вобаста ба мақсади гузошта шуда, аҳамияти он, инчунин мураккаб ё содда будани он, пеш аз ҳама се намуди таҳқиқоти сотсиологиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: жустужӯӣ (пилотажное), авсифӣ (описателҳное), таҳлилӣ (аналитическое) Таҳқиқи жустужӯӣ – омӯзиши пешакие мебошад, ки бо мақсади аниқ ва дақиқ кардани унсурҳои таҳқиқоти асосӣ, дохил намудани тағиротҳо ба он бурда мешавад. Одатан таҳқиқоти жустужӯи миқдори начандон калони одамонро дар бар гирифта, барои таҳқиқоти ҳаржониба ва васеъ замина ҳозир мекунад.
- § Таҳқиқоти тавсифи бо ҳадафи муайян намудани сохтор, шакл ва табиати ҳодисаи таҳқиқшаванда бурда шуда мажмӯи васеи одамони табиати гуногун доштаро (аз қабили коллективи меҳнатӣ, сокинони ноҳия, шаҳр ё минтақаро) дар бар мегирад.
- § Таҳқиқоти таҳлилӣ бошад натанҳо тасвир ва тавсифи сохтори таркибии ҳодиса ё падида, балки дарёфт намудани сабаби зоҳиршавии онҳоро ошкор менамояд.
Ҳодисоти ижтимоӣ ва жараёни онҳо метавонанд яккарата ё бисёркарата омӯхта шаванд. Омӯзиши бисёркарата бо услуб ва барномаи якхела бо фосилаи муайяни вақт гузаронида мешавад. Масалан, омӯзиши бужаи оилавии гурӯҳи муайяни оилаҳо, давоми ҳар семоҳа ё давоми сол. Таҳқиқот метавонад дар муассисаи тахҳқиқотӣ (лабаратория) гузаронида шавад, ё худ дар жои зоҳиршавии падидаҳои ижтимоӣ (маҳалҳо). Таҳқиқотҳое, ки бо мақсади ба даст овардани маълумоти хулосавӣ, дар натижаи бо ҳам таққос намудани ҳодисоти ижтимоӣ дар вақти муайян ва ё минтақаи муайян гузаронида мешаванд, таҳқиқоти муқоисавӣ номида мешавад.
Дар гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ се марҳила вужуд дорад:
- Марҳилаи тайёрӣ.
- Марҳилаи асосӣ (кор дар маҳал)
3. Марҳилаи хотимавӣ (чамъбастӣ)
Дар марҳилаи тайёрӣ барномаи таҳқиқотӣ сотсиологӣ ҳозир карда мешавад, ки он роҳу усул ва воситаҳои ташкиливу-техникиро аниқ намуда, зарурияти гузаронидани таҳқиқоти сотсиологиро асоснок менамояд ва дар ин хусус ҳужжати лозимӣ тайёр карда мешавад. Масалан, агар оила ва муносибатҳои оилавӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шавад, сотсиолог-таҳқиқотчи бояд назарияи муайянро ҳамчун асос ё дастурамал қабул намояд. Дар ҳолати таҳқиқи оила, асоси назариявӣ– сотсиологияи оила мебошад. Лекин бояд дар назар дошт, ки оила қисми таркибии жомеа буда, фаъолияти он бо ҳаёти жомеа зич алоқаманд аст. Бинобар ҳамин ҳам сотсиолог мавриди таҳкики оила бояд омилҳои умумӣ– ижтимоиро ба инобат гирад, оила дар кадом жомеа вучуд дорад, мавқе ва мароми оила дар жомеа чи гуна аст, дар назар дошта бошад.
Дар ин жой муҳақиқ ногузир ба методика (усули) таҳқиқоти сотсиологӣ дучор мегардад, ки он мажмӯи амал, услуб, роҳу воситаҳоеро дар бар мегирад, ки бо ёри онҳо амри воқеии ижтимоӣ, таҳлил ва тажзия (анализ) карда мешавад. Дар натижаи таҳлил ва тажзияи масъалаи мавриди таҳқиқ қарор дода шуда, имконияти муайян намудани мақсади таҳқиқот имконпазир мегардад. Дар зери мафҳуми «мақсади таҳқиқот» натижаи ниҳоие дар назар дошта мешавад, ки муҳақиқ дар охири таҳқиқот ба даст овардан мехоҳад. Масалан, агар мақсади таҳқиқот муайян намудани таъсири оила ба рафтори ножо (аз ахлоқи нек дур шудани) фарзанди ноболиғ бошад, ногузир мақсади таҳқиқот бояд муайян намудани саҳми падару модар дар ташакули шахсияти фарзанди ноболиғ ва ананаҳои оилавӣ гардад.
Марҳилаи дигари ҳозир намудани барномаи таҳқиқотӣ, ин аниқ муайян намудани мазмун ва мундарижаи мафҳумҳои асосии дар рафти таҳқиқот корбаст шаванда мебошад. Аниқ намудани мазмуни мафҳумҳо аз он жиҳат муҳим аст, ки мувофиқи талаботи қонуни мантиқӣ ҳар як мафҳум аз ибтидо то охири муҳокимаронӣ ё таҳқиқот бо як мазмун бояд истифода гардад, ин талабот шарти муҳимтарини объективӣ, аниқ ва эътимоднокии натижаи таҳқиқотро муайян месозад. Дақиқ ба инобат гирифтани мазмуну мундарижаи мафҳумҳои дар рафти таҳқиқоти сотсиологӣ корбаст шаванда, барои муайян намудани фаразияи илмӣ дар таҳқиқи ин ё он масъалаи ижтимоӣ аҳамияти махсус дорад.
Фаразия шакли аз нуқтаи назари илмӣ асоснок гардидаи тахмин мебошад, ки он барои фаҳмида гирфтани ҳодисаи муайян, аниқ ё тафтиш намудани моҳияти он падида оварда мешавад. Вобаста ба вазифаи дар назди муҳақиқ гузошта шуда, фаразия метавонад асосӣё ғайриасоси (дуюмдаража) бошад. Лекин, ҳар як фаразия бояд ба 4 талабот жавобгӯ бошад:
- дар таркибаш мафҳумҳои номуайян, дар тажриба санжида нашуда мавжуд набошанд
- дар рафти таҳқиқот имконияти тафтиш намудани он мавжуд бошад
- дар таркибаш ишора ба роҳу усули тафтиш мавжуд бошад
- оддӣ бошад, шарти пешакӣ гузошта нашуда бошад.
Фаразияҳое, ки ба чунин талабот жавобгӯ бошанд бе мушкилӣ таҳқиқ карда шуда, натижаҳои ба мақсад мувофиқ медиҳанд.
Баъди муайян намудани фаразия воситаҳои таҳқиқоти он, усулҳои назариявӣва техникӣаниқ карда шуда, дар шакли ҳужжатҳои расмӣ ҳозир карда мешаванд. Ба таркиби воситаҳои таҳқиқот, усули ғункунии маълумоти пешакӣ, варақаҳои пурсишӣ (пурсишномаҳо) ва дигар воситаҳои таҳлили маълумот дохил мешаванд, ки онҳо дар якжоягӣ, асоси барномаи таҳқиқотиро ташкил намуда, жараёни таҳқиқоти сотсиологиро бо тамоми жанбахои фаъолият; назариявӣ, методологӣ, техникӣ, илмӣ, тарзу усулҳо дар бар гирад.
Барномаи тадқиқоти соӣиологӣ одатан аз ду қисм – методологӣ (назариявӣ) ва амалӣ иборат мешавад. Қисмати назариявӣ, мақсад ва вазифахои тадқиқот, возеҳ намудани мафҳумҳои асосӣ, предмед ва объекти омӯзиш, муайян намудани фаразия ва тахминҳо, муайян намудани самти таҳқиқро дар бар мегирад. Қисмати амалӣ бошад, кор, маблағгузорӣ ба он, муддати гузаронидани чорабиниҳо, шумора ё адади объекти Омӯзиш, ҳозир намудани маълумоти жамъбастиро дар бар мегирад.
Ба ҳамин тариқ шаклҳои гуногуни тадқиқоти сотсиологӣ ҳадафҳои мухталифи ичтимоӣ, дошта бо ёрии онҳо падидаҳои ба назари аввал ноаёни ижтимоӣ ошкор карда шуда, роҳҳои ҳаллу фасли онҳо муайян мегардад, барои пешгӯи намудани ҳодисаҳои ояндаи ижтимоӣ замина ва асосҳои назариявӣ ҳосил меградад.
Усули ғункунии маълумоти аввалияи сотсиологӣ. Маъмултарин шакли ғункунии маълумот ё маводи аввалияи сотсиологӣ «пурсиш» ба ҳисоб рафта, он бо саволи шифоҳӣ ё хаттӣ мурожиат намудан ба мажмӯи афроди тадқиқшавандаро дар бар мегирад. Ду навъи асосии пурсиш вужуд дорад: хаттӣ (анкетавӣ) ва шифоҳӣ (даҳонӣ).
Пурсиши хаттӣ (анкетавӣ), бо саволҳои хаттӣ мурожиат намудан ба шахси алоҳида ё гурӯҳи одамонро дар бар гирифта, он метавонад дар ҳузури сотсиолог ё бе иштироки ӯ ғоибона сурат гирад.
Пурсиши ғоибона метавонад аз тариқи телефон, тавассути почта фиристодани пурсишнома ё дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ чоп намудани анкета бо саволҳо амалӣ гардад.
Муҳимтарин марҳилаи пурсиши хаттӣ, тартиб додани анкета- пурсишнома ба ҳисоб меравад, зеро аз он, объективӣ ва пурра будани маълумоти ғуншуда вобаста мебошад. Раъйдиҳанда бояд ба саволнома мустақилона, мувофиқи қоидаҳои дар варақаи пурсишӣ баён гардида жавоб диҳад. Гузориши саволҳо ба мақсади таҳқиқот ва фаразияҳои илмии мавжуда вобаста мебошад.
Пурсишнома (анкета) одатан аз 4 қисм иборат мешавад.
- Муқаддима, дар он раъйдиҳандаро бо мазмуни анкета, мақсади тадқиқот ва усулҳои пур кардани он шинос карда мешавад.
- Кисми ахборотӣ, саволҳои мушахасро дар бар мегирад. Саволҳо метавонанд пӯшида ё худ интихобӣ бошанд. Дар чунин ҳолат дар анкета ба саволи гузошта шуда се намуди чавоб пешкаш карда мешавад ва шахси ба савол чавобдиҳанда якеро интихоб мекунад. Масалан, агар савол чунин гузошта шуда бошад. Шумо фаъолияти фалон касро чӣ гуна баҳо медиҳед? Се жавоби тайёр, пешкаш мегардад: мусбӣ (хуб), манфӣ (бад), баҳо дода наметавонем. Раъйдиҳанда дар чунин ҳолат бо осонӣ яке аз жавобҳоро интихоб мекунад. Саволи кушода, чунин шакли савол аст, ки райъидиҳанда ба чунин саволҳо жавобро худаш тартиб медиҳад. Масалан, агар савол чунин гузошта шуда бошад: «Шумо рухсатии тобистонаро дар кужо мегузаронед?» жавобҳо ба таври кушод метавонанд чунин бошанд. «Дар назди волидон», «Дар истироҳатгоҳ», «Дар хорижи кишвар».
- Қисми таснифӣ, (классификатсионӣ) маълумотро дар бораи жинс, синну сол, касбу кори одамони ба таҳқиқот жалбгардидаро дар бар мегирад.
- Қисми охирин, миннатдории таҳқиқотчиро ба шахси дар таҳқиқот ҳамчун раъйдиҳанда иштирок намударо дар бар мегирад.
Усули дигари ғункунии маълумоти соӣилогӣ-мушоҳида ба ҳисоб меравад. Ин усули чункунии маълумоти аввалияи сотсиологӣ бо роҳи ба қайд гирифтани ҳодисаҳо дар дафтарҳои махсус, дар сурат ё навор сабт намудани ҳодисаҳо сурат мегирад. Маълумоти пешакии сотсиологиро бо роҳи омӯхтан ва таҳлил намудани ҳодисаҳо низ ба даст овардан мумкин аст. Дар чунин ҳолат сарчашмаи асосии пайдо намудани маълумоти сотсиологӣ ҳужжатҳо ва омӯзиши ҳаржонибаи онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳужжатҳо бошанд, маводи расми ва ғайрирасмӣ чоп шуда, ҳужжатҳои шахсӣ, дневник, мактуб ва ғайраҳо мебошанд.
Масъалаҳои зиёди сотсиологӣ ба омӯзиши гурӯҳҳои хурди ижтимоӣ (оила, бригада ва фирмаҳои хурд) вобаста мебошад. Дар таҳқиқи гурӯҳҳои хурди ижтимоӣ пеш аз ҳама ба муносибатҳои байни ҳамдигарии аъзоёни гурӯҳҳо, диққати махсус дода мешавад. Таҳқиқи чунин гурӯҳҳо ба омузиши фаъолияти якжояи онҳо, алоқаҳои шахсии онҳо дар жараёни меҳнат ва берун аз кор вобаста мебошад. Зеро дар рафти чунин омӯзиш муносибати байни фардҳои алоҳида , ки дар гурeҳи иxтимоӣ мавrеи гуногун доранд ошкор мегардад. Дар асоси маълумотҳои дар натиxаи чунин омeзиш ба даст оварда шуда, ба авли сотсиологи амрикои Морек «соӣиометрия» ҳамчун услули омeзиши муносибатҳои дохилии гурӯҳҳои хурд ба вуљуд меояд.
Методи дигари uункунии маълумоти сотсиологӣ «эксперимаент-санxиш» ё озмун мебошад. Ин усул, санxиш-омeзиши падидаҳои иxтимоиро зери таъсири омилҳое, ки барои инкишофи он дар рафти таҳrиrоти сотсиологӣ зоҳир мегиранд дар бар мегирад.
Чунин санxиш метавонад бевосита дар ҳаёти реалӣ сурат гирад, дар чунин ҳолат муҳаrиr метавонад ба зоҳиршавии ҳодисаи иxтимоӣ таъсири муайян расонад, дар ҳолати назариявӣ ё мафкуриявӣ будани санxиш таҳrиrотчӣ дар майнаи худ маъулмот ва ҳодисаҳои иxтимоиро таҳлил намуда ба зоҳиршавии ҳаводис таъсир расонида наметавонад.
Тарҳрезии барномаи таҳrиrотӣ бо ҳозир намудани наrшаи кории таҳrиrотӣ анxом меёбад.
Наrшаи кории таҳrиrотӣ, одатан мeҳлати корҳои таҳrиrотӣ, хароxот ва rувваи кории зарурӣ, гузаронидани таҳrиrоти пешакӣ, усулҳои xамъоварии маълумотҳои авалия, роҳу усулҳои гузаронидани таҳrиrот ва мушоҳидаҳоро дар маҳал, таҳлил ва коркарди маводи uуншуда ва ниҳоят ҳосил намудани маълумоти xамъбастӣ ё натиxаро дар бар мегирад.
Таҳлил, таxзия ва ҳозир намудани маълумоти нихоӣ.
Rисми сеюми таҳrиrоти сотсиологӣ, ки он марҳилаи хотимавӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳозир намудани маводи uуншуда барои таҳлил, омeзиши он, баровардани хулосаҳо ва пешниҳод намудани тавсияҳо, иборат аст. Ҳозир намудани маълумоти ниҳоӣ, таҳрир ва тафтиши онҳо инчунин ворид намудани онҳоро ба компутер, дар бар мегирад.Усулҳои барои таҳлили маводи uуншуда истифода шаванда гуногун буда, метавонад бо методҳои сершумори мантиrӣ ва математикӣ сурат гирад. Интихоби усули таҳлил, ба ҳадаф ё маrсадҳои дар назди таҳrиrот гузошта шуда, фаразияи мавxуда ва саволе, ки дар назди таҳrиrотчӣ гузошта шудааст, вобаста мебошад.
Бо истифодаи тарзу усулҳои таҳrиrоти сотсиологӣ: мушоҳида, сeҳбат, санxиш, озмун, муrориба ҳосил намудани маълумот ё иттилооти муайян, таҳлили илмии мувофиrи rонуниятҳои мантиrӣ ё математикӣ имконият медиҳанд вазъи муайяни иxтимоӣ, масъалаҳои ҳалталаби xомеа, муаммоҳои иxтимоӣомeхта, таҳлил карда шуда, хулосаҳо бароварда шаванд. Дар асоси натиxагириҳои ба даст оварда шуда имконияти идоракуни илмии xомеа, пешгeӣ намудани ҳодисот ё падидахои ояндаи ичтимои фароҳам меояд.
Гарчанде, ки дар замони ҳозира аксари амалҳои таҳлил ва таxзияи маълумоти сотсиологӣ тавассути компутерҳо сурат мегирад, бо вуxуди ин шарҳи умумии маълумоти сотсиологӣ аз тарафи сотсиолог ба амал меояд, маълумотҳо тафсир ва таъбири худро пайдо намуда rимати назариявӣ-амалии онҳо меафзояд. Барои мисол чунин маълумоти соӣиологиро таҳлил менамоем: дар ягон кишвар 30 фоизи раъйдиҳандагон (одамони ба саволи сотсиолог xавоб дода) сиёсати дохилии ҳокимиятро маҳкум мекунанд. Чунин xавоб дар ҳолати таҳлили сотсиологӣ метавонад ду маъно дошта бошад .
- - ин гурeҳи одамон мехоҳанд ҳокимияти дар сари rудрат будаи ин кишвар иваз карда шавад.
- - мумкин аст ин гурeҳи одамон мехоҳанд сиёсати дохилии ҳокимияти мавxуда ё рафти бозсозиҳои дохилӣ таuир дода шавад.
Натиxаи таҳrиrоти сотсиологӣ ҳамчун ҳисобот ҳозир карда шуда, консепсия ва усулҳои корбаст гардида, шарҳи rисмҳои таркибии барнома, мазмуни маълумоти ба даст омада, хулосаҳои таҳrиrот, пешниҳодот ва таклифҳои мушаххаси таҳrиrотчиёнро дар бар мегирад.
Таклифҳои дар натиxаи таҳrиrоти сотсиологӣ пешниҳод гардида бояд асоснок, санxидашуда ва далелҳои шайъӣ дошта бошанд.
Саволҳо доир ба мавзeъ:
- Шаклҳои таҳrиrоти сотсиологиро номбар кунед.
- Усулҳои uункунии маълумоти аввалияи сотсиологӣ кадомҳоянд?
- Маълумоти ниҳоӣ ва роҳҳои ташаккули он кадомҳоанд?
Комментарии (0)