Гурӯҳҳо, институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ


Гурӯҳҳои иҷтимоӣ. Ҷомеа аз маҷмуи гуруҳҳои сершумори одамон иборат аст. Гурӯҳҳо метавонанд хеле калон ё хурд бошанд. Аслан асос – пойдевори ҷомеаро гурӯҳҳои гуногуни одамон ташкил мекунанд. Миқдори гурӯҳҳо дар ҷомеаи ҷаҳони бешумор ва беохир аст, зеро як фард метавонад
дар як вақт ба якчанд гурӯҳ шомил бошад.
Гурӯхи иҷтимоӣ - маҷмӯи одамоне мебошад, ки нишонаҳои иҷтимоии муштарак доранд, дар тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ҷои муайяни худро дошта, мақоми ҷамъиятии худро дар ҷомеъа иҷро мекунанд. Нишонаҳои иҷтимоии гурӯҳ метавонанд ҷинс, синну сол, миллат, нажод, касб, ҷои истиқомат, даромад, ҳокимият, маълумот ва uайраҳо бошанд.
Одатан гурӯҳи иҷтимоиро аз рӯи нишонаҳои номбурда муайян мекунанд, лекин дар ҳаёт, маҷмӯи гуногуни одамон ташаккул меёбанд, ки онҳо дар як макон ва вақти муайян баҳампайваста буда, фаъолият ва баҳампайвастагии доимӣ ва бошуурона надоранд. Масалан одамоне, ки дар як қатора сафар доранд, мардуме, ки дар ягон маҳалла сокин мебошанд, дар як шаҳр зиндагӣ мекунанд. Инчунин гурӯҳҳое низ ба вуҷуд меоянд, ки тасодуфан нохост ба вуҷуд омада, муддати кӯтоҳ амал намуда пароканда мешаванд, масалан, маҷмӯи одамоне ки ба бозии футбол, барои дастгирии ягон команда uун гардидаанд.
Моҳияти гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои одамони алоҳида, пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки онҳо тавассути фаъолияти якҷоя пайваста амал намуда, барои ноил гардидан ба мақсаду мароми худ кӯшиш мекунанд. Вобаста ба ҷои онҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, дар сотсиология гурӯҳҳоро ба ду навъ тақсим мекунанд:
 
  1. Гурӯҳи бузург (калон) – маҷмуи сершумори одамоне мебошад ки бо алоқахои иҷтимоӣ боҳам пайваста гардидаанд. Масалан, одамони касбу кори муштарак, ҷавонон, кӯҳансолон ва uайраҳо. Хосияти чунин гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ аз он иборат аст, ки дар байни онҳо мавҷуд будани тамоси бевоситаи аъзоёни он зарурият надорад. Гурӯҳҳои бузурги иҷтимоӣ дар асоси ягонагии мақсад ва фаъолияти якҷояи аъзоёни он, барои ноил гардидан ба мақсад, ташаккул ёфта дар шакли синфҳои иҷтимоӣ, умуммияти нажодӣё дигар шаклҳои умумияти одамон зоҳир мегардад.
 
  1. Гурӯҳи хурд – чунин гурӯҳ аз маҷмуи начандон калони одамон иборат буда, дар байни онҳо алоқамандӣ, пайвастагӣ ва тамоси бевосита вуҷуд дорад, онҳо бо фаъолияти якҷоя бо якдигар робитадор буда, меъёрҳои умумӣ, арзишҳои муштараки рафтору кирдор доранд. Ҳар як аъзои он, бевосита бо якдигар вохӯрда, тавассути чунин алоқамандӣ ба умумияти иҷтимоию – психологӣ табдил меёбад. Гурӯҳҳои таълимии донишҷӯён, талабагони як синф дар мактаб, аъзоёни бригада, сарнишинон (лётчикҳои) ҳавопаймо ва монанди инҳо гурӯҳҳои хурд ба ҳисоб мераванд. Дар сотсиологияи муосир гурӯҳҳои хурдро ба ду намуд ҷудо мекунанд: 
- Гурӯҳи ибтидоӣ, монанди оила, ҳамсолон ё рафиқони (дӯстони) наздик. Аъзоёни чунин гурӯҳ одатан тифоқ, якдил, ба ҳамдигар наздик, мақсади якхела дошта, дохил шудан ба он, ихтиёрӣ аст ва ба таври uайрирасмӣ аз тарафи яке аз аъзоён идора карда мешавад.
- Гурӯҳи дараҷа дуюм – чунин гурӯҳи хурди ичтимоӣ мебошад, ки дар байни аъзоёни он муоширати бевосита вуҷуд надошта, онҳо танҳо барои ноил гардидан ба ягон мақсад бо ҳам ҷамъ омадаанд. Аз қабили гурӯҳи саҳмдорон дар муассисаи хурд.

Умумиятҳои иҷтимоӣ. Умумиятҳои иҷтимоӣ – маҷмӯи афроде мебошанд, ки воқеан мавҷуд буда, тамомияти нисбӣ доранд ва ҳамчун воҳиди ҷараёни таърих зоҳир мегарданд. Умумияти иҷтимоӣ, маҷмӯи одамони то андозае хислат, шароит, тарзи зиндагӣ, шуур ва меъёрҳои иҷтимоии ягона дошта мебошанд. Аслан умумиятҳои гуногуни одамон – шакли ҳаётгузаронии якҷояи онҳо, тарзи ҳамзистиашон мебошад.
  Умумияти одамон аз таррафи ягон кас бунёд ё таъсис дода намешаванд, онҳо бо зарурияти таърихӣ дар рафти инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ, объективона вобаста ба хусусияти фаъолияти иҷтимоии одамон, ба монанди коллективи меҳнатӣ, синфи ҷамъиятӣ ё гурӯҳи иҷтимоӣ-касбӣ, дар натиҷаи зарурати истеҳсолоти ҷамъиятӣ, ташаккул меёбанд. Умумиятҳои дигари одамон, дар асоси якхелагии халқ, миллат, халқият, наҷод, ҷинс (мардҳо, занҳо) ё синну сол ба вуҷуд меоянд. Лекин ҳама гуна умумияти одамон дар натиҷаи якхела будани шароити зиндагии одамон ба вуҷуд омада, ҳамон вақт умумияти одамон маҳсуб меёбад, ки аъзоёни он чунин умумиятро дарк намоянд. Дар чунин ҳолат ҳар як умумият, аъзоёни «худӣ» ва «бегонаро» фарқ намуда, симои худро зоҳир мекунад, ягонагии манфиатҳои мушаххаси фарқкунандаи умумияти худро аз дигар умумиятҳо фаҳмида мегирад.
Халқ – яке аз маъмултарин шакли умумияти иҷтимоӣ буда, аз гурӯҳи калони одамоне иборат мебошад, ки пеш аз ҳама бо умумияти ҷои зист бо ҳамдигар пайваста мебошанд.
  Аз нуқтаи назари этникӣ дар зери мафҳуми «халқ», қабила, халқият ва миллат фаҳмида мешавад. Халқият – умумияти этникӣ-иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, ки аз нуқтаи назари таърихӣ дар фосилаи байни ташаккулёбии қабила ва миллат арзи вуҷуд кардааст. Миллат бошад, чунин умумияти этникиест, ки дар асоси ягонагии сарзамин, забон, маданият, психолгия, дарки ягонагӣ ва фарқияти худ аз дигар умумиятҳои ба он монанд ташаккул ёфтааст. Масоили умумиятҳои этникӣ аз тарафи самти махсуси сотсиология – этносотсиология таҳқиқ карда мешавад. Дар маркази ин самти таҳқиқоти сотсиологӣ, муносибатҳои байни гурӯҳҳои этникие меистад, ки ба омӯзиши проблемаҳои ақалиятҳои этникӣ диққати махсус медиҳад. Зеро муносибат ба ақалиятҳои этникӣ, нисбат ба умумиятҳои бузурги иҷтимоӣ, дар аксари минтақаҳои олам якхела нест. Дар баъзе кишварҳои олам кӯшиши барҳам додан, пароканда намудан ё омезиш додани ақалияти этникӣ бо умумияти иҷтимоии асосӣ ба назар мерасад. 
  Нажод ё ирқ низ яке аз намудҳои умумияти одамон буда, нишонаҳои он ранги пӯст, чашм, мӯи сар, косахонаи сар, тарҳи рӯй ва қаду қомад ба ҳисоб меравад. Одамони рӯи заминро одатан ба се нажод тақсим мекунанд: сиёҳпӯстҳо, аврупоиҳо ва муuулнажодон. Аслан нишонаҳои нажодӣ роли муҳим намебозанд. Ҳамаи одамони рӯи замин аз чиҳати биологию равонӣ (психологӣ) ба ҳам баробар, якхела мебошанд. Лекин, давоми тамоми таърихи инсоният, кӯшиши паст задан ё воло донистани мақоми ин ё он нажод мушоҳида мешавад, ки чунин падида нажодпарастӣ ном дошта, ҳодисаи номатлуб, маҳкумшаванда ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ зараровар аст.
 
Институтҳои иҷтимоӣ. Гарчанде калимаи «институт» мазмуни гуногун дорад, (калимаи лотинӣ буда, аслан «сохтор» тарҷума шуда, муассисаи таълимӣ ё илмиро ифода мекунад) дар илми сотсиология вай ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ба танзимдарорандаи самтҳои алоҳидаи муносибатҳои ҷамъиятӣ фаҳмида мешавад.
Зоҳиран, институтҳои иҷтимоӣ, ҳамчун маҷмӯи одамон, ташкилотҳои дар ҷомеа нақши муайянро бозанда шуморида мешаванд. Мазмунан, он маҷмӯи меъёрҳои рафтори одамони алоҳидаро дар вазъияти муайян, ифода мекунад. Масалан, адлия ҳамчун институти иҷтимоӣ аз маҷмӯи одамон, (прокурорҳо, судияҳо ва адвокатҳо) ва ташкилотҳо, (прокуратура, судхона, адвокатура, ҳабсхонаҳо) иборат мебошад.
Институтҳои иҷтимоӣ воситаи тавонои ба низом дароварандаи ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ва такмил ёфтаанд. Ҷомеаи инсонӣ барои зиндагӣ кардану равнақ ёфтан, ҳатман бояд талаботи асосии худро қонеъ гардонанд. Барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзмарраи инсонӣ мавҷудияти институтҳои гуногуни иҷтимоӣ ногузир мебошад. Дар сотсиологияи муосир чунин институтҳои иҷтимоӣ ба таври мушаххас омӯхта мешаванд:
- институти никоҳ ва оила (барои давом додани насл)
- институти сиёсӣ – давлат (барои таъмини бехатарӣ ва низоми ҷамъиятӣ)
- институти иқтисодӣ – истеҳсолот (барои пайдо намудани воситаҳои модии зиндагӣ)
- институти таълим – илм, маданият (барои ба насли нав додани донишҳо, бо ҷомеа пайвастани онҳо ва тарбияи кадри нав)
- институти дин (барои қонеъ гардонидани талаботи рӯҳӣ)
 Институтҳои иҷтимоӣ дар рафти иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта шуда, одамони ба таркибашон дохилшавандаро барои адои масъулияти ба дӯшашон гузошта шуда ҳавасманд мекунанд ё рафтори ношоиста, ба меъёри ин институт мухолиф бударо маҳкум мекунанд.
  Институтҳои иҷтимоӣ чунин вазифаҳоро иҷро мекунанд:
- мустаҳкам намудан ва таъмин намудани барқарории муносибатҳои иҷтимоӣ. Ҳар як институти иҷтимоӣ, қоида ва меъёрҳои (нормаҳои) рафторро дорад, ки бо ёрии онҳо амали аъзоёни худро ба қолаб медароранд.
- муносибатҳои байни аъзоёнро бо ёрии муайян намудани қолаби рафтор ба тартиб медароранд.
- якҷоягӣ, вобастагӣ, дар назди якдигар масъулият доштани гурӯҳҳои иҷтимоиро таъмин мекунанд.
- ошнокунии аъзоёни нав бо таҷрибаи иҷтимоӣ ва даъват намудани онҳо ба итоаткорӣ ва риоякунии меъёрҳо
- паҳн намудани иттилооти (маълумоти) лозима дар дохил ва берун аз институти иҷтимоӣ.
 
Оила ҳамчун институти иҷтимоӣ. Аз маҷмӯи институтоҳи иҷтимоӣ, мақоми оиларо махсус қайд кардан зарур аст. Зеро маҳз оила, воситаи муҳимтарини ба ҷомеа пайвастани насли нав, баранда ва маҳфуздорандаи арзишҳои маданӣ ва ахлоқие мебошад, ки давоми асрҳои тӯлонӣ аз насл ба насл мегузарад, мерос гузошта мешавад.
Оила ин гурӯҳи одамонеанд, ки бо якдигар бо муносибатҳои зану шавҳар, волидону фарзандон ва хешу таборӣ пайваста гардидаанд. Оила дар ҷараёни таърих, марҳилаҳои оилаҳои гурӯҳӣ, бисёрзаниву бисёршавҳарӣ ва яккашавҳариро гузашта, ниҳоят ба марҳилаи имрӯза, ки иборат аз волидону фарзандон аст, расидааст. Оила одатан дар натиҷаи ақди никоҳ ба вуҷуд меояд. Ақди никоҳ аз маҷмӯи меъёрҳои иҷтимоию ахлоқӣиборат буда, он масъулият ва вазифаҳои зану шавҳарро муайян месозад. Дар аксари давлатҳои дунё, оила аз як зану як шавҳар иборат буда, ба он баъдтар фарзандон ва падару модари зан ё шавҳар аъзо мешаванд. Дар баъзе кишварҳои олам оила аз як шавҳар ва якчанд зан иборат аст. Ҳар як оила давоми мавҷудияти худ, чор марҳиларо аз сар мегузаронад:
 
  1. Оилаи ҷавон, то таваллуд шудани фарзанд.
  2. Оила дар ҳайъати волидон ва фарзандон.
  3. Ҷудо шудани фарзандон аз падару модар чун оилаи мустақил.
  4. Пароканда шудани оила, дар натиҷаи фавти яке ё ҳарду аъзои оила.
 
Дар ҳаёт чунин вазъиятҳо низ рух медиҳанд, ки бо сабабҳои гуногун яке аз аъзоёни оила ё ҳарду тараф, ҳаёти оилавиро давом додан намехоҳанд. Дар чунин ҳолат оила вайрон мегардад. Лекин барои ҷамъият вайрон шудани оила зараровар буда, фаъолияти институти оила ва оиладориро халалдор мекунад, барои ҳамаи аъзоёни оила, шавҳар, зан, фарзанд, хешовандон душворӣ ва фоҷиаҳо меорад. Бинобар ҳамин ҳам дар ҷомеа қонунгузориҳое вуҷуд доранд, ки то ҳадди имкон вайроншавии оиларо пешгирӣ мекунанд ё ҷудошавии аъзоёни оиларо душвор мегардонанд.
Оила ҳамчун институти иҷтимоӣ якчанд вазифаҳоро бар дӯш дорад:
 
  1. Давом додани афзоиши биологии инсоният.
  2. Давом додани инкишофи фарҳангӣ ба воситаи равнақ додан, мерос гузоштани дастовардҳои маданӣ ба насли нав.
  3. Ба умуммияти одамон ворид сохтани фарзандон ва пайвастани онҳо бо ҷомеа.
  4. Муайян сохтани мақоми иҷтимоии фарзандон (аксаран ҳаёти ояндаи онҳо, мавқею мароми онҳо дар ҷамъият ба мавқеъ, маърифатнокӣ, маданият ва имконияти моддии волидон вобаста мебошад)
  5. Таъмин намудани бехатарӣ, муҳаё намудани шароит барои ташакулли шахси комил.
  6. Иҷро намудани вазифаи назоратӣ, махсусан нисбати насли ҷавон.
  7. Қонеъ гардонидани талаботи ҷинсӣ.
 
Ба ҳамин тариқ, оила қисми таркибии ҷомеа буда, ташаккули он, муносибатҳои байниҳамдигарии аъзоёни он, алоқаи зану шавҳар ва фарзандон дар оила, ба инкишоф ё таназзули ҳаёти иҷтимоӣ таъсири бевосита дорад. Аз ҳамин сабаб, сотсиология ба омузиши оила диққати махсус медиҳад.
Uайр аз институтҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа, ташкилотҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Ташкилотҳои иҷтимоӣ, иттиҳодияҳои одамоне мебошанд, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои муштарак бо ҳамдигар алоқаманд гардиддаанд. Корхона, ташкилотҳои ҳокимият, иттифоқҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ буда, ҳар кадом, вазифаҳои алоҳидаи иҷтимоиро бар дӯш дорад.
 
Ҷомеаи шаҳрвандӣ. Назарияи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳанӯз давоми асри ХVII ва ибтидои асри ХVIII аз тарафи файласуф ва сотсиологҳои инглис Т. Гоббс (1588-1679), Дж. Локк (1632-1704) ва олими франсуз Ш. Монтеске (1689-1755) асоснок карда шуда, давоми пойдор гардидани ҷамъияти буржуазӣ, ҳамчун мақсади инкишофи минбаъдаи ҷомеа эътироф гардида буд. Танҳо он давлатҳое, ки манфиатҳои шаҳрвандонро бештар ифода мекунанд, кишварҳои ба ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯ оварда ҳисобида мешуданд. Давоми ташаккул ва равнақи мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва мазмуни он тӯли се асри гузашта ақидаҳои гуногун баён гардидаанд.
Сиёсатшиносон ва сотсиологҳои муосир, ҷомеаи шаҳрвандиро ҳамчун қисми ҳаёти ба давлат марбут набудаи ҷомеа, фазои иҷтимоие, ки афроди ба ҳамдигар пайваста, чун унсурҳои озод фаъолият мекунанд маънидод мекунанд. Субъекти асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахси озоде маҳсуб меёбад, ки озодона мақсаду мароми худро муайян мекунад, роҳҳои муваффақ гардидан ба онҳоро мустақилона интихоб мекунад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аз маҷмӯи институтҳои ба давлат марбут набудае иборат бошад, ки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои инфиродӣ ва коллективонаи одамон, интихоби роҳу усулҳои даст ёфтан ба онҳоро фароҳам меорад. Агар ба давлат, мавҷудияти муносибатҳои амудии (вертикалии) ҳокимият хос бошад, ба ҷомеаи шаҳрвандӣ муносибатҳои уфуқӣ (горизонталӣ) uайридавлатӣ хос мебошад. 
Иттиҳоде, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил мекунад, бевосита манфиатҳои гуногуни шаҳрвандонро ҳимоя мекунад ва бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи онҳо бунёд мегардад. Барои бунёд гардидани ҷомеаи шаҳрвандӣ шартҳои муайян вуҷуд дорад:
- барпо шудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки қодир аст манфиат ва ниёзҳои шаҳрвандони худро қонеъ гардонад.
- мавҷудияти гуногунандешӣ (плюрализм), ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣ, динию мазҳабӣ ақидаашонро озодона баён карда тавонанд.
- ташкилёбӣ ва фаъолияти озодонаи ташкилотҳои uайриҳукуматӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ.
- озодӣ ва баробарҳуқуқии тамоми мардуми кишвар, новобаста ба молу мулк, маълумот, маҳалли зист, фаъолияти меҳнатӣ, касбу ҳунар.
- мавҷуд набудани имтиёзи сиёсии ягон гурӯҳ, маҳдуд карда нашудани ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо.
- мавҷудияти шароити ҳуқуқӣ барои инкишофи шаклҳои гуногуни моликиятдорӣ.
- танзими ҳуқуқии муносибати байни аъзоёни ҷомеа, мавҷуд будани қонунҳое, ки манфиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аъзоёни ҷомеаро ифода ва ҳимоя мекунанд.
- инкишофи баланди иҷтимоӣ, ақлонӣ, психологии шахс, озодии ботинии ӯ, қобилият ба худфаъолиятӣ ҳангоми иштирок дар кори институтҳои ҷамъиятӣ.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмӯи муносибату сохтори байни шахсӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, дар ҷомеа бе дахолати бевоситаи давлат ва берун аз сохтори давлат инкишоф меёбад ва барои демократия, ҳуқуқу озодиҳои шахсият ва ҷомеа шароит муҳаё мекунад. Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар ибтидои асри ХХI, ҳар чӣ пурратар қонеъ гардонидани талаботи моддӣ, маънавӣ, маданӣ ва иҷтимоии аъзоёни он ба ҳисоб меравад. Маҳз аз ҳамин сабаб, яке аз ҳадафҳои муҳимтарини инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон, бунёд намудани ҷамъияти ҳақиқатан шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
 
Саволҳо доир ба мавзӯъ:
  1. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва навъҳои онро номбар кунед.
  2. Умумияти иҷтимоӣ чист?
  3. Институҳои иҷтимоӣ кадомҳоанд?
  4. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хусусиятҳои он.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив