Таҳлили достони “Лайлӣ ва Маҷнун”


Лайли ва МачнунАдабиёти форс-тоҷик осмони паҳноварест, ки ситорагони дурахшони бешумор дорад. Бадриддин Ҳилолӣ дар ин осмони паҳновари илму адаб, яке аз он ситорагони дурахшонест, ки бо андешаҳои олӣ, нерӯи халлоқонаи сухан дар силсилаи суханварони бузург ҷой дорад.

Чакидаҳои оташбору маънодори шоир бо ҷаззобияту зебоӣ, латофату ширинӣ ва малоҳату дилнишинӣ дили оламиёнро тасхир менамоянд.

Ҳилолӣ аз камоли шеър дорад мансаби шоҳӣ,

Ки сӯзи Хусрав асту нозукиҳои Ҳасан бо ӯ.

(Ҳилолӣ)

Маснавиҳои “Шоҳу Дарвеш”, “Сифотулошиқин”, “Лайлӣ ва Маҷнун”ва ғазалҳои равону дилошӯбаш чун гулдастаҳои зебою хушбӯ боғи назму насри адабиёти форсу тоҷикро зеб медиҳанд.

Достони “Лайлӣ ва Маҷнун”, ки онро нуқтаи баландтарини эҷодиёти шоир меноманд, охирин достони сегонаи Ҳилолист. Достони мазкур аз 1771 байт иборат буда, 34 бобро дар бар мегирад. Асоси достонро ишқи пурмоҷарои ду дилдода – Лайлӣ ва Маҷнун ташкил медиҳад.

Ҳайати иштирокчиёни достони Ҳилолӣ аз рӯи теъдод зиёд аст, аммо асоситарин аз миёни онҳо ду нафар шинохта шудааст, ки яке Лайлӣ ва дигаре Маҷнун мебошад.

Лайлӣ дар достон духтари боақл, соҳибҷамол, бовафо, нотарс ва қавиирода тасвир ёфтааст. Муҳаббати ӯ ба Маҷнун пок ва самимист. Лайлӣ нотарсу далер аст, ӯ ин нотарсию далерии худро баҳри муҳофизати ишқи покаш, баҳри амалӣ гардонидани нияту орзуҳои наҷибаш истифода мебарад. Ӯ ба Маҷнун хитоб карда мегӯяд, ки биё, аз байти ин ҷамъият ишқи покамонро гирифта меравем. Дунё васеъ аст, ба ҷое меравем, ки ғайри мо каси дигаре набошад:

Бархез, ки гум кунем роҳро,

Чун бод ниҳем рӯ ба саҳро.

Бошем ба зери чархи даввор,

Ҷое, ки таҳӣ бувад зи ағёр.

Садоқату муҳаббати Лайлӣ нисбат ба Маҷнун чунон бузург аст, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳад. Маҷнунро бинад. Лаҳзае бошад ҳам, бо ӯ сӯҳбат намояд.

Дар лаҳзаҳое, ки чунин хислатҳои Лайлӣ тасвир ёфтаанд, мо ӯро нисбати Маҷнун вафодор, садоқатманд мебинем, ки ин симои вайро пурраву барҷаста менамояд.

Дар симои Маҷнун мо ҷавони хирадманд, дурандеш, покниҳод ва ошиқи ҳақиқиро мебинем. Маҷнун низ ишқи пок дорад ва дар садоқат устувор аст. Ӯ ҳангоми дар хонаи падар зистанаш, ҳангоми ба зиёрати Каъба рафтанаш, ҳангоми дар дашту ҳомун гаштанаш лаҳзае ёди маҳбубаашро аз лавҳи хотир дур намекард:

Ё раб, ки маро ба ғайри Лайлӣ,

Ҳаргиз ба касе мабод майле!

Майле, ки ба ӯст, беш бодо!

Ҳар лаҳза фузун зи пеш бодо!

Яке аз хислатҳои беҳтарини Маҷнун одамгарии ӯст. Дар яке аз лаҳзаҳои достон ба Маҷнун Навфал дасти мадад дароз мекунад. Ӯ аз болои қабилаи Лайлӣ ғалаба карда, Лайлиро назди Маҷнун меорад. Маҷнун имконият пайдо мекунад, ки бо дилдодааш ба мурод расад. Вале Маҷнун ин корро намекунад ва ба Навфол мегӯяд, ки то он даме, ки падару модари Лайлӣ ба тӯйи мо розигӣ намедиҳанд, ман бо маҳбубаам хонадор намешавам. Маҳз ҳамин рафтори хирадмандонаи ӯ қалби мисли санг сахти падару модар ва ҳамқабилагони Лайлиро ба ҳаракат овард ва онон барои хонадоршавии ҷавонон розигӣ доданд.

Маҷнун аз ибтидо то интиҳои асар ҷавони вафодор, покниҳод, инсондӯст ва хирадманд тасвир ёфтааст.

Ҳамин тавр, симоҳои Лайливу Маҷнун дар достон басо ҷолиб ва ибратомӯз тасвир ёфтаанд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив