Ду оқилро набошад кину пайкар,
На донное ситезад бо сабукбор.
В – агар аз ҳарду ҷониб ҷоҳилонанд,
Агар занҷир бошад, бигсилонанд.
Тарбияи ахлоқ ва маънавӣ. Ин таъсир ба дунёи маънавии шахс аст. Ин сифатҳо на танҳо дар инсон фаҳмиши зебои, балки фаъолияти нексиришти, ростқавлӣ, ҳалолхӯрию ҳалолкориро бо адлу инсоф, саховатманд ва амсоли инро ба вуҷуд меоранд.
Тарбияи ахлоқи дар арзишҳои миллии маънавӣ ва умумибашарӣ ба амал меояд. Мазмунан вай пурғановатва бой хоҳад шуд, зеро арзишҳои ҳамаи тарафҳои тарбияи ахлоқиро дар бар мегирад. Чӣ тавре, ки бузургони мо фармудаанд:
Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?
Калиди дигари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст, ё пилавар.
Аз ин иборат аст, ки муносибати неки одамро бояд як зина бардорад ва ривоҷу равнақ бахшад адлу инсоф фарқ надоштани амалу сухан, инсондӯстӣ ва хислату хусусиятҳое мебошанд, ки барои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ заруранд.
Сиришти одами хушахлоқ, ободоб ва накӯкор як навъ шеърияте дорад. Ахлоқи хуб сифати баланди одами бошад, шеъри хуб задаи таъби шӯрида ва воситаи мубими тарбияи ахлоқи писандида мебошад. Аз замонҳои қадим ахлоқ одоби шоиста мавзӯи баҳси олимону шоирон қарор гардида буд.
Дар олами Шарқ Саъди Шерозиро ситоишгари ахлоқ номидан ин бесабаб нест, зеро ӯ барои одами хуб шудан ҳидоят мекунад ва одобу ахлоқи ҳамидаи инсониро ситоиш додаст. + дар осору достонҳояш ахлоқи зиштро лаънату нафрат карда ахлоқи зеборо ситоиш намудааст.
Дар шеър се тан паямбаранд,
Ҳарчанд ки лонабия баъдӣ.
Авсофу қасидаву ғазалро:
Фирдавсию Анварию Саъдӣ
Аз тарафи дигар, мазмун ва мундариҷаи ғазалиёти Саъдӣ гуногунҷабҳа буда мавзӯҳои мухталифи ҳаётро дар бар мегирад. Ягонагии зоҳиру ботин, хубиҳои табиати атроф, ахлоқи неки инсонӣ, адлу инсоф, некию накӯкорӣ, ишқи пок, донишомӯзӣ, ростгӯӣ ва ёриву бародарӣ аз мавзӯъҳои асосии ғазалиёти шоир маҳсуб мешаванд.
Дӯстиву рафоқат дар идеали ҳар як инсон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Саъдӣ моҳияти ин мавзӯъо дарк намуда, таъкид намудааст:
Дӯст машмор он кӣ дар неъматад занад,
Лофи ёрӣву бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
Ҳамин тариқ, суханҳо аз панду андарзҳои Саъдӣ тӯли солиёни дароз ба мардум хизмат карда истодааст. Асрҳо гузашта бошад ҳам, аҳамияти тарбиявии ахлоқии худро аз даст надодааст.
Комментарии (0)