Тағйирот ва тараққиёти ҷомеа


Нақша:
1. Мафҳуми тағйироти иҷимоӣ
2. Омилҳои тағйирот ва инкишофи иҷтимоӣ
3. Модернизатсия ва индустриализатсия
4. Глобализатсия ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият


Мафҳумҳои калидӣ:
“Тараққиёт”, “таназзул”, “рушд”, “омилҳои тағйирот”, “муҳоҷирати меҳнатӣ”, “глобализатсия”, “модернизатсия”, “саноатикунонӣ”, “таҳаввулот ва инқилоб” ва ғайраҳо

1.    Мафҳуми тағйироти иҷимоӣ
Тағйироти иҷтимоӣ як ҷанбаи ҷудонопазир ва як хусусияти доимии ҷомеа мебошад. Тағйирот ҳаст пас ҷомеа вуҷуд дорад. Ҳанӯз файласуфи юнони қадим Гераклит (охири асри VI-аввали асри V то давраи мо) идеяи тағйиротёбии бефосиларо пешниҳод карда буд: «ҳама чиз дар ҷараёну тағйирёбист. Ба як об ду маротиба даромадан номумкин аст». Дар ҳақиқат, ҷамъияти инсони чунин офарида шудааст, ки ҳамеша дар ҳолати тағйирот ва инкишофи бетанаффус аст. Доимо сохтори хешро аз нав месозад, тағйир медиҳад ва инкишоф меёбад. 
     Тағйиротҳои иҷтимоӣ гуфта аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани низоми ичтимоӣ, умумиятҳо, институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоиро меноманд. Ҳама гуна дигаргуниҳое, ки дар сохтори ҷомеа ва муносибатҳои иҷтимоӣ ба миён меояд тағйироти иҷтимоӣ мебошад. 
Тағйироти иҷтимои аз инкишофи иҷтимоӣ маънои васеътар дорад, зеро он на танҳо маънои инкишоф, балки таназзул ва регресси ҷомеаро низ ифода менамояд. Аммо мафҳуми инкишофи ҷомеа чунин тағйироти иҷтимоиест, ки боиси пайдоиши муносибатҳои нави иҷтимоӣ, институтҳо, меъёрҳо ва арзишиҳои иҷтимоӣ мегардад. Сотсиологиҳо навъҳои гуногуни механизмҳои тағйирот ва инкишофи ҷомеаро нишон додаанд:
•    Тағйироти эволютсионӣ ва револютсионӣ (таҳаввулот ва инқилоби иҷтимоӣ);
•    Тағйироти прогрессивӣ ва регрессивӣ;
•    Тағйироти такрорӣ (даврӣ) ва навоваранда;
•    Ислоҳот; 
•    Модернизатсия;
•    Трансформатсия;
•    Глобализатсия;
•    Бӯҳронҳо ва ғ.
Тағйироти эволютсионии иҷтимоӣ гуфта тағйироти ботадриҷ, мунтаззам ва миқдории ҷомеаро меноманд. Тағйироти революсионии ҷомеа гуфта, тағйироти зудамал, таъҷилӣ, куллӣ ва сифатии ҷомеаро меноманд. Зери мафҳуми прогресси иҷтимоӣ ташаккул ёфтани сохтори ҷомеа ва беҳтар гаштани сохтори ҷомеа ва беҳтар гаштани шароитҳои ҳаёти иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Прогресс маънои тағйирёбӣ ба самти дилхоҳро дорад».  Регресси иҷтимоӣ – тағйиротест, ки дар натиҷаи он устувории сохтори ҷомеа коҳиш ёфта дар он вазъияти иҷтимоии ҳаёти мардум ру ба таназзул меоранд. Ислоҳот (реформа) – маънои ба шакли дигар даровардан, дигаргун сохтан, аз нав ташкил доданро дорад. Тағйиротҳои иҷтимоӣ метавонанд тамоми низоми иҷтимоӣ ва ё танҳо як ҷанба (унсур)-ро фаро гиранд, кутоҳмуддат ё дарозмуддат бошанд, низомро ба тараққиёт ва ё ба таназзул баранд. 
Аввалин маротиба сотсиологи англис Г. Спенсер нақшаи прогрессии эволютсионии ҷомеаро тартиб дода, мувофиқи он организми биологӣ ва ҷомеаи инсонӣ ба қонуни ягонаи инкишофи эволютсионӣ итоат менамояд. Ҷомеа бо тадриҷ вобаста ба ҳаҷм бузург ва мураккаб мегардад. Ҷомеа аз сохтори содда ба мураккабу муташаккил, аз технологияи дастӣ ба технологияи мошинӣ, аз сохтори анъанавӣ ба сохтори ратсионалӣ инкишоф меёбад.     Дар асрҳои миёна олим ва шоири араб Ибни Халдун давраҳои тамаддунро бо давраҳои ҳайёти организмҳои зинда муқоиса мекард: инкишоф – камолот – пиршавӣ.
    
2.    Омилҳои тағйирот ва инкишофи ииҷтимоӣ
Тағйироти ҷомеа ин пеш аз ҳама тағйирёбии сохтори ҷомеа аст. Дар ҷомеаҳои тосаноатӣ тағйиротҳои иҷтимоӣ вуҷуд доштанд, аммо бо ин суръате, ки имрӯз идома доранд, таърих ёд надорад. Суръати тағйирёбии ҳаёти иҷтимоӣ меафзояд, дастраси ба низоми маориф торафт ба табақаҳои васеи ҷомеа дастрас гардида истодааст, ҷойивазнамоии иҷтимоии шаҳрвадон имконпазир гардида истодааст, ҳол он, ки ним аср пеш инро бисёриҳо орзӯ карда наметавонистанд. Тағйротҳо ва инкишофи ҷомеа бе сабаб ба вуҷуд намеоянд. Дар илми сотсиология диққати бештар ба омилҳое дода мешавад, ки боиси тағйироту инкишофи ҷомеа мегарданд. Ба омилҳои тағйроту инкишофи ҷомеа дохил мегарданд:
•    Муҳити табиӣ дар тағйироту инкишофи ҳаёти одамон таъсири назаррас мерасонад. Барои он, ки одамон мавҷудияти худро нигоҳ доранд, бояд то муҳити зист мутобиқ шаванд ва дар таъсири мутақобила қарор дошта бошад. Бо воситаи технология ва ташкилотҳои иҷтимоӣ ба муҳити табиӣ мутобиқ мегарданд. Агар ба сабабе муҳити атроф тағйир ёбад, бошандагони низ бояд мувофиқ ба он бояд тағйир ёбанд, технологияи нави иҷтимоиро созмон диҳанд. Хушксолӣ, бемориҳо, обхезӣ, заминҷубӣ ва дигар офатҳои табиӣ дар сохтори ҷомеа тағйиротҳои азимеро ба вуҷуд оварда метавонад ва одамонро маҷбур менамояд, ки тарзи зиндагии худро тағйир диҳанд. Гур кардани пасмондаи саноат, боронҳои турш, ифлосшавии боду ҳаво, эрозияи замин, пайдошавии биёбонҳо ҳамаи ин натиҷаи зарари инсон аст, ки ба табиат мерасонад. Тағйироти муҳити табиӣ ба тағйири ҳаёти инсон оварда мерасонад ва таъсири бешууронаи инсон низ ба тағйроти муҳити зист боис гардида, охири охирон таъсири он боз ба инсон бармегардад.  Аксари донишмандон нақши омилҳои табииро дар тағйироти ҷомеа аз ҳад зиёд нишон медиҳанд. Вобаста ба ин масъала дар илм равияе бо номи детерминизми ҷӯғрофӣ вуҷуд дорад, ки мувофиқи он инкишофи ҷомеа ба мавҷудияти сарватҳои бойи табиӣ вобастагии калон дорад; 
•    Омилҳои демографӣ (каму зиёдшавии аҳолӣ, муҳоҷират, шаҳришавӣ ва ғ.) низ дар тағйирёбии маданият ва сохтори ҷомеа таъсир мерасонанд. Масалан, бо зиёд шудани аҳолӣ қувваҳои корӣ меафзояд, пиршавии аҳолӣ пешгирӣ карда мешавад, аммо имкони зиёд шудани сафи бекорон ва рақобат афзуда, дастрасии аҳолӣ ба захираҳои иҷтимоӣ мушкил мегардад. Камшавии аҳолӣ низ дар баробари афзалиятҳо як қатор проблемаҳои ҷиддии иҷтимоиро ба вуҷуд меорад, мисли пиршавии аҳолӣ, нарасидани қувваҳои корӣ ва амсоли ин. Махсусан, имрӯз пиршавии аҳолӣ як қатор давлатҳои муттарақии ҷаҳони Ғарбро таҳдид менамояд. Дигар омили демографии тағйироти иҷтимоӣ ин раванди муҳоҷират мебошад. Дар асри нав муҳоҷирати меҳнатии беруна характери доимӣ мегирад, ботадриҷ ба ҳамчун омили инкишофи устувор ва стратегияи мубориза ба муқобили камбизоатӣ баромад менамояд. Имрӯз дар Тоҷикистон раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба сатҳи балантарини инкишофи худ расидааст. Торафт муҳоҷират ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрас мегардад ва характери универсалӣ мегирад. Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ одатан ба он мамлакатҳое нигаронида шудааст, ки дар онҳо музди меҳнат нисбатан баланд аст. Барои Тоҷикистон ба сифати чунин давлат асосан Русия баромад менамояд. Бояд қайд кард, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳатҳои нек ва манфӣ низ дорад. Ҷиҳати мусбат аз он иборат аст, ки муҳоҷирон дар баробари гирифтани манфиатҳои иқтисодӣ, бо забон ва фарҳанги дигар ҳалқу миллатҳои пешрафта ошноӣ пайдо карда, ҳамзамон ба касбу ихтисосҳои гуногун соҳиб мешаванд, ҷаҳонбиниашон бой мегардад. Аммо мӯҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи мамлакат аз ҳама табақаи осебпазир, эҳтиёҷманд, беҳуқуқ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифзнашавандаи аҳолӣ мебошанд. Бисёре аз мардони қобили меҳнат ба муҳоҷироти меҳнатӣ рафта, солиёни зиёд ба оила барнамегарданд. Дар натиҷа аксарияти фарзандони ин оилаҳо аз тарбияи оилавӣ, ки дар он нақши падар ё мард бениҳоят бузург аст, бенасиб монда, дуруст сотиализатсия намешаванд.
•    Кашфиётҳо ва ихтирооте, ки дар илму таҷрибаи одамон ба амал меояд, ҳаёти ҷомеаро тағйир дода метавонад. Кашфиётҳои назарияи нисбияти Эйнштейн, назарияи генетики Мендел, кашфиёти автомобил, компютер ва телефонҳои мобили тарзи зиндагии инсонро ба куллӣ тағйир дод. Чи қадаре, ки заминаҳои маданият бой бошад, ҳамон қадар кашфиётҳо ва ихтироъкориҳо зиёд мешавад. Танҳо як компютеркунонии саноат ва истеҳсолот дар аввали асри XXI он қадар пешравиҳоро ба вуҷуд овард, ки инсоният тӯли мавҷудияти худ ноил нашуда буд.
•    Иқтисодиёт ва истеҳсолот омили меҳварии инкишофи ҷомеа аст. Инкишофи саноат, ба кор даромадани корхонаҳои саноатӣ ва пешрафти истеҳсолоти неъматҳои моддӣ накӯаҳволии халқро таъмин карда метавоананд.
•    Тағйирот ва инкишофи арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ низ боиси тағйирот ва инкишофи ҷомеа гашта метавонанд ва ҳамчун омили фарҳангии тағйироти иҷтимоӣ баромад менамоянд. Он навовариҳое, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ба миён меоянд, агар ба арзишҳою меъёрҳои иҷтимоӣ мутобиқ бошанд, зуд паҳн ва истифода мешаванд. Барои беҳбудии вазъи оилаҳои тоҷик ва ҷилавгирӣ аз хароҷоти беҳуда дар урфу одатҳои миллӣ Ҳукумати ҶТ «Қонун дар бораи танзими урфу одат ва анъанаҳои миллӣ» - ро кор карда баромад, ки аз бисёр ҷиҳат барои беҳбудии зиндагии мардум нақши худро гузошт;
•    Ба тағйироти иҷтимоӣ омилҳои сиёсӣ низ мусоидат менамоянд. Вазъи сиёсии ҷомеа аз бисёр ҷиҳат тағйирёбии дигар тарафҳои ҷомеаро таъмин карда метавонад. Агар устувории сиёсии ҷомеа таъмин набошад ва тартиботи иҷтимоӣ зери назорати ҷиддии мақомоти давлатӣ қарор нагирад, пас ҷомеа ва иқтисодиёти он инкишоф ёфта наметавонад. Чунин ақида ҳукумрон аст, ки агар институти иқтисодӣ вазифаҳои худро ба таври мӯътадил иҷро карда натавонад ва агар сиёсат дуруст ба роҳ монда шавад, то давраи муайяне сиёсат ҷойи онро мегирад ва маҳдудиятҳои ҷойдоштаро ҷуброн менамояд. 
•    Низоъҳо барои захираҳо ва арзишҳо дигар омили ангезандаи тағйироти иҷтимоӣ мебошанд. Низоъ пеш аз ҳама бархӯрди мутақобилаи мақсадҳо, манфиатҳо, қувва ва фикрҳои субъектони муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Аслан низоъҳои иҷтимоӣ ин мубориза барои захираҳо, арзишҳо ва васеъ намудани доираи таъсиррасонӣ мебошанд. Дар ин самт манфиатҳои фардҳои алоҳида, институтҳо ва умумиятҳои иҷтимоӣ ба ҳам бархурда низоъро ба вуҷуд меоранд. Барои ғолиб омадан дар ин низоъҳо бояд тарафҳо худро ташаккул диҳанд, ба мубориза омода бошанд ва аз тамоми захираҳо ва имкониятҳои худ самаранок истифода баранд. Дар натиҷаи чунин тадбирҳо, албатта ҷомеа тағйир меёбад;
•    Дигар омиле, ки айни замон ҳамчун нерӯи пуриқтидори тағйирёбии ҷомеаҳои муосир баромад менамояд - ин диффузия ё паҳншавии унсурҳои фарҳанги пешқадами ҷомеаҳои муосир мебошад. Диффузия  –раванде, ки дар рафти он унсурҳои пешрафтаи фарҳангӣ аз як низоми иҷтимоӣ ба дигар низом паҳн мешавад. Имрӯз бо мусоидати раванди глобализатсия унсурҳои маданияти ғарбӣ - аз воситаҳои технологӣ ва коммуникатсионӣ то маданияти либоспӯшӣ дар ҷомеаҳои боқимонда босуръат паҳн мешаванд. Масалан, демократикунонии ҷомеа, компютеркунонӣ, истифода аз воситаҳои коммуникатсионӣ, мисли интернет ва ғ. 

3.    Модернизатсия ва индустриализатсия
Барои нишон додани дараҷаи ҳаёти байни кишварҳои бой ва камбизоат сотсиологҳо ва иқтисодшиносони Аврупо дар асри XX мафҳуми модернизатсияро кор карда баромадаанд. Мувофиқи он кишварҳое, ки дараҷаи пасти инкишоф доранд, бояд инкишоф ёбанд ё модернизатсия шаванд ва намунаи тамоюли инкишофи ҷомеаи ғарбро интихоб кунанд. Модернизатсия дар илми сотсиология барои ифодаи раванди таърихии гузариш аз ҷомеаи анъанавӣ ба ҷомеаи муосири саноатӣ истифода мешавад. Модернизатсия ба саноатикунонӣ (индустриализатсия) зич алоқамандӣ дорад ва саноатикунониро талаб менамояд. Ҷомеаи муосир ҷомеаи саноатӣ (индустриалӣ) аст. Саноатикунонӣ - ин тарзи нави зиндагист, ки тамоми тағйиротҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро фаро гирифта, рӯз аз рӯз маданияти саноатии тамоми соҳаҳои ҳаёт ва ҷаҳонро забт менамояд. Имрӯз институтҳои иҷтимоӣ тахассусгардонида шудаанд. Ташкилоти меҳнат ба сатҳи олӣ баромадааст. Ҷомеа на аз рӯи урфу одат ё анъана, балки вобаста ба меъёрҳо ва арзишҳои дунявӣ идора мешавад. Иқтисодиёт вобаста ба талаботҳои минбаъда ба роҳ монада шудааст, бозори ягонаи асъор ва мол рӯ ба инкишоф аст. 
Модернизатсия раванди бетанаффус ва беохир мебошад, аммо раванди инкишофи ҷомеа дар кадом дараҷае набошад, дар он минтақаҳои қафомонда ва гурӯҳҳои нокомил вуҷуд доранд. Онҳо манбаи зиддиятҳо ва шиддати доимии ҷомеа баромад менамоянд. Ин ҳодиса на танҳо дар дохили давлатҳои алоҳида, балки дар тамоми курраи замин ба мушоҳида мерасад. Модернизатсия аз доираи кишварҳои ғарб оғоз шуда, ботадриҷ дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. Имрӯз Тоҷикистонро зарур аст, ки механизмҳои модернизатсияи соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти худро кор карда барояд. Барои ин тамоми шароитҳо: нерӯҳои истеҳсолӣ, захираҳои бойи табиӣ, иқтидори нерӯи барқ ва ғайра муҳайё аст. Мо имкон дорем ҷомеаи нерӯманди саноатиро созмон диҳем. 

4.    Глобализатсия ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият
Глобализатсия падидаи нави иҷтимоиест, ки инсоният аз охири асри ХХ ба он рӯ ба рӯ шуд. Ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият ва самти тараққиёти он пас аз «ҷанги сард» пайдо шуда, дар минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон пас аз барҳам хурдани собиқ СССР доман паҳн намуд. Глобализатсия тамоюли умумиҷаҳонӣ ва марҳилаи нави ҳаёти ҷамъиятӣ буда, тағйиротҳои куллии ҷомеа барои пайдоиши он шароитҳои объективии рушдро муҳайё намуданд. Сабабҳои пайдоиши глобализатсия инқилоби илмӣ - техникӣ ва иттилоотӣ - хизматрасонӣ, пешрафти истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ва воситаҳои истеҳсолот, баланд рафтани сатҳи маърифатию идеологии ҷомеа, ташкили ширкатҳои транснатсионалӣ (фаромиллӣ), бозори ягонаи иқтисодӣ, инчунин ба миён омадани проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ, мисли терроризм, экстремизм, нашъмандӣ, коррупсия, мушкилоти экологӣ, бехатарии миллӣ, паҳн шудани яроқи ядроӣ, низоъҳои нави иҷтимоӣ, бемориҳои хатарнок ва амсоли инҳо мебошанд. 
Мафҳуми «глобализатсия» аз охири соли 1990 ба гардиши илмӣ ворид гардид. Аниқтараш, аввалин маротиба соли 1983 мафҳуми «глобализатсия» барои ифодаи равандҳои иҷтимоии характери умумиҷаҳонидошта истифода шудааст. Пайдоиши ин мафҳум ба калимаи лотинии «глобус» алоқамандии зич дошта, ба забони тоҷикӣ маънои «кураи замин» ё «ҷаҳонишавӣ» - ро дорад. Истилоҳи «глобализатсия» аз сабаби мазмуни васеъ доштан ва тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятро фаро гирифтанаш дар доираҳои гуногуни илмӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ҳатто илми «глобалистика» инкишоф ёфта истодааст. Глобалистика ин илм дар бораи глобализм ва антиглобализм, глобализастия ва муборизаҳои антиглобалистикӣ мебошад. Аз ин ҷо метавон хулоса баровард, ки глобализатсия ҳамчун раванди муосири иҷтимоӣ ба офаридани «ҷаҳони ягона» равона шудааст, инкишофи босуръати иқтисодиёти ҷаҳон ба дараҷае омада расидааст, ки устуворӣ ва тараққиёти иқтисодиёти як давлат ба инкишоф ва устувории иқтисодиёти давлати дигар эҳтиёҷ дорад. Барои ҳамин давлатҳо аз таназзули иқтисодиёти якдигарӣ манфиатдор нестанд ва барои пешрафти якдигар кӯмак мерасонанд.
Глобализатсия маънои онро дорад, ки ҳамаи ҳодисаҳои дар ҷаҳон руйдода характери умумисайёравӣ дошта, Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон низ дар мадори равандҳои глобализатсионӣ ҳаракат намуда истодааст. Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷараёни инкишофи ҷаҳониро омӯхта, вобаста ба тамоюли глобализатсия иқтисодиёт ва сиёсати иҷтимоии хешро пеш барад. Бо таъсири глобализатсия ҷаҳон торафт том ва ягона мегардад, субъектони фаъолияти иҷтимоӣ аз ҳуқуқу озодиҳои хеш бештар бархурдор гашта, ба «захираҳои иҷтимоӣ» (иттилоот, таълимот, ҳокимият ва ғ.) роҳ ёфта истодаанд. Фазои ягонаи иттилоотие, ки дар натиҷаи таъсири глобализатсия ба миён омадааст, ба ҳама сокинони кураи замин дастрас аст. Ҳар як фард имкон дорад, ки аз дигаргуниҳо ва навгониҳои тозатарини олам хабардор шавад ва ё иттилооти заруриро дар чанд сония ба нуқтаи дилхоҳи сайёра интиқол диҳад. Ба андешаи мутахассисони соҳа аз раванди глобализатсия оқибатҳои хатарнок ва ногувореро низ интизор шудан лозим меояд (мисли, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки босуръат иқтисодиёти давлатҳои мутараққии оламро низ аз пой афтонда истодааст), зеро аз ин раванд бештар давлатҳои саноатии мутараққӣ бурд менамоянд. Давлатҳои миллӣ ва иқтисоди калаванда дошта, зери таъсири глобализатсия боз ҳам қашшоқтар мегарданд, нобаробариҳои иҷтимоӣ, бекорӣ ва бегонашавии шахс афзуда, арзишҳои «бегона» ба маданият ва ҳуввияти миллӣ зарбаи марговар мезанад,ки боиси низоъ ва бархурдҳои фарҳангӣ мегардад.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив