Нақша:
1. Мафҳуми низоъ ва сабабҳои он2. Мухолифат, ҳамчун замина барои низоъ
3. Низоъ ва мусобиқа
1. Мафҳуми низоъ ва сабабҳои он
Зиндагии иҷтимоии инсон эҳтиёҷ ва ниёзҳои зиёд дорад ва таъмин нагардидани ҳаётитарин ва муҳимтарин он ( аз қабили ниёзҳои физиологӣ, амниятӣ, иҷтимоӣ, мақом ва эътибори сиёсию иҷтимоӣ, зарурати таъмини ояндаи устувор ва дилхоҳ, нуфузи иҷтимоӣ ва ғайра) омилҳои аслии зуҳур, ташаккул ва шиддати низоъ ба ҳисоб мераванд.Ҳама гуна низоъ – ин муносибати байниҳамдигарии субъектони иҷтимоӣ мебошад. Аммо на ҳамаи муносибатҳои байниҳамдигарӣ низоъ мебошанд. Дар он ҷое, ки мубориза ва мухолифатҳои шадид бо ҳамроҳии эҳсосоти манфӣ ҷой надоранд низоъ ҳам наметавонад ҷой дошта бошад. Ба чунин муносибатҳои байниҳамдигарӣ муносибатҳои рафиқона, ҳамкории дӯстона, муносибатҳои дӯстдорӣ ва алоқаҳои коллективӣ дохил мешаванд.
Низоъ – ин зуҳуроти иҷтимоӣ буда, дар он субъектони амалкунанда бошуурона ва мақсаднок манфиатҳои худро пайгирӣ доранд. Албатта барои оғоз намуани низоъ муносибатҳои муқаррарии байниҳамдигарии ин ё он тараф асос шуда наметавонад. Вобаста ба ин, ба фикри мо нисбат ба маънидодкуниҳои ниҳоят васеъи маҳияти низоъ, ки дар адабиёти илмӣ дучор мешаванд назари танқидона намуд. Чи тавре, ки К. Боулдинг пешниҳод менамояд, низоҳои мухталиф на танҳо дар ҷомеа ва организми зинда ҷой доранд, балки ҳатто дар ҷаҳони ғайриозинда ба монандӣ «ҷанги беохири баҳр ба муқобили хушкӣ ва ё як ҷисми табиати замин ба муқобили тарафи дигар ва ғайраҳо» низ ҷой доранд.
Воқеан, дар чунин тарзи маънидодкунӣ хусусиятҳои низоъӣ гум мешаванд ва ё он ифодаи худро дар ҳама гуна шакли муносибатҳои байниҳамдигарӣ, аз ҷумла дар табиати ғайризинда низ инъикос мекунад.
Ҳақиқатан, магар гуфтан мумкин аст, ки байни баҳр ва хушкӣ «ҷанг» ё «алоқаҳои дӯстдорӣ» ҷой дорад? Бинобар ин, муносибати байниҳамдигарии онҳоро метавон бо чунин асосҳо: «низоъ», «ҳамкории дӯстона» ва ё ҳатто «дӯстдорӣ» ном бурд.
Аз рӯи мавқегирии методологии К. Боулдинг метавон ҳамаи дигар шаклҳои муносибатҳои байниҳамдигариро оид ба масъалаҳои низоъ баррасӣ намуд. Ҳама гуна низоъ ҳамчун сифати амали байниҳамдигарии иҷтимоӣ дар заминаи фаъолияти одамон ва манфиатҳои онҳо ба вуҷуд меоянд.
Шиддатнокии низоъ. Кай вақте, ки сухан дар бораи шиддатнокии низоъи иҷтимоӣ меравад, пеш аз ҳама низоъе дар назар дошта мешавад, ки он бо шиддатнокии бархурдҳои иҷтимоӣ алоқаманд буда, дар натиҷаи он дар муҳлати кутоҳи вақт миқдори бисъёри захираҳои психологӣ ва моддӣ масраф мешаванд. Барои низоъи шиддатнок бештар бархурди рӯи рост хос буда, пайваста тез- тез рӯй медиҳад. Шиддатнокии низоъ дар бештар мавридҳо аз дараҷаи хусусиятҳои иҷтимоӣ-психологии тарафҳои бархурдкунанда ва ҳолати низоъ, ки амали фавриро талаб мекунад вобаста мебошад.
Аз қувваҳои берунӣ манбаъ гирифта, ҳолати низоъӣ иштирокчиёнро водор мекунад, ки фавран амал намуда, тамоми нерӯи худро барои бархурд сафарбар намоянд.
Ҷараёни низоъ. Ҳар як фард дар ҳаёти худ ба ҳолати низоъии фарогири давомияти гуногуни вақт дучор шавад. Ин метавонад кутоҳмуддат то як чанд дақиқа (байни ду фард) ва метавонад дарозмуддат бошад. Масалан, бархурди гуруҳои гуногун (низоъ байни динҳо), ки дар тӯли ҳаёти як чанд насл давом мекунад.
Натиҷаи тадқиқотҳои ҳолати низоъӣ нишон медиҳанд, ки тӯлонӣ ва вазнинӣ будани низоъ дар ҳама ҳолат номатлуб мебошад.
Оқибатҳои низоъи иҷтимоӣ. Оқибати низоъи иҷтимоӣ ҳама вақт зиддиятнок мебошад. Низоъ аз як тараф сохтори иҷтимоиро вайрон намуда, ба хароҷоти калони захираҳо оварда мерасонад. Аз тарафи дигар бошад низоъ ҳамчун механизме баромад менамояд, ки бисъёр масъалаҳоро ҳал намуда, ба сифати яке аз воситаҳои ноил шудан ба адолати иҷтимоӣ хизмат мекунад. Духела будани баҳогузории одамон ба оқибатҳои низоъ ба он оварда расонд, ки ҷомеашиносон ва низоъшиносон низ ҳангоми омӯзиши назарияҳои низоъ оид ба тарафҳои манфӣ ва мусбати низоъ дар ҷомеа ба як нуқтаи назар нарасидаанд.
Бештари одамон ба он назаранд, ки ҷомеа ва қисматҳои алоҳидаи таркибии он дар натиҷаи тағйиротҳои эволютсионӣ рушд мекунанд. Аз ин хотир, қайд мекунанд, ки низоъи иҷтимоӣ танҳо оқибатҳои манфӣ ва вайронкунандаро ба миён мегузорад.
Аммо, гуруҳи муайяни олимоне ҷой доранд, ки ҷонибдори методи диалектикии низоъ мебошанд. Онҳо тарафҳои мусбии ҳама гуна низоъҳоро эътироф намуда, қайд мекунанд, ки дар натиҷаи низоъ сифатҳои нави муайяннамоӣ ба вуҷуд меояд. Бояд қайд намуд, ки дар ҳама гуна низоъ ҳолатҳои ғайриҳамгироӣ ва вайронкунанда, ҳамчунин ҳолатҳои ҳамгироӣ бо арзишҳои созандагӣ низ ҷой доранд. Низоъ метавонад умумиятҳои иҷтимоиро вайрон намояд. Ғайр аз ин, низоъи дохилӣ ягонагии гуруҳиро аз байн мебарад.
Тарафҳои мусбии низоъро ба назар гирифта, бояд қайд намуд, ки оқибатҳои маҳдуди низоъ метавонад ба қувват гирифтани муносибатҳои байниҳамдигарии гуруҳҳо замина гузорад. Низоъ метавонад воситаи ягонаи баромадан аз ҳолатҳои вазнин баромад намояд.
Ҳамин тариқ, ду намуди оқибатҳои низоъ ҷой дорад:
Оқибатҳои ғайриҳамгироӣ, ки шиддатнокиро қувват бахшида, ба вайронкорӣ ва хунрезии дохили гуруҳ оварда мерасонад. 1) Дар натиҷаи он алоқаҳои муносиби ягонагӣ вайрон шуда, таваҷуҳи аъзоёни гуруҳро аз масъалаҳои асосӣ дур мекунад. 2) Оқибатҳои ҳамгироиро бавуҷуд меоварад, ки роҳи баромадан аз вазъияти мураккабро муайян мекунад ва ба ҳал намудани масъалаҳо замина мегузорад. Ҳамчунин ба муттаҳидии гуруҳои пароканда қувват бахшида, иттиҳодро бо дигар гуруҳҳо барқарор мекунад ва гуруҳро барои дарки манфиати ҳар як аъзои он водор мекунад.
2. Мухолифат, ҳамчун замина барои низоъ
Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки асоси ҳама гуна низоъ мухолифат ба шумор меравад, ки байни одамон ва ё дохили худи шахсият ба вуҷуд меояд. Маҳз мухолифат муборизаро байни тарафҳои низоъ метезонад. Бинобар ин, новобаста аз иродаи одамони ба ҳам мухолиф, низоъ метавонад дар заминаи шароитҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаёт, ки дар ҷомеа решаҳои мухталиф дорад сар занад. Вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии фардро дар ҷомеа дар бештар ҳолатҳо на танҳо аз рӯи хати рафтор ва ҳаракатҳои вай, балки аз рӯи шуур, манфиат ва мақсадҳои он низ муайян мекунанд.Чуноне, ки маълум аст мухолифатҳое, ки низоъангез мебошанд шарт нест, ки хусусияти объективӣ дошта бошанд. Онҳо метавонанд субъективӣ ва аз омилҳои субъективии шахсият низ вобаста бошанд. Ҳатто метавонанд сохта (қалбакӣ) бошанд. Аммо, агар онҳо барои инсон аҳамияти махсус дошта бошанд, он гоҳ метавонанд ба ҳолати низоъӣ мубадал гарданд.
Ба назар гирифтани нақши мухолифатҳои низоъӣ хеле муҳим мебошад, бештар вақт худи низоъ ҳамчун доираи мухолифатҳои тезу тунд байни иштирокчиёни ин раванд дар мубориза муайян карда мешавад. Бинобар ин, сухан маҳз оид ба яку якбора тезу тунд шудани мухолифатҳо меравад, гарчанде ки на ҳамаи мухолифатҳо ба ҳолати низоъӣ мерасонанд. Дар давраи аввали инкишофи худ мухолифатҳо метавонад дар шакли ғайринизоӣ паҳн шаванд. Ғайр аз ин мухолифатҳо метавонанд умуман дар шаклӣ ғайринизоӣ ҷой дошта бошанд. Масалан, мухолифатҳое, ки байни зану шавҳар ҷой доранд. Ин гуна мухолифатҳо буданд ва метавонанд ба таври ҳамешагӣ низ ҷой дошта бошанд, аммо танҳо дар вазъияти муайяни иҷтимоӣ онҳо метавонад дар худ шакли низоъиро касб намоянд. Умуман, шаклҳои гуногуни мухолифатҳое низ мавҷуд мебошанд, ки ба низоъ ягон алоқамандӣ надоранд. Масалан, мухолифатҳо байни инсон ва табиат, истеҳсолот ва истеъмолот.
3. Низоъ ва мусобиқа
Дар қисмати мазкур хусусиятҳои мазмунии низоъ, таносуби он бо дигар зуҳуротҳое, ки шаклан ба он монанд мебошанд, ба мисоли: мусобиқаҳои варзишӣ, фарҳангӣ, зеҳнӣ ва ғайраҳоро баррасӣ менамоем. Ҳангоме, ки гуруҳ ё фардҳои алоҳида дар бозиҳои варзишӣ, дар озмун барои суруди беҳтарин, дар олимпиадаҳои математикӣ иштирок мекунанд, оё ин ҳолатро низоъ гуфтан мумкин аст ё не? Аз рӯи шакл ба низоъ монанд мебошад, барои он ки дар ин ҷо рӯи рост аломатҳои он, аз қабили амали байниҳамдигарӣ, рақобат ва кӯшишҳо барои дастёб шудан ба мақсадҳои худ ҷой дорад. Аммо ин зуҳуротро наметавон холати низоӣ номид.Ҳама гуна мусобиқа аз ибтидо дар доираи шартҳои пешакӣ муқараргардида ва риояи муҳлати вақт гузаронида мешаванд. Онҳо дар доираи шаклҳои гуногуни қоидаҳо танзим шудаанд. Раванд ва натиҷаҳои он дар доираи қоидаҳо ва созишномаҳои муқаррар намуда назорат карда мешаванд. Вобаста ба ин пешакӣ ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа бо қоидаҳои муқаррарнамуда розӣ мебошанд. Маҳз бо ин аломатҳо мусобиқа аз низоъ тавофут дорад. Аммо, агар қоидаҳои муқаррарнамуда вайрон карда шаванд он метавонад бо эҳсосотҳои манфӣ ба ҳолати низоӣ мубадал шавад. Ин муносибати байниҳамдигарӣ (низоъӣ) алакай метавонад бо сабабҳои тамоман дигар низ сар занад.
Ҳангоми ҷудо намудани низоъ аз мусобиқа зарур аст унсурҳои ҳар дуи онҳо (низоъ ва мусобиқа) ба назар гирифта шаванд. Ҳама гуна бозӣ – фаъолияте мебошад, ки дар худ эҳсоси ҳаловатро нигоҳ дошта, табиати аҳлоқӣ дорад ва холис аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ мебошад. Он ҷудогона буда, дар вақт ва фазо ба таври қатъӣ ба қайд гирифта шудааст. Умуман бозӣ ин «рузгузаронии ҳаёти ҳамешагӣ» мебошад. Ин ва дигар сифатҳои бозӣ, таснифи моҳият, аҳамият ва тавофути он аз низоъро назариётчии машҳур И. Хейзинг дар асари классикии худ «Инсони бозингар» дида баромадааст.
Чи тавре, ки маълум аст, новобаста аз баъзе аломатҳои ба ҳам монанд, аз рӯи моҳияти худ мусобиқа ва бозӣ бо бештари тарафҳои худ ба низоъ мухолиф мебошанд. Низоъ ин – рӯзгузаронии ҳаёти «хамешагӣ» намебошад, балки баръакс ҳаёти «ғайрҳамешагӣ» мебошад. Низоъ ин бардошти ҳаловат не, балки баръакс бардошти эҳсосотҳои манфӣ ва ғайраҳоро ҳамроҳӣ менамояд. Низоъ ин –бозӣ нест. Низоъ ҳама вақт ҷиддӣ мебошад.
Комментарии (0)