«Маснавии маънавӣ» яке аз беҳтарин асари Ҷалолиддини Балхӣ дар адабиёту фарҳанги гузаштаи мо ба шумор рафта, вирди забони хурду калон гаштааст. Пас саволе ба миён меояд, ки пас аз мутолиаи маснавии мазкур дар маънавиёти ҷавонон чӣ гуна дигаргунӣ дида мешавад? Хостам дар ин бора андешаамро баён созам.
Сабку нигориши асар мушкил набуда, бо баробари хондан мақсади шоирро дарк кардан мумкин аст. Шоир боз аз сураву оётҳои «Қуръон» низ хеле хуб истифода кардааст.
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст «Қуръон» бо забони паҳлавӣ.
Махсусан, ҳикояти «Луқмон ва ғулом» хеле таъсирбахш буда, инсонро ба ростқавлӣ, нексиратӣ, интихоби дурусти дӯст ва вафодорӣ раҳнамун месозад. Ин ҳикояи пандуахлоқӣ буда, моро ба андеша водор мекунад, то ки аз чунин рафтори ноодамона дур бошему яке аз пайравони Луқмон гардем.
Пас ту ҳар ҷуфте, ки мехоҳӣ, бигир,
Маҳви ӯ бошу сифоти Ӯ пазир.
Нур хоҳӣ, мустаиди нур бош,
Дурр хоҳӣ, хешбину дурр бош.
Ҳикояи «Ҷӯҳӣ» низ яке аз беҳтарин ҳикоёти маснавӣ буда, шоир онро хеле шевову гуворо ба риштаи назм кашидааст. Дар ин ҳикоя нолаи кӯдак ба марги падар, қабрро ба хонаи худ монанд кардани Ҷӯҳӣ, замонаи вазнин ва нооромии давр тасвир шудааст. Ин ҳикоя дар хонанда ҳисси шукронаи замони тинҷу обод ва фаровониро бедор месозад.
К- «эй падар, охир, куҷоят мебаранд?
То туро дар дар зери хоке биспаранд.»
Гуфт Ҷӯҳӣ бо падар: «Эй арҷманд!
Валлоҳ, инро хонаи мо мебаранд!
Не ҳасиру не чароғу не таом,
Не дараш маъмуру не сақфу на бом!»
Мавлоно ҳикояи «Қиссаи зани Ҷӯҳӣ ва ишва додани Ӯ қозиро» бо мақсади огоҳ будан ва панд гирифтану аз мансаб истифода набурдан, мисли як гурӯҳ нопокони аҳли ҷоҳ ва хиёнаткорон, ба монанди қозиву муфтӣ, хеле олиҷаноб иншо кардааст. Ба фикри ман, ин рафтори ношоиста аз бесаводиву бемаданиятии аҳли мансаб нишона медиҳад. Маснавии Мавлоноро дарси ҳаёт гӯям, саҳв нахоҳам кард, зеро ҳикояи «Марди аблаҳ ва хирс», «Марди баққол ва тӯтӣ» низ аз ҷумлаи пандҳои судманданд барои зиндагӣ мебошанд.
Аз баёни афкори боло бармеояд, ки таъсири панду ҳикоёти «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно ба маънавиёти ҷавонон пас аз мутолиаи асар хеле баланд аст. Ҳикоёти асар аз таҷрибаи ҳаёт гирифта шуда, дар рафти зиндагӣ хато накардан, сабру таҳаммулро пеша кардан, то ангушти пушаймонӣ нагазидан, хиёнаткор набудан, дар интихоби дӯст хато накардан ва аз худ номи некро боқӣ гузоштанро тараннум мекунад. Ман, ки худ ҳоло ҷавон ҳастам, таҷрибаи бойи зиндагӣ надорам, лекин пас аз хондани ин асар рафтор, гуфтор ва нигоҳам ба зиндагӣ дигар шуд гӯям, муболиға нахоҳам кард. Пас аз дарси Мавлоно ман натанҳо дар худ, ҳатто дар андешарониҳои шарикдарсон низ мулоҳизакориро ҳис кардам, ки ин аз таъсири асар ишора аст.
Комментарии (0)