Фалсафаи дин


Фалсафаи динМафҳуми дин (аз калимаи лотинӣ - виҷдони накӯ, эътиқодмандӣ, муқаддасот) – ҷаҳонфаҳмӣ, эътиқоди зинда ба Худоро ифода менамояд. Ин, на танҳо эътиқод ё маҷмӯи назару андешаҳо, балки дин – эҳсосои алоқамандии вобаста ва зарурӣ аз муносибат ба сирри қувваи олӣ, ки ба инсонҳо нерӯбахш, арзандаи ибодат мебошад[1]. Динро, махсус мутафак-кирон ва файласуфон, ба монанди Зардушт, Лао-тзи, Конфутсия, Буддо, Суқрот, Муҳаммад чунин тасаввур менамудаанд. Ин ақида низ ба пешни-ҳодҳои мутафаккирони муосир, ки нисбати дин кардаанд, мувофиқат менамояд. 
Ба таҳқиқи дин, илоҳиётиён, таърихнигорон ва файласуфон сару кор доранд, ки аз паҳлӯҳои гуногун динро меомӯзанд. Илоҳиётшиносон, бештару амиқтар ба масъалаи шуури динӣ сару кор дошта ба муқоиса ва муқоиса ва тавсифи динҳои мухталиф машғул мешаванд. Файласуфон, кушиш ба харҷ медиҳанд, масъалаи падидаи эътиқодмандии диниро ошкор намоянд. Омӯзиши муқоисавии дин, ҳамагӣ дар асри XIX оғоз гар-дида, баҳсҳо ҳануз ҳам давом дорад. Файласуфон, дар ин ҷода, кӯшиш наму-да истодаанд, навъҳои динии шуурро ошкор намуда шаклҳои асосии онро муқаррар намоянд. 
Дин чун фалсафа, як навъи ҷаҳонбинӣ буда хусусиятҳои хоси худро дорад ва он рафтори муайян ва амалҳои мушаххасро, дар асоси эътиқод ба бисёрхудоӣ (политеизм) ва яктопарастӣ (монотеизм), ки сарчашмаи «мӯқаддас», фавқултабиӣ доранду ба дарки ақлии инсонҳо мушкил аст, дар бар мегирад. «Ҳама гуна дин, - навишта буд Ф. Энгелс, - ба ғайри инъикоси тахаюлии инсонҳо, ҳамон қувваҳо, ки дар ҳаёти ҳамарӯза ба онҳо ҳукмфар-моӣ менамоянд, - инъикосе, ки қувваҳои заминӣ шакли ғайризаминиро меги-ранд, чизи дигаре нест»[2]
Фалсафаи дин – қисми муҳими маърифати фалсафӣ буда, берун аз ин-кишофи он намунаи низоми фалсафаи ислом ва масеҳият, инчунин мута-факкирони тоҷику форс, Аврупою Руссия ба вуҷуд намеомаданд. Кулли му-тафаккирони Шарқу Ғарб дар асоси тафаккури динӣ, асарҳои худро эҷод на-муда андешаҳою таълимотҳои худро баррасӣ намудаанд.
Мутафаккири рус, Бердяев Н.А., тасдиқ менамояд, ки дин бе фалсафа буда метавонад, сарчашмаҳои он мутлақ ва мустақиланд, аммо фалсафа бе дин мавчуд буда наметавонад, дин барои он, ҳамчун ғизо, ҳамчун чашмаи оби зинда зарур мебошад. Дин асоси ҳаётии фалсафа, дин фалсафаро бо ҳас-тии воқеӣ таъмин менамояд. Бо ақидаи Гегел бошад, фалсафа ба нақши ҳа-магонӣ баромад намуда наметавонад, ягонагии мутлақро дастрас карда наметавонад, ва тасдик менамояд, ки фалсафа ҳамеша чун қисмат, унсури органикӣ (на механикӣ) соҳаи тобеият мебошад. В. Соловёв нофаҳмиеро тав-лид намуд, ки боиси пайдоиши ақидае, ки гуё тафлифи универсалии фалсафӣ ба ҳама саволҳо қобилияти ҷавоб ёфтанро дорад ва ягонагии мутлақро таъ-мин менамояд, гашт. Дар андешаи Соловёв, таъсири таълимоти Гегел ва сам-ти назарияи ратсионалистии гностикӣ мушоҳида карда мешавад. Хама чизро дин шарҳ медиҳад, на фалсафа, танҳо тавассути эътиқоди динӣ ягонагии мут-лақ ва синтези универсалӣ имкон мегардад. Фалсафа,метавонад ҳамчун вази-фаи унсурии ҳаёти динӣ бошад.
Баьд аз соли 1917, фалсафи дин дар Россия, ҳамчун фанни мустақил қатъ гашт ва ҷои онро атеизми давлатӣ, ки ҳамчун дини сотсиосентрикии ҷанговар бо фарҳанги пешниҳодкардии доҳӣ, ки аз тарафи халқ, сифи про-летариат, халқи иттиҳоди Шуравӣ интихоб шуда буд, гирифт. Дар раванди азнавсозӣ дар Россия, фалсафаи дин, барқарор шуда дар мактабҳои олӣ таъ-лим дода мешавад. Ба таълими фалсафаи дин дар бисёр донишоҳҳои Федератсияи Россия нигоҳ накарда то ҳол, сохтори он ба шакли ниҳоии худ мураттаб нашудааст. 
Диншиносӣ – ин фалсафаи илм, ки динро ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ва падидаи маънавии ҳаёти ҷомеа меомӯзад. Ин ба он шарт аст, ки агар аз тараф ҳамчун масъалаи ҷудонашаванда аз ҳалли мушкилоти фалсафӣ-ҷаҳонбинӣ, аз тарафи дигар, диншиносӣ мафҳумҳои нисбатан куллӣ ва назарияи динӣ, ки ба илмҳои мушаххас асоснок карда шудаанд, ин ё он паҳлӯи зуҳуроти мураккаб, чун дин фаҳмонида шавад. 
Дар навбати худ, диншиносӣ дар худ як катор қисматҳоро дар бар ме-гирад, ба монанди: таърихи дин, фалсафаи дин, сотсиологияи дин, психоло-гияи дин, феноменологияи дин. 

[1] Гуревич П.С. Философский словарь. – М., 1997, с. 248.
[2] Маркс К., Энгелс. Сочинения. – Т.20, с.328.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив