
Дар садаи 19 Маркс Мюллер (1823-190) назарияи мифология (сотири)-и пайдоиши динро коркард намуд, ӯ дар асоси омӯзиши ёдгориҳои санкрит пайдоиши дин ба зуҳури таҷриба вобаста карда, ба асотир алоқамандбудани пайдоиши онро нишон дод. Дар ин кор ӯ аз усулҳои филологӣ ва этимологии таҳқиқот истифода намуд. Мюллер ҷонибдори назарияи натуралисти пайдоиши дин буд. ӯ пайдоиши асотирро ба хусусият ва таҳаввул (эволютсия)-и забонҳо алоқаманд кардааст. Мюллер пайдоиши динро аз асотир ба қалам дода, бо ҳамин барои ошкор сохтани решаҳои гносиологии дин саҳм гирифт.
Дар ташаккули фанни диншиносӣ, фарҳангшиноси англис муаллифи китоби «Фарҳанги ҷомеаи ибтидоӣ» Э.Б.Тейллор низ саҳм гирифтааст. Ӯ асосгузори назарияи англистӣ буда, истилоҳи анима (ҷон, рӯҳ)-ро асоси фаҳмиши пайдоиши дин қарор медиҳад. Тейллор ба мардумшиносӣ мафҳуми «анимизми ибтидоӣ»-ро ворид сохта онро дини ибтидоӣ номид.
Ба ақидаи ӯ одамони ибтидоӣ дар бораи чунин ҳодисаҳои хоббини ва марг андеша ронда, ба хулоса омаданд, ки дар ҳар қадам инсон як ҷавҳари хос, ҷон ҷой дорад, ки он дар ҳолати хоб мувақатан ва дар ҳолати марг абадан ҷисмро тарк мекунанд ва аз фаҳмиш тасаввурот дар бораи мустақилона вуҷуд доштани ҷон ба вуҷуд омадааст. Ва минбаъд аз тасаввуротҳо доир ба мустақиман вуҷуд лоштани ҷон динҳои бисёрхудоӣ, тасаввуротҳо доир ба худоён ба вуҷуд омадаанд, ки қувваҳои табиатро таҷассум мекарданд ва дар ниҳоят динҳои монотоистӣ (яктопарастӣ) пайдо мешавад. хулоса ба ақидаи ӯ эътиқод ба мавҷудоти рӯҳонӣ асоси пайдоиши дин мебошад.
Яке аз назарияҳои илмии маълуми пайдоиши дин ин назарияи моддигароии К.Маркс (1818-1883) ва Ф.Энгелс (1821-1893) мебошад. Бисёр донишмандон дар ин ақидаанд, ки диншиносиро дар пояи илмӣ маҳз Маркс ва Энгелс гузаштаанд. Доир ба назари марксизм ба дин дар қисмати таъриф ва моҳияти дин баъзе масъалаҳоро баён сохтем. Инҷо ҳамин нуктаро таъкид месозем, ки Маркс ва Энгелс ба мавзӯи пайдоиш моҳияти дин ба таври васеъ нигариста, кӯшидаанд, ки динро ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, яъне маҳсули давраи муайяни таърихӣ нишон дода, решаҳои гносиологӣ (маърифатӣ), иҷтимоӣ, равонӣ (психологӣ) ва таърихии онро мавриди таҳқиқи қарор додаанд, масалан онҳо тобеияти инсон ба қувваҳои табиату ҷомеа маҳдудияти тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва инсонро таҳлил карда, аз ин ҷо решаҳои гноселогию иҷтимоӣ ва психологии динро нишон додаанд. Масалан, В.И.Ленин назарияи марксизмро доир ба дин ривоҷ дода доир ба решаи гносеологии дин чунин мегӯяд. «Динчигӣ» албатта, решаҳои гносеологӣ дорад, вай бе замина нест, вай бешубҳа, шукуфаи пуч аст, аммо чунин шукуфаи пуч аст, ки дар дарахти зиндаи дониши зинда, пурсамар, ҳақиқӣ, тавоно, пурзӯр, объективӣ, абсолютии инсонӣ месабзад». Дар диншиносии марксисти дин самараи дар тахаюлоти инсон хусусияти фавқутабии гирифтани қувваҳои табиию иҷтимоӣ аст. Гузашта аз ин дин ин натиҷаи бегонашавии моҳияти инсон аз худи ӯ ба дин нисбат додани ин моҳият мебошад, яъне таҷассуми моҳияти бегонашудаи инсон аст, ки асоси ин бегонашавиро бегонашавии маҳсули меҳнати инсон ташкил медиҳад ва инсон дар назди қувваҳои тавоною саркаши табиат ва ҷомеа ҳамеша худрооҷиз нотавон эҳсос менамояд. Бинобар он Маркс мегӯяд «Очизии динӣ дар айни замон оҷизии воқеӣ ва эътирози зидди ин оҷизии воқеӣ мебошад. Дин мазлум, дили дунёи дилсахт аст, ба мисли он ки вай ҷони тартиботи ҷондор аст. Дин афъони халқ нест», ки мо мазмуни онро дар машғулияти лексионӣ баён намуда будем. Маркс ва Энгелс решаҳои гносеологию иҷтимоӣ, равонӣ ва таърихии динро таҳлил карда ба хулоса омаданд, ки «инсон динро ба вуҷуд меоварад, дин бошад инсонро ба вуҷуд намеорад. Чунончӣ дин худшиносӣ ва худҳискунии инсонест, ки вай ё ҳанӯз худро пурра нашинохтааст, ё ки аз сари нав худро намешинохтагӣ шудамондааст» ба ҳамин сабаб дин падидаи иҷтимоист, як далели он ин аст, ки ба ақидаи Маркс «дар баробари завол ёфтани давлатҳои қадими динҳои онҳо ҳам нест мешавад маркс ва Энгелс ҳамчунин собит сохтанд, ки дин решаи таърихӣ низ доранд ва ин дар он зоҳир мегардад, ки дин падидаи карахт (консервативӣ) аст, яъне аз насл ба насл интиқол ёфта ҳамчун анъана ба мерос мемонад.
Комментарии (0)