Моддаҳои сахтаъсири заҳролудкунанда, таъсири онҳо ба одамон ва муҳити атроф


Моддаҳои сахтаъсири заҳролудкунанда, таъсири онҳо ба одамон ва муҳити атрофИнкишоф ва пешравиҳои инсоният дар садсолаи охир беқиёсанд. Қариб тамоми соҳаҳои ҳаёти инсони инкишоф ёфта, шароити ҳифзи инсон ва ҳайвоноти хоҷагии деҳот ҳам беҳтару хубтар мегардад. 
 Бо гузашти вақт, муносибатҳои душманона ва зиддиятҳои миёни давлатҳои олам низ паст гардида, ҷои онро ҳамкорӣ, дустӣ, якдигарфаҳми, якҷоя ҳал кардани муамоҳои бавуҷудомада гирифтааст. 
 Хавфи ҷангу ҷанчолҳои байни давлату халқҳо, блокҳо торафт кам шуда истодаст.
 Вале нигоҳ накарда ба он, ки ҷомеаи ҷаҳон дар Созмони Миллали Муттаҳид декларация оид ба манъ кардани истифодаи яроқи ядроиро қабул кардааст, ҳоло ҳам ҳаст давлатҳое, ки пинҳонию ошкоро ба истеҳсол ва истифодаи он машғул буда ҷомеаи ҷаҳонро зери ҳавф мемонанд. 
Саволи якуми таълимӣ: Таснифи моддаҳои сахттаъсири заҳролуд (МСЗ) бо хусусияти таъсирот ба организми инсон.
 Моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда гуфта пайвастагиҳои кимиёвиеро меноманд, ки миқдори муайяни онҳо метавонанд ба одамон ва набототу ҳайвоноти кишоварзию хоҷагӣ таъсири ногувор расонида, то дараҷаҳои гуногун хароб созанд. Моддаҳои сахттаъсири заҳролуд пайвастагиҳои ниҳоят заҳрноки кимиёвӣ мебошанд. Аз рӯи аломати таъинот ва ҳосилшавӣ онҳо ба гурӯҳҳои зерин тасниф карда мешаванд:
   оддаҳои заҳролудкунанда–пайвастагиҳои ниҳоят заҳрноки кимиёвӣ, барои маҳви одамон таввассути узвҳои нафас, пӯст, узвҳои биноиш ва ҳангоми истифодаи об ва хурокаи заҳролудшуда таъин шудаанд;
   -токсинҳои сафедагӣ-маҳсули фаъолияти ҳаётии организмҳои касалиовар, ки барои маҳви одамон тавассути узвҳои нафаскаши таъин шудаанд ва ба онҳо энтеротоксини ботулинӣ (таъсири марговар) ва энтеротоксини стафилококкӣ (муваққатан аз фаъолият боздоштан) дохил мешаванд;
   -фитотоксикантҳо (гербитсидҳо)– барои заҳролудсозӣ ва нобудсозии наботот таъин шудаанд.
Моддаҳои заҳрнок аз рӯи як қатор хусусиятҳо чунин тавсиф карда мешаванд:

Аз рӯи хусусияти таъсирот ба организми зинда:

·        асабонию фалаҷкунанда ( v- газҳо, зарин, заман, табун);
·        ба пӯст зараркунанда (иприт, люизит, иприти нитрогенӣ);
·        заҳролудкунандаи умумӣ (кислотаи синел, хлорсиан);
·        буғикунанда (фосген, дифосген);
·        рӯҳафтодакунанда (диэтиламиди кислотаҳои лизергенӣ, би-зед);
·        мутаасиркунанда (си-эс, хлорасетофенон, адамсит).
 
         АСАБОНИЮ ФАЛАҶКУНАНДА – инҳо моеъҳои беранг буда, дар инсон ва ҳайвон системаи асабро фалаҷ мекунанд. Таъсири онҳо бениҳоят баланд аст. Ҳатто як қатра «заман» агар ба пӯсти инсон расад ба ҳалокат мерасонад. Нишонаҳои якуми таъсири ин моддаҳо танг шудани гавҳараки чашмҳо, нафаскашии вазнин (мушкил), рафтани оби даҳон, ҷудошавии балғам аз органҳои нафаскашӣ, партофтан, арақкунӣ мебошанд, ки дар натиҷаи онҳо организм фалаҷ шуда, ба ҳалокат мерасад. Дар сари вақт додани антидот метавонад инсонро аз ҳалокат наҷот диҳад.
         МОДДАҲОИ ЗАҲРНОКИ БА ПӮСТ ЗАРАРКУНАНДА (иприт, люизит) – дар натиҷаи ба пӯсти инсон ё ҳайвон чакидан аввало ба варамкунӣ расонда, сипас ҳуҷайраҳоро мекушанд. Дар ҳолати бо хӯрок ба даруни инсон дохил шудан системаи узвҳои дил, нафаскашӣ ва хӯрокҳазмкуниро вайрон мекунад.
         МОДДАҲОИ ЗАҲРНОКИ БУҒИКУНАНДА (фосген, дифосген) – дар вақти нафасгирӣ дар даҳон як ҳиссиёти нофорами ширине пайдо мешавад. Сипас нафаскашӣ тез мешавад, сар чарх мезанад сулфа пайдо шуда, организми инсон тамоман беҳол мешавад. Дар вақти аз ҷои заҳролудшуда дур шудан, ин ҳиссиётҳо гум мешаванд, аммо пас аз 4-6 соат саломатии инсон метавонад якбора вайрон шавад.
         Хлор – гази сабзи зардтоб буда, бӯи хафакунандаи тез дорад. Хлор 2,5 баробар аз ҳаво вазнинтар буда, ҳангоми ҳамроҳшавӣ бо буғҳои об туман пайдо менамояд. Барои ҳамин абре, ки аз хлор пайдо мешавад , рӯ-рӯи замин ҳаракат карда бо самти варзиши шамол ҳаракат мекунад.
 Консентратсияи он то 0,2 миллиграм дар 1 литр боиси луобҷудокунии шуш мегардад. Дар хоҷагии халқ барои безараргардонии об истифода мешавад.
   Аммиак – гази беранги бӯи навшодир дорад. (ҳудуди қабулкуни –0,037 мг.л). Дар об нағз ҳал мешавад. Аммиакро хусусан дар истеҳсолоти яхдонбарорӣ истифода мебаранд. Инчунин аммиакро барои ҳосил кардани ғиззоҳои азотӣ низ истифода мебаранд.
         Ба одам таъсир карда боиси табларза мегардад ва пӯстро месузонад. Дар консентратсияи баланд, аммиак метавонад системаи маркази асабро хароб карда, ба рагкашӣ гирифтор мекунад. Дар бисёр ҳолат баъди якчанд соат ва ё рӯз баъди заҳролуд шудани гулӯ ва шуш ба ҳалокат оварда мерасонад. Пӯстро бо маҳлули 5%-и уксус ё ин, ки кислотаи хлориди таркардашуда бастан даркор аст. 
         Ниқобҳои зиддигазии муҳофизатии тамғаҳои «К» ва «М» дар ҳолати омехтаи аммиак бо сулфид – «КД» истифода бурда мешаванд. Дар ҳолати консентратсияи баланд ниқобҳои зиддигазӣ ва либосҳои муҳофизатии махсус истифода мешаванд. 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив