Воситаҳои ҳифзи фардии нафас ва пӯст, тартиби истифодабарии онҳо


  1. Воситаҳои ҳифзи узвҳои нафаскашӣ.
  2. Воситаҳои зиддигазии бачагона. 
Воситаҳои ҳифзи инфиродӣ узвҳои нафаскашӣ, чашмон ва пӯстро аз таъсири бӯғҳо, қатраҳо ва зарраҳои моддаҳои заҳролудкунанда, моддаҳои зудтаъсир, инчунин аз воридшавии чанги радиоактивӣ, микробҳои касалиовар ва заҳрҳо ҳифз менамоянд. Онҳо ба воситаҳои ҳифзи узвҳои нафас ва ҳифзи пӯст ҷудо мешаванд.
Воситаҳои ҳифзи фардии нафас ва пӯст, тартиби истифодабарии онҳо
  1. Воситаҳои ҳифзи узвҳои нафаскашӣ.
Ба воситаҳои ҳифзи узвҳои нафаскашӣ воситаҳои зиддигазии полорӣ ва зиддигазӣ, респираторҳо, ниқобҳои зиддичангии матоъгӣ ва даҳанбандҳои пахтагию докагӣ дохил мешаванд.
Ҳангоми нафасгирии ҳавои заҳролудшуда қуттии полоркунанда ва фурунишонанда( зиддигазӣ), дар он ҳаво тоза шуда, сипас ба қисми зерманаҳии роҳҳои нафас дохил мешавад ва ҳавои ифлос берун аз қуттӣ хориҷ мешавад. Фурӯнишонии буғҳо ва газҳо аз рӯи хусусияти адсорбсия, химосорбсия ва катализ, фурӯнишонии дудҳо бо туманҳо (аэрозолҳо)- бо роҳи полоршавӣ тоза карда мешаванд.
Дар воситаҳои зиддигазии полоркунанда воситаи атсорбентӣ ангишти фаъолкардашуда (ангишти чӯб) мебошад, химосорбсия-фурӯнишонии моддаҳои захролуд, моддаҳои сахттаъсири заҳролуд аз рӯи ба мубодила рафтан онҳо бо моддаҳои фаъоли кимиёвӣ, ки ҳангоми коркард ба болои ангишти фаъолкардашуда пошида мешаванд, сурат мегирад.
Катализ- тағйирёбии суръати мубодилаҳои кимиёвӣ дар зери таъсири катализаторҳо мебошад. Ба сифати катализаторҳо оксидҳои мис, нуқра ва хром истифода мешаванд.
Барои ҳифзи аҳолӣ воситаҳои зиддигазии полорӣ ГП-5(ГП-5М) ва ГП-7(ГП-7В, ГП-7ВМ) истифода мешаванд. Онхо барои пешгирӣ ва воридшавии моддаҳои радиоактивӣ, заҳролудкунанда ва воситаҳои бактериявӣ ба узвҳои нафас, чашмон ва пӯсти инсон таъин шудаанд. 
ГП-5 аз ниқоб (ниқоб,сарпӯш), қутии полорӣ, айнакҳо, қутии ҳавосарпӯшак (клапанҳо) ва ҷузвдон иборат мебошад. 
Ба маҷмӯи воситаи зиддигазии ГП-5М ниқоб-калапӯш бо қутии пардагӣ барои таҷҳизоти гуфтугӯӣ дохил мешаванд. Қисми рӯягии воситаи зиддигазӣ барои нафаскашии ҳузвҳои нафас ва барои ҳифзи чашмону рӯй аз ҳавои заҳролудшуда хизмат менамояд. Он аз ниқоб-калапӯши барои пешгирии шишаҳо аз буғпайдошавию арақкунии қуттии сарпӯшҳавоӣ муҷаҳҳазшуда иборат аст. Қисми рӯпӯшӣ андозҳои гуногун дорад.
Барои интихоби андозаи ниқобкалапӯш сарро бо хати гирди сарбаст, ки аз зерманаҳ ва чакаҳои сар мегузарад, андозагирӣ намудан зарур аст. Дар ҳолати бузургии андозагирӣ то 63см будан андозаи сифрии ниқоби зиддигазӣ интихоб шуда, 63,5 то 65,5-якум, аз 66 то 68-дуюм, аз 68 то 70,5см -сеюм ва аз 71см боло андозаи чорум интихоб карда мешавад. Андоза ба қисми пешонии ниқоб вобаста буда, он аз резинаи ёзанда тайёр карда мешавад. Ба ниқобкалпӯш ба таври герметикӣ (обуҳавонагузар) айнакҳои ҳамвор аз шишаи оддӣ часпонида шуда, ба қисми ҷойгиронии айнакҳо ҳалқаи парчинӣ ва гирдакҳои зерфишори резинӣ насб карда мешавад.
Қутии полорию фурӯбаранда(зиддигазӣ) аз лавҳои оҳании гирдашакл тайёр карда шуда, дар болои он барои пайваст кардани қуттӣ бо ниқоб-калапӯщ гардани печӣ насб карда шудааст. 
Дар таги қуттӣ сӯрохи гирда барои воридшавии ҳавои нафасгиришаванда ба қуттӣ ҷойгир шуда, дар ҳолати нигоҳдошти ғайриистифода он бо резина пӯшонида мешавад.
Барои ҳифзи филизӣ қуттӣ аз зангзанӣ аз берун ранг карда шуда, аз дохил блоки сиёҳ пӯшонида мешавад. Аз рӯи воридшавии ҷараёни ҳаво бо полори зиддидудӣ ва ангишт-катализатор (дашғол) ҷиҳозонида мешавад.
Қутии сарпӯшакҳавоӣ барои тақсимоти ҷараёни ҳавои нафасгиранда ва хориҷшаванда хизмат мекунад. Он аз ду ҳавосарпӯшаки ҳавобарор ва як ҳавосарпӯшаки ҳаводарор иборат аст.
Воситаи зиддигазии ГП-7 яке аз навъҳои охирон ва мукаммалшуда мебошад. Қисми рӯягии он бо се андоза тайёр карда мешавад.
                            
  1. Воситаҳои зиддигазии бачагона. 
Панҷ навъи воситаҳои зиддигазии бачагона мавҷуд аст. Барои бачагони синни аз якуним сола боло - воситаҳои зиддигазии ДП-6М (воситаи зиддигазии бачагона навъи 6-хурд), барои бачагони синни болотар - ДП-6 (воситаи зиддигазии навъи 6) таъин шудааст. Навъи бештар паҳншуда воситаи зиддигазии ПДФ-7 (воситаи зиддигазии полории барои бачагони синни хурд ва болоӣ) аз воситаи зиддигазии ДП-6 бо он фарқ мекунад, ки дар он қуттии полорию фурӯнишони воситаи зиддигазии ГП-5 насб шуда, ҳамчун ниқоби калапӯшӣ ниқоби навъи МД-1 дар панҷ андоза истифода мешавад. Воситаҳои зиддигазии ПДФ-Д ва ПДФ-Ш (то мактабӣ ва мактабӣ) қутии полорию фурӯнишони ягона аз воситаи зиддигазии ГП-5 дошта, танҳо аз руи қисми рӯягӣ фарқ мекунанд. Воситаи зиддигазии ПДФ-5 бо ниқоби калапӯшии МД-3 дар 4 андоза (1,2,3,4) ҷиҳозонида шуда, барои бачагони синни аз 1.5 то 7 сола таъин шудааст. Дар воситаи зиддигазии ПДФ-Ш ба сифати ниқоби калапӯшӣ ниқоби МД-3 дар ду андоза (3,4) истифода шуда барои бачагони синни аз 7 то 17 сола таъин шудааст.
Дар замони имрӯза навъи мукаммалшуда воситаи зиддигазии ПДФ-2Д барои бачагони синни томактабӣ ва воситаи зиддигазии ПДФ-2Ш барои бачагони синни мактабӣ таъин шудаанд. Ба маҷмӯи ин воситаҳои зиддигазӣ қуттии полорию фурӯбари ГП-7, ниқоби каллапӯшии МД-4, қуттии дорои пардаҳои пленкагии арақнакунанда ва ҷузвдон дохил мешаванд. Воситаи зиддигазии навъи ПДФ-2Д бо ниқоби калапӯшӣ андозаҳои 1ва 2, ПДФ-2Ш бо андозаҳои 2 ва 3 маҷмӯъбандӣ мешаванд. Вазни маҷмӯъҳои воситаҳои зиддигазии синни то мактабӣ - 750 г, мактабӣ 850г, қуттии полорию фурӯнишон аз рӯи сохт ба қуттии ГП-5 монанд буда аммо дорои қобилияти камкунии муқовимати нафаскашӣ мебошад.
Ба бачагони синни томактабӣ ва хурд калонсолон воситаи зиддигазиро мепӯшонанд, ки барои он бачаро ба пушт ба тарафи худ хобонида, калапӯши онро гирифта, мӯи сарашро аз пешонӣ ҷамъ намуда, аз қисми зерманаҳ ниқобро ба рӯи онхо чунон мекашанд, ки пешонӣ ба чукурии поёнии обтюратор рост ояд ва бо харакати даст ба боло ва қафо ниқобро ба сари он кашонда, тасмахо ва бандакҳои гардани онро мебанданд. Барои бачагони синни томактабӣ тасмаҳои эхтиётии эътимодӣ баста мешаванд. Каллапӯши бачагон ба сарашон пӯшонида мешавад.
Барои он, ки воситаи зиддигазии ПДФ-2Д ва ё ПДФ-2Ш кашида шавад, аввал тасмаҳо ва бандакҳои гардан кушода шуда, сипас ниқоб аз қисми хавосарпушакҳо дошта шуда, аввал ба поён каме кашида шуда, сипас бо ҳаракти даст ба пеш ва ба боло кашида мешавад. Барои ҳифзи бачагони синни то 1.5 сола воситаи муҳофизатии КЗД-4 ва КЗД-6 мавҷуданд.
Патронҳои иловагӣ.
 Бо мақсади мукаммалсозии имкониятҳои муҳофизатии воситаҳои зиддигазӣ аз моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда барои онҳо патронҳои иловагии ДПГ-1 ва ДПГ-3 муқаррар карда шудаанд. Онҳо дар маҷмӯаи воситаҳои зиддигазии шаҳрвандии ГП-5 ва ГП-7 истифода мешаванд. 
ДПГ-3 дар маҷмӯъ бо воситаи зиддигазӣ аз таъсири аммиак, хлор, диметиламин, нитробензол, сулфур, тезоби синил, тетраэтил, сурб, фенол, фосген, гидрогени хлорнок, сиани хлорнок истифода мешавад. ДПГ ғайр аз он аз таъсири дуоксиди нитроген, метили хлорнок, оксиди карбон ва оксиди этилен ҳифз менамояд.
Ба маҷмӯи патронҳои иловагӣ лӯлаи пайвасткунанда ва пайвасткунак дохил мешаванд. 
Дар дохили ДПГ-1 ду кабат гудоза(шихта), фурӯнишони махсус ва гопкалит ва дар ДПГ-3 танҳо як қабати фурӯбаранда ҷой дорад. 
Вақти хусусияти муҳофизатӣ аз моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда барои воситаи зиддигазии ГП-5, ГП-7 бо патронҳои иловагӣ ДПГ-1 ва ДПГ-3 дар ҳолати ҷараёни ҳаво 30л/дақиқа, намнокии нисбии ҳаво 75% ва ҳарорати муҳити атроф аз -30°С то -40°С будан аз 0,5 то 5 соат мерасад.
Барои муҳофизат аз оксиди карбон патрони гопкалити мавҷуд аст. Он ҳамчун патрони иловагӣ ба воситаи зиддигазӣ метавонад зуд истифода бурда шавад. Аз рӯи дастурамал ба ДПГ-1 ва ё ДПГ-3 монандӣ дорад. Бо гопкалит ва хушккунак муҷаҳҳаз карда мешавад.
Гопкалит - омехтаи силикагем бо калтсий хлори таркардашуда мебошад. Он барои фурубурди буғҳои ҳаво бо мақсади ҳифзи гопкалит аз намнокӣ, ки ҳангоми намнок шудан хусусияти худро гум мекунад, таъин шудааст. Дар қолабқуттии патрон вазни аввалини он нишон дода мешавад. Ҳангоми зиёдшавии вазн аз ҳисоби фурӯбурди намнокӣ ба қадри 20г ва зиёдтар аз вазни ибтидоии он истифодаи ин патрон манъ аст. 
Вақти хусусияти муҳофизати патронҳо ҳангоми намнокии нисбии ҳаво 80% будан тақрибан ду соат муқарар шудааст. Дар ҳарорати наздик ба сифр хусусияти муҳофизатии он кам шуда, дар ҳарорати -15°С бошад, ин хусусият пурра нест мешавад. Вазни патрон 750-800 г аст.
  1. Воситаҳои зиддигазии маҳдудкунанда.
Ба Воситаҳои зиддигазии маҳдудкунанда воситаҳои зиддигазии ИП-46, ИП-4М, ИП-4МК ва ИП-5 дохил мешаванд.
Воситаҳои зиддигазии маҳдудкунада барои ҳифзи узвҳои нафаскашӣ, чашмон ва рӯй аз ҳамаи омехтаи ҳаво, новобаста аз хусусиятҳои онҳо ва таркиби онҳо, инчунин барои кор дар шароити норасоии оксиген дар таркиби ҳаво таин шудаанд.
Моҳияти амали муҳофизатии воситаи зиддигазии маҳдудкунанда дар он аст, ки барои нафаскашии одам ҳавои атмосферӣ истифода нашуда, одам оксигени аз моддаи патрони дар раванди истифодаи воситаи зиддигазӣ ҳосилшавандаро нафас мекашад.
Воситаи зиддигазии маҳдудкунанда аз қисми руйпушӣ, патрони ҳосилкунанда бо таҷҳизоти кордароранда, халтаи нафаскашӣ бо ҳавосарпӯшаки ҳавои зиёдатӣ, сохторқолаб (каркас) ва ҷузвдон иборат аст.
Ба маҷмӯи воситаи зиддигазӣ ҷузъи иловагии эхтиётии кордарорӣ дар ҷузқуттӣ (футляр), қуттӣ бо дорушишаҳо, қуттӣ бо плёнкаҳои арақ накунанда, калиди ҳамаандозагӣ, (загубник) ва қаппак барои бинӣ дохил мешаванд.
Ҳангоми шикастани дорушишаи ҷузъи бакордарорӣ тезоб (кислота) ба брикети короғозӣ ворид шуда, боиси ҷудошавии қибати болоии он гашта, сипас ҷараёни ҷудошавӣ худ ба худ аз қабат ба қабат мегузарад, ки дар натиҷа оксиген, буғҳои об ва гармӣ ҷудо мешавад. Дар зери таъсири буғҳои об ва гарми моддаи тавлидкунандаи патрони ҳосилкунанда ба кор медарояд. Ҳосилшавии минбаъдаи оксиген дар натиҷаи фурӯбурди гази карбонат ва буғи оби аз нафасбарории одам ҳосилшаванда сурат мегирад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив