Доруҳои банданда – ин маводҳое, ки дар ҷои гузошта шуда сафедаҳоро пайваст менамоянд (дурдабандии сафедаҳои ситоплазма) ва пардаи муҳофизатии албуминатӣ ҳосил менамоянд, ки нӯги асабҳои ҳиссиётнокро аз озурдашавӣ эмин медоранд.
Ин таъсири маводҳо бо кашиши сатҳи луобпарда ва пӯст, тангшавии рагҳои ноҳиявӣ, камшавии экссудатсия ба амал меояд, ки дар натиҷа ҷараёни илтиҳоб паст мешавад. Доруҳои бандандаро чун маводҳои зидди илтиҳобии таъсирашон ноҳиявӣ истифода мебаранд. Доруҳои банданда ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:
1. Органикӣ - танин, ҷӯшобаи пӯсти дарахти тӯс
2. Ғайриорганикӣ - намакҳои металлҳои вазнин: атсетати кӯрғошим, нитрати висмут, замч, оксиди синк, сулфати мис, нитрати нуқра.
Доруҳои бандандаро ҳангоми илтиҳоби пӯст ва луобпардаҳо барои молидан, ғар-ғара, дар шакли хокаи майдашуда ва ғайра истифода мебаранд. Боз ба дарун ҳангоми илтиҳоби узвҳои ҳозима (доруҳои висмут, таналбин) таъйин мекунанд. Баъзан ҳангоми сӯхтан, заҳролудшавӣ ҳам истифода бурда мешаванд.
Растаниҳое мавҷуданд, ки хосияти банданда доранд: панҷагул ва тутак (аз реша ва пӯстлохи ин растаниҳо обпаз тайёр мекунанд); бобуна ва мармарак (аз гул ва барги ин растаниҳо қиём тайёр мекунанд).
Маводҳои фарогиранда
Маводҳои фарогиранда бо об маҳлулҳои коллоидиро ба амал оварда, болои луобпардаро пӯшонида аз озурдакунӣ эмин медоранд. Бештар ҳамчун маводи фарогиранда луобҳо аз оҳар, тухми зағир ва ғайраро истифода мебаранд, ки хосияти зиддиилтиҳобӣ ва бедардкунӣ доранд. Ингуна маводҳо барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳобии узви ҳозима истифода мешаванд. Ба ғайр аз ин онҳоро дар фарматсия ба доруҳои озурдакунанда илова менамоянд.
Доруҳои адсорбентӣ

Комментарии (0)