Овозшиносӣ


Нақша: 
  1. Воҳидҳои овозшиносӣ 
  2. Сохти овозии забон
  3. Фонетика ва анвои он 
Дар олам зиёда аз 2000 забон мавҷуд аст, ки ҳама онҳо дар баробари фарқ доштанашонумумият низ доранд. Умумияти ин забонҳоро метавон ба ду даста ҷудо кард:
  1. Ҳама забонҳои руи дунё дорои луғат ва грамматика 
  2. Вазифаи меҳварии тамоми забонҳои олам таъмини мубодилаи афкор 
Воҳиди асосии мухобира (ахбордиҳӣ) гуфтор аст, ки дар он 3 шакл зоҳир мешавад: хабар додан, аз касе маълумот гирифтан (саволӣ), касеро ба иҷрои коре водор намудан (амрӣ). Воҳиди мураккабтарин гуфтор мебошад, ки он ба ҷумла, ҷумла ба калима, калима ба морфема ваон ба фонема ҷудо карда мешавад. Дар ҳар як забон баробари воҳидҳои нисбатан калон воҳидҳои хурдтар ҳам ҳастанд ва онҳо барои ташаккули якдигар ёрӣ медиҳанд. Ҳар як воҳиди забон муносибати зинавӣ доранд инро дар мавриди таҳлили ҷумла мушоҳида кардан мумкин аст. Воҳиди хурдарини забони тоҷикӣ овоз мебошад ва илми овозшиносиро фонетика меомузонад.
Фонетика аз калимаи юнонии phone –овозгирифӣа шудааст. Фонетика ҷиҳати овозии забонро меомузад. Ҷиҳати овозии забон аз маъно маҳрум буда, барои сохтану шинохтани воҳидҳои маънодори забон хидмат мекунад. Фонема ҳамчун воҳиди мустақилисистемаи овозии забон дорои як силсила нишонаҳои тавлидию физикӣ мебошад. Ин нишонаҳо дар низоми фонетикии забон вазифаи гуногун доранд. Як гуруҳи нишонаҳо барои фарқ кардани як фонема аз фонемаи дигар (калимаи дигар) истифода шаванд, гуруҳи дигари онҳо барои ташкили симои фонетикии фонема (калима) хизмат мекунанд. Масалан калимаи “замина” аз шаш овоз иборат аст, овозҳои з, а, м, и, н, а дар алоҳидагӣ аз маъно маҳрум мебошанд, аммо вақте ки онҳо як задақабул карда дар натиқаи ҳанишиниовозҳо ба як калима табдил ёфта дорои маънои луғавӣ мегарданд. Як назари иҷтимолӣ ба ба сохти овозии забон ин нуктаро мусаллам месозад, ки он падидаи басо мураккаб ва серсоҳа мебошад. ҳар як илм ва ёсоҳа вобаста ба анвои тадқиқот дорои методҳои гуногун мебошад ва илми овозшиносӣ низ мунҳасир ба методҳои тадқиқотии худ, аст ки шартан онро ба чор гуруҳи асосӣ метавон дастабандӣ кард:
  1. Фонетикаи хусуӣ- сохти овозии забони алоҳидаро меомӯзад. Ин тадқиқот ба ҳодисаҳои овозии забони адабии ҳозираи тоҷикӣ машғул аст. Аз ин рӯ онро фонетикаи забони адабӣ низ меноманд. 
  2. Фонетикаи таърихӣ- сохти овозии забон дар давоми якчанд давраи инкишофаш мавриди омӯзиш қарор гирад, онро фонетикаи таърихӣ меноманд.
  3. Фонетикаи муқоисавӣ – ҳодисаҳои овоии забонро дар ягон давраи таърихӣ дар муқоиса бо забонҳои дигари хеш меомузад. Забонитоҷикӣ ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил шуда, ба гуруҳи забонҳои эронӣ мансуб аст. Хостгоҳи ягона доштани забонҳое, ки ба як оила мансубанд маълум аст. Аз ин рӯ, дар забонҳое, ки мансуби як оила мебошанд, дучори бархе аз калимаҳо мешавем, ки онҳо бо андак тобиши овоӣ аз ҳамдигар фарқ мекнанд.
  4. Фонетикаи умумӣ- масъалаҳои умумии сохти овозии забонро мавриди баҳс қарор медиҳад, ин бахш дар такя бо маводи забони табиати моддию забоншиносии ҳодисаи овозҳо, қонуниятҳои умумии овозҳо, тағйирёбии онҳо ва ғ. меомузад. Умуман овозшиносӣ бахши серсоҳа буда, бо физика, физиология ва дигар соҳаҳо робитаи зич дорад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив