Психологизм дар сотсиология кӯшишест дар роҳи маънидод намудани моҳияти инсон ва жомеа, қонуниятҳои равнақу инкишофи онҳо ба воситаи падидаҳои психологӣ. Намояндагони ин равия моҳияти психикии инсониро ҳаржониба омӯхта кӯшиш мекунанд бо ёрии онҳо ҳодисоти жамъиятро шарҳ диҳанд.
Инкишофи сотсиологияи психологӣ дар се мажро сурат гирифтааст; психологияи халқҳо, психологияи гурӯҳҳо ва интераксионизм. Намояндаи мажрои «психологияи халқҳо» Вилгелм Вунд бори аввал кӯшида буд, ки бо ҳам алоқамандии маданият ва шуури фардиро ба таври мушаххас омӯзад, лекин дере нагузашта маълум шуд, ки на ҳамеша бо чунин усул ҳодисоти жамъиятиро дуруст фаҳмида гирифтан мумкин аст. Намояндаи мажрои «психологияи халқҳо» Гостав Лебон ба марҳилаи нав ворид гардидани халқҳои Аврупоро таъкид намуда ин марҳиларо «давраи издиҳом» меномад ва хосияти ин давраро ҳамчун фурӯнишонии мафкураи шахс аз тарафи шуури аксарият меҳисобад. Издиҳом бошад ба ақидаи ӯ, гурӯҳи калони одамоне мебошанд, ки мубталои ғояи умумӣ, худбоварӣ, бемасъулиятӣ, бетаҳаммулӣ, таъсирнопазирӣ, ҳозир будан ба рафтори беихтиёрона, пайравӣ намудан ба пешвоёни тасодуфӣ мебошанд. Олими дигари ғарб Г.Гард бошад муносибатҳои ижтимоии одамонро ҳамчун тақлидкорӣ маънидод намуда, вазифаи сотсиологияро омӯхтани қонуниятҳои тақлидкорӣ меҳисобад. Асосгузори интераксионизми рамзӣ файласуф ва сотсиологи амрикоӣ Жорж Герберт Мид (1863-1931) буда, вай афзалияти сарчашмаи сотсиологияи ичтимоиро нисбат ба инфиродӣ таъкид мекунад.
Ба ақидаи ӯ инсон худро танҳо бо роҳи мушоҳида намудани одамони дигар, ки ҳамчун оинаи психологӣ ба вай таъсир мекунад, дар ҳамкорӣ бо онҳо дарк карда метвонаду халос.
Самти психологӣ дар сотсиологияи муосир ғояҳои ижтимоӣ-фалсафӣ ва сотсилогиро дар бар гирифта таъсири назарияи мактаби табиби рӯҳшиноси австриягӣ Зигмунд Фрейдро (1856-1939) дар худ тажассум намуда, инчунин ба тадқиқоти амалии сотсиологӣ такя намуда назарияи худро асоснок мекунад.
Самти психологӣ дар сотсиология
Мавзуҳои монанд:
- Сотсиология ҳамчун илм
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Умумиятҳо ва гурӯҳҳои иҷимоӣ
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
Комментарии (0)