гирифта, ба он вобаста мебошад. Ин раванд тақозо мекунад, чомеашиносон, сотсиологҳо, сиесатшиносон масъалаи тағироти иҷтимоӣ шаклҳо, сарчашмаҳо, қувваҳои ҳаракатдиҳандаи онро ҳарҷониба омӯхта, таъсири бевоситаи онро ба ҳаёти инсоният, арзишҳои умуминсонӣ муайян созанд.
Дар илми ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ давоми солҳои тӯлони мафҳумҳои «тағироти иҷтимоӣ» ва «инкишофи иҷтимоӣ» ҳамрадиф шуморида шуда, бештар мафҳуми инкишофи иҷтимоӣ истифода мегардид. Ҳол он, ки ин ду мафҳум аз нуқтаи назари маъно ва мундариҷа фарқ мекунанд. Мафҳуми инкишофи иҷтимоӣ як намуди тағироти иҷтимоиро, ки он маҷрои беҳбудӣ, мураккабшавӣ, такмилёбӣ рушду нумӯи иҷтимоиро дар бар мегирад. Лекин, дар ҷомеа, дигаргуниҳои зиёде ҷой доранд, аз қабили, ташаккули ҷомеаи нав, болоравӣ, таназзул, барҳамхӯрӣ, давраи гузариш, ҳолати гузариш ,бӯҳрон ва ғайраҳо.
Мафҳуми «тағироти иҷтимоӣ», бошад тамоми таҳаввулоти иҷтимоиро қатъи назар аз маҷрои такомул ё таназзули он фаро мегирад. Сотсиология бо мафҳуми тағироти иҷтимоӣ бадалшавии сохт, табақабандии (стратификатсия) умумиятҳо, ҷараёни он, институтҳо, ташкилотҳо ва робитаи байни онҳоро ифода намуда, таҳлил мекунад. Тағироти иҷтимоӣ дигаргуниҳои дар фосилаи муайяни вақт ба вуҷуд омадаи умумиятҳо, гурӯҳҳо, институтҳо, ташкилотҳо ва ҷамъиятро, фаро гирифта, алоқамандии байниҳамдигарии худи онҳо ва фардҳои алоҳидаро ошкор месозад. Умуман, тағироти иҷтимоӣ, ин гузаштани объектҳои иҷтимоӣ аз як ҳолат ба ҳолати дигар мебошад. Тағироти иҷтимоӣ, метавонад дар муносибати байни шахсон зоҳир гардад (тағирёбии сохтор ва вазифаҳои оила), метавонад дар таркиби ташкилот ва институтҳо (тағироти маориф, илм, фарҳанг), метавонад дар таркиби умумиятҳои хурд (дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир тағир ёфтани таркиби иҷтимоии аҳолӣ) ва метавонад дар сатҳи минтақавӣ, глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ (кӯчбандӣ ва муҳоҷирот), бо суръат инкишоф ёфтани баъзе кишварҳо, карахтӣва бӯҳрони дигар кишварҳо, таҳдиди ҳарбӣ ва экологӣ ба инсонят, зоҳир гардад.
Дар ҷомеаи муосир чор намуди тағиротҳои иҷтимоиро мушоҳида намудан мумкин аст:
- Тағироти ба сохтори ташкилотҳои иҷтимоӣ вобаста буда. Аз қабили бисёрзанӣ, якказанӣ, бефарзандӣ, бисёрфарзандӣ ё камфарзандӣ, инчунин, тағиротҳо дар тадқиқи гурӯҳҳои хурди одамон ва сохтори ҳокимият.
- Тағироте, ки дар ҷараёни баҳам таъсирасонӣ ва алоқамандии умумиётҳои гуногуни одамон зоҳир мегарданд, аз қабили якдилӣ ё шиддатнокӣ, ихтилоф, баробарҳуқуқӣ ё нобаробарҳуқуқӣ, тобият ва ғайраҳо.
- Тағироте, ки ба вазифаи сохторҳои гуногуни иҷтимоӣ вобаста мебошанд, аз қабили салоҳиятҳое, ки ба сохторҳои қонунгузор ва иҷроия дода шудааст (мувофиқи конститутсия).
- Тағироте, ки аз мақсадҳои фардҳои алоҳида ва гурӯҳи одамон сар мезанад. Мусаллам, аст ки талабот, завқу ҳавас бетағир намемонанд. Масалан, дар ҷомеи ҳозира рақобату кӯшиши авалиндараҷаи як қисми одамон ба даст даровардани пулу мол, сарватманд шудан аст, ин омил ногузир ба рафтор, кирдор, тарзи фикрронӣ ва шуури онҳо таъсир мерасонад, боиси тағирёбии фард ва ҷомеа мегардад.
Лекин тағирот дар як муҳити иҷтимоӣ худ ба худ боиси ба вуҷуд омадани тағирот дар дигар доираҳои ҳаётӣ намегардад. Ба монанди он ки сарватманд шудан, худ бахуд одамро бофарҳанг намекунад.
Таркиби тағиротҳои иҷтимоӣ. Масъалаи таҳқиқи таркиби тағироти иҷтимоӣ дар ҷомеи ҳозира диққати ҳамаи сотсиологҳои машҳури ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Ба ҳамин сабаб дар чорчӯбаи тадқиқотҳои сотсиологии муосир қисмҳои; оморӣ сотсиологӣ (сотсиологияи статистикӣ), таҳлили сотсиологӣ (аналитика), сотсиологияи ҷараёни инкишоф (соӣиалҳная динамика) ва генетикаи сотсиалӣ ба вуҷуд омаданд.
Воситаи муҳимтарини дарк кардани ҷомеаи инсонӣ, гузашта, ҳозира ва ояндаи он, аз нуқтаи назари таҳаввул (эволюӣионӣ) баҳо додан ба тағироти иҷтимоӣ мебошад.
Таҳаввули иҷтимоӣ – ин дигаргуншавии оҳиста, дуру дарози миқдории ҷомеа ва муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад, ки ғуншавии марҳила ба марҳила, тӯлонӣ ва давомнокро дар бар гирифта, барои сифатан навшавии сатҳи иҷтимоӣ оварда мерасонад.
Якбора, дар муддати кӯтоҳ сурат гирифтани тағироти куллии иҷтимоӣ (тағироти револютсионии сотсиалӣ) боиси дарҳамшикастани як намуди муносибатҳои иҷтимоӣ мегардад, ки он ногузир зӯровариро талаб мекунад. Чунин тағирот дар натиҷаи инқилоби иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.
Яке аз шаклҳои мураккаби тағироти иҷтимоӣ ба ҳам пайвастани таҳаввули иҷтимоӣ ва тағироти революӣионии иҷтимоӣ мебошад. Дар ҷараёни чунин тағирот дигаргуниҳо ба амал омада, метавонанд мусбӣ (пешбаранда), ё манфӣ (таназзулкунанда) бошанд.
Бо баробари ҷараёнҳои номбурдаи баҳодиҳӣ ба мазмуну моҳияти тағиротҳои иҷтимоӣ, дар сотсиологияи имрӯза чанд равияҳои дигаре вуҷуд доранд, ки онҳо паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, ҳаёти маданӣ, индустриаливу технологӣ, иктисодии чомеаро ба мадди аввал гузашта, тағиротҳои иҷтимоиро таҳқиқ мекунанд.
Бо вуҷуди ихтилоф ё гуногунақидагӣ дар таҳлили тағиротҳои иҷтимоӣ, сотсиологҳои имрӯза эътимоди комил доранд, ки омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлили тағиротҳои иҷтимоӣ, шаклу намудҳои он, барои муайян ва ошкор сохтани хосиятҳои умда ва умумии ин падида аҳамияти бузург дошта барои дуруст фаҳмида гирифтани ҷомеа, ҳолати имрӯза ва ояндаи он хизмат мекунад.
Тартиби (механизми) тағироти иҷтимоӣ. Дар ҷараёни тағироти иҷтимоӣ, навгонӣ, тавлид, пайдоиш ва мустаҳкам гардидани унсурҳои нав мавқеи муҳим дорад. Навгонӣ, маҷмӯи бунёдшавӣ, паҳн гардидан ва мавриди истифода қарор гирифтани падидаҳои нав мебошад, ки ба қонеъ гардонидани талаботи инсонӣ хизмат намуда, боиси ивазшавии муҳити иҷтимоӣ мегардад. Навгонии иҷтимоӣ, метавонад иқтисодӣ, ташкилӣ, маданӣ, технологӣ ва ашёъӣ (маводи истеъмолӣ) бошад. Дар соӣиологияи муосир ба навгонӣ ҳамчун марҳилаи тағиротҳои иҷтимоӣ баҳо дода мешавад. Худи навигарӣ, навовар, паҳнкунандаи навигарӣ, қабулкунандагони навигариҳо, унсурҳои навгонӣ ҳисобида мешаванд. Навгонӣ аз се марҳила мегузарад, инкоркунӣ, одаткунӣ ва қабулкунӣ. Умуман, ба ақидаи сотсиологҳо таркиби навгонӣ ва тағиротҳои иҷтимоӣ якчанд, зинаҳоро дар бар мегирад. Зинаи аввал, қонеъ намудани талаботи иқтисодӣ, сиёсӣ ё масъалаҳои ба ин самтҳо алоқаманд, дарёфти имконияти беҳбудӣ бахшидан дар ин ҷода. Зинаи дигар, ташвиш, ноороми, норозигӣ, умед бастан ба орзӯҳои амалинашаванда, ба ёд овардани рӯзҳои хуши гузашта. Зинаи сеюм, эҳтиёткорона, оҳиста-ҳаста мақбул донистани навгониҳо ва ниҳоят, ба тарзи зиндагӣ табдил ёфтани навгонӣ ва тағироти иҷтимоӣ. Зоҳиршавии навгонӣ ва тағироти иҷтимоӣ ба мавҷҳои бузург монанд буда, болоравӣ ва таназзул дар ҳаёти ҷомеаи ҷахонӣ давоми 200 соли охир, тақрибан дар фоисилаи 50 сол такрор меёбад.
Омилҳои тағироти иҷтимоӣ. Сарчашмаи тағироти иҷтимоӣ метавонад омилҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бошад, зеро онҳо асоси муносибатҳои иҷтимоиро ташкил медиҳанд. Муносибатҳои иҷтимоӣ инчунин баҳамалоқамандии гурӯҳ, синф, миллат, давлатҳоро дар бар мегирад. Боҳамалоқамандии умумиятҳои номбурда ногузир ба таври кушода ё пӯшида дорои рақобати муайян мебошад, рақобати солим дар илм, техника, иқтисодиёт, сиёсат ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа боиси ривоҷу равнақ ва тағиротҳои пешбаранда мегардад.
Дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣва сиёсӣ, муборизаи синфӣ, махсусан муборизаи синфи коргар барои ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва сиёсии худ саҳми сазовор гузоштааст. Чунин мубориза асри ХIХ ва ниммаи авали асри ХХ авҷ гирифта дар кишварҳои сершумори дунё боиси болоравии сатҳи зиндагии синфи коргар ва дигар табақаҳои аҳолӣ, кӯтоҳ шудани соати корӣ, ба даст оварда шудани ҳифзи иҷтимоии қишрҳои камбизоат ва миёнаҳоли ҷомеа гашта буд.
Лекин, дар замони ҳозира омили муҳимтарини тағироти иҷтимоӣ технология ва идеологияи нав ба ҳисоб меравад. Омили технологии тағироти иҷтимоӣ ривоҷи пуравҷи илмию-техникиро дар бар гирифта ба ҳаёти ҷамъиятӣ, таъсири муассир ва ҳарҷониба дорад. Тағиротҳои технологӣ– табдил ва такмили меъёрҳои нави иҷтимоӣ, ташаккули арзишҳои нави иҷтимоиро тақозо мекунад. Техника ва технологияи нав барои одамон имконият ва заруриятҳои нави муносибати байнихамдигариро ба вуҷуд меорад. Телевизор, компутер, интернет телефони киссагӣва ғайраҳо на танҳо хосияти меҳнатро тағир медиханд, балки азхудкунии донишҳои нав, баланд бардоштани маҳоратро тақозо намуда, тарзи нави муошират ва муносибатро ба миён меоварад.
Бо баробари омили технологӣ, омили идеологии тағироти иҷтимоӣ низ дар ҳаёти ҷомеа мақоми муҳим дорад. Омили идеологӣ тавассути барномаи амали ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои мардумӣ, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани онҳо дар ҷомеа дигаргуниҳои ҷиддии сиёсӣ ва иқтисодӣ ба амал меоянд, зоҳир мегардад. Ҳама навъҳои тағироти иҷтимоӣ, хусусияти идеологӣ доранд. Ҳар қадар дигаргуниҳо назаррас ва бузург бошанд, ҳамон қадар таъсири идеология бештар ба назар мерасад. Тавассути идеология гурӯҳҳо ва синфҳои иҷтимоӣ, ё пеши роҳи тағиротро мегиранд, ё тағиротро талаб мекунанд.
Тағироти иҷтимоӣ, ки дар ҷараёни муборизаи сиёсӣ ё бозиҳои сиёсӣ ба амал меоянд, аксаран ҳамчун фаъолияти сиёсию идеологии партияҳо зоҳир мегарданд.
Пешравии иҷтимоӣ. Бо мафҳуми пешравии иҷтимоӣ, дар сотсиология такмили сохтори ҷомеа ва ҳаёти мадании он ифода карда мешавад. Такмили сохтор ва маданият бошад, мазмуни инкишофи ҳамаҷонибаи ҷамъиятро, ки хусусияти гузаштан аз дараҷаи поёнтар ба болотар, аз нокомил (дорои ноқисиҳо) ба комилро дорад. Пешравии иҷтимоӣ чунин шакли инкишоф мебошад, ки дар ҷараёни он, худи ҷамъият ё унсурҳои таркибии он, зуҳуроти алоҳидаи он, ба дараҷаи болотар равнақу инкишоф меёбад, тағиротҳое ба вуқӯъ мепайванданд ки хусусияти мусбӣ доранд. Аслан, инкишофи ҷомеаи инсонӣ, самти болоравиро дорост. Таърихи башарият, аз зинаҳои аввалини мавҷудияти худ, ҷомеаи ибтидоӣ, сар карда, то имрӯз майли бадалшавии пешраванда дорад, лекин бояд дар назар дошт, ки пешравии иҷтимоӣ хусусияти ихтилофӣ низ дорад. Ихтилоф ё таззоди пешравии иҷтимоӣ пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки инкишофи баъзе ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бо баробари пешбурди самти муайяни иҷтимоёт, боиси бозгашт ё қафоравии самти дигар мешавад. Масалан, агар тағироти кулии дар кишварҳои собиқ СССР, аз чумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 10-15 соли охир рух додаро таҳлил намоем аён аст, ки дар ҳаёти ҷомеа пешравиҳо дар баъзе самтҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегарданд, бо баробари ин падидаҳои сершумореро (коҳиши маънавиёт, бекорӣ, нашъамандӣ ва ғайраҳо) аломати қафомонист. Барои ҳалли ихтилоф дар пешравии иҷтимоӣ, одатан дар ҷомеаи муайян ё кишварҳои алоҳида ислоҳоти иҷтимоӣ гузаронида мешавад. Ислоҳоти иҷтимоӣ одатан бо ташаббуси структураҳои давлатӣаз «боло» гузаронида шуда, мақсади он сохти давлатдориро тағир надода, такмил додани сохтори муайян мебошад, ки он бояд ба ҳаёти иҷтимоӣ, таъсири мусбӣ расонад.
Субот (устувории) иҷтимоӣ. Суббот – устувории иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҳаёт, орзуву омоли тамоми ҷомеаи инсонӣ ва мардуми тоҷик мебошанд. Сотсиология, суббот ё устуворӣ гуфта, нигоҳ доштани фаъолияти мӯътадили сохторҳои иҷтимоӣ, барқарор намудан ва нигоҳ доштани мувозинати паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиро дар назар дорад. Суботи иҷтимоӣ шарти зарурӣ ва ногузири мавҷудияти ҷомеа мебошад. Баъзе сотсиологҳо, устувории иҷтимоиро ҳамчун шакли мустаҳкам ва бетағир мондани муносибатҳои мавҷудаи мусбӣ маънидод мекунанд, лекин чунин ҳолат ногузир ба карахтӣ, қафомони сабаб мегардад. Аз нуқтаи назари сотсиологияи пешқадами имрӯза, суббот ё устувории иҷтимоӣ, ин навшавии сохторҳо, муносибатҳо, падидаҳои иҷтимоӣ дар таркиби ҷомеаи ягона, ва муттаҳид мебошад.
Он ҷомеае босубот ва устувор шуморида мешавад, ки бо баробари тағирот ва инкишоф, устуворӣ, муттаҳидӣ ва ягонагии худро нигоҳ дошта тавонад. Чунин ҷомеа қодир аст тағиротҳои мусбӣ ва муфидро ба маҷрои муайян равон намуда, манфиатҳои ҷомеаро ба мадди аввал гузошта, пеши роҳи муборизаи сиёсии таккондиҳанда ва харобиоварро гирад. Дар ҷомеаҳое, ки режимҳои тоталитарӣ ё авторитарӣ ҳукмронӣмекунанд ҳолати суббот ва устуворӣ давоми марҳилаи муайян пойдор мемонад, лекин суббот ё устуворӣ дар чунин минтақаҳо давомнок нест. Дар чунин кишварҳо ногузир «таркишҳо» муноқишаҳо, низоҳо ва ноустувории иҷтимоӣ пайдо мегарданд.
Ба ҳамин тариқ суботи иҷтимоӣ ё устувории иҷтимоӣ, дар ҷомеа ба тариқи роҳ надодан ба тағиротҳои иҷтимоӣ не, балки бо роҳи дар вақт ва мавқеи зарурӣ, дастгирӣ ва ворид сохтани тағиротҳо ба ҳаёти ҷомеа ба даст оварда мешавад. Тағиротҳои иҷтимоӣ, шарти зарурӣ ва унсури муҳимтарини суббот ва устувории ҷомеа мебошад.
Саволҳо доир ба мавзӯъ:
- Мафҳуми тағироти иҷтимоиро шарҳ диҳед ва шаклҳои онро номбар кунед.
- Таркиби тағиротҳои иҷтимоиро муайян созед.
- Механизми тағироти иҷтимоиро муайян созед.
- Омилҳои тағироти иҷтимоӣ кадомҳоянд?
- Мафҳуми пешравии иҷтимоиро шарҳ диҳед.
- Суботи иҷтимоӣ чист ва чи гунна пойдор карда мешавад?
Комментарии (0)