Бо баробари умумиятҳои калони одамон, фард низ баранда ва дорандаи рафтори иҷтимоӣ аст. Зеро фаъолият, амал ва рафтори фарди алоҳида метавонад сабаби ҳодисоти гуворо ё ногувори иҷтимоӣ гардад. Масалан, қарори зану шавҳар оиди фарзанддор шудан ё нашудан, миқдори фарзандон дар оила, метавонад сабаби ё аз ҳад зиёд шудани аҳолӣ – бӯҳрони демографӣ ё аз ҳад кам шудани таввалуд ва таназзули иҷтимоӣ гардад.
Гуногуншаклии рафтори иҷтимоии оммавӣ. Рафтори иҷтимоии оммавӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад, яке аз шаклҳои он дар илми сотсиология ҳаракати иҷтимоӣ номида шуда фаъолияти гурӯҳи калони одамон ё якчанд гурӯҳҳоро таҷассум мекунад, ки барои ноил гардидан ба хадафҳои иҷтимоии онҳо, барои қонеъ гардонидани ягон талаботи онҳо, ҷараён мегирад. Он, кӯшиши муташаккилонаи одамон аст барои ҷорӣкардан ё моне шудан ба тағиротҳои иҷтимоӣ.
Ҳаракати иҷтимоӣ вобаста ба хусусияти тағироти иҷтимоӣ, ки ба ҷорӣ кардани он равон гардидааст, тасниф карда мешавад. Ҳаракати оммавии иҷтимоӣ метавонад хусусияти сиёсӣ дошта бошад, метавонад бе обуранги сиёсӣ сурат гирад. Ҳангоми зоҳиршавии ҳаракати иҷтимоӣ ҳамчун талабот нисбат ба давлат, вай хосияти сиёсӣ гирифта, ҳисоб меёбад. Чунин ҳаракатҳо хоҳ хусусияти сиёсӣ дошта бошанд, хоҳ не ҳатман мазмуни иҷтимоиро дорост. Дар замони ҳозира ҳаракати занон, ҳаракати ҷавонон ва дигар намудҳои ҳаракати иҷтимоӣ хеле паҳн гаштааст.
Ҳаракати иҷтимоӣ, инчунин дар шаклҳои хаёлпарастона, ислоҳотталабона, ақиб кашанда ва инқилобхоҳона зоҳир мегирад. Ҳаракати хаёлпарастона барои сохтори идеалӣ (хубтарин) такмилёфтатарин бурда мешавад, ки ҳанӯз ба ягон ҷомеа муясар нашудааст. Ҳаракати ислоҳотталабона, бо мақсади сохтори умумии ҷомеаро тағир надода ба он дигаргуниҳо дохил намудан, ҷараён мегирад. Ҳаракати ақиб кашанда (муқовимат), барои пешгирӣ кардани ислоҳотҳои пешбинӣ шуда ё амалӣ гардида, бурда мешавад. Ҳаракати инқилобӣ бошад, барои сарнагун намудани сохтори мавҷудаи иҷтимоӣ ва бунёд намудани тартиботи нави иҷтимоӣ ҷараён мегирад. Ҳама гуна ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар натиҷаи норозигӣ аз сохтори мавҷудаи иҷтимоӣ сар мезанад. Норозигӣ бошад натиҷаи мақбул нашуморидани шароити мавҷуда, аз тарафи гурӯҳи калони одамон аст. Дар ҷомеаи устувор ҳаракати иҷтимоӣ бештар хусусияти маданиву фарҳангӣ мегирад.
Рафтори инфиродӣ (шахси алоҳида). Рафтори инфиродӣдар таркиби рафтори иҷтимоӣ, мақом ва мавқеи махсус дорад. Рафтори инфиродӣ – ин амал ё кирдори аз берун мушоҳидашаванда, фаъолият, муносибати одами алоҳида мебошад, ки ногузир бо дигар одамон ва ҷомеа алоқаманд аст. Дар муошират бо дигарон рафтори инфиродӣ мазмуни иҷтимоии худро зоҳир месозад. Бинобар ҳамин ҳам, ҷомеа, бузургон ва давлат, ҳамеша ва пеш аз ҳама ба рафтори инфиродии ҳамида, ахлоқи наҷиби насли ҳозираву оянда диққати махсус медиҳанд. Рафтори инфиродӣ бояд дар чорчӯбаи арзишҳои пурқимати авлодиву миллӣ сурат гирад. Сотсиология бо баробари муайян сохтани шаклҳо, намудҳо ва меъёрҳои рафтори иҷтимоӣ ва инфиродии мусбӣ, ба афроди алоҳида ва ҷомеа мақбул, рафтори нораво, ғайри мақбули иҷтимоиро таҳлил намуда роҳҳои пешгирӣ кардани онро муайян мекунад. Рафтори одамон на ҳамеша ба меъёр ва арзишҳои иҷтимоии қабул шуда мутобиқат мекунанд. Бо баробари рафтори инфиродии мақбулу мусбӣва ҳамида, дар ҷомеа, кирдори ношоями инфиродӣ низ ҷой дорад. Рафтори ношоям, маҷмӯи кирдор ва фаъолияти одамонест, ки аз чорчӯбаи қабул гардида, қолабҳои рафтори иҷтимоӣ ба кулли фарқ мекунад, бо он ихтилоф дорад. Ҷомеа бо роҳу усулҳои гуногун, таълиму тарбия, талқин намудани ананаҳои авлодиву миллӣ, намуна овардани рафтори наҷиби бузургон ва волидони намунавӣ, нишон додани самараи ахлоқи ҳамида, кирдори номақбулро маҳкум меккнад.
Бо баробари ин рафтори барои як ҷомеа ношоям – гайримақбул, шуморида шаванда, метавонанд барои ҷомеаи дигар,мақбул ва мусбӣ шуморида шавад.
Назорати иҷтимоӣ. Одамон аксаран аз ноқисии интизомии ҷамъиятӣ нороҳат мегарданд. Дар сотсиология интизоми ҷамъиятӣ бо мафҳуми тартиботи иҷтимоӣ ифода карда шуда, вай маҷмӯи афрод, алоқамандии онҳо, урфу одатҳоро дар бар мегирад, ки онҳо омили фаъолияти гуногунҷанби одамон буда, барои мавҷудият ва амали сохтори муайяни ҷомеа хизмат мекунад. Бо вуҷуди мавҷуд будани каҷравиҳои иҷтимоӣ ва инфиродӣ (дар афкор, рафтору кирдор) сохтори иҷтимоӣ фаъол мемонад, амал мекунад, миллионҳо одамон зиндагӣ ва меҳнат мекунанд. Муҳимтарин омили фаъолияти сохтори ҷомеа, назорати иҷтимоӣ мебошад. Назорати иҷтимоӣ, воситаи ба танзим дароварандаи унсурҳои гуногун ва сершумори иҷтимоӣ, тавассути меъёрҳои мухталиф (аз ҷумла меъёрҳои ҳуқуқӣ) мебошад. Назорати иҷтимоӣ бо ёрии ду унсури асосӣамалӣ мегардад: меъёрҳо (қоидаҳо) ва муҷозот (чораҳои ҷазодиҳанда). Меъёрҳо, нишондод ва ҳидояти иҷтимоиро доир ба рафтори ҳамида, ки он мақбул дар ҷомеа аст, ифода мекунанд. Муҷозот, бошад воситаи ҳавасмандкунӣ ва ҷазодиҳӣ мебошад, ки вай одамонро барои иҷрои меъёрҳои иҷтимоӣ водор месозад. Дар ҷомеае, ки рӯҳияи эҳтироми анана, хулқу атвори ҳамида, бузургдошти маданияти баланди рӯҳонӣ (аз ҷумла дини) миллӣ, авлодӣ, дар сатҳи баланд қарор дорад, назорати иҷтимоӣ, таъсири ҳалкунанда дорад. Масалан, дар кишварҳои ба ананаҳои умумибашарӣ ва исломӣ эҳтироми казои дошта, аз ҷумла дар Тоҷикистон, барои шахсе, ки дар ҷои ҷамъиятӣ бо рафтори ношоям роҳ медиҳад, як нигоҳи маҳкумкунандаи калонсолон кофӣ аст, ки ӯ аз ин рафтораш даст кашад. Ба ин муносибат, як ҳодисаро, ки дар ш. Хуҷанд мушоҳида гардид овардан кофист.
Моҳи рамазон, ба яке аз сартарошхонаҳо, ки усто шахси миёнсол ва рӯзадор буд, марде бо мақсади паст кардани мӯи сараш даромада, навбат гирифта нишаст, аз ӯ бӯи ғализи шароб меомад. Аввалан, ҳозирин (хурду калон) ба ӯ бо назари маҳкумкунанда нигоҳ карданд, сониян сартарош ба ӯ бееътиноёна «ман мӯи сари шуморо намегирам» гуфт. Ба назар чунин мерасид, ки он мард дар як лаҳза, ба одами радди маърака гардида, маҳкумшуда табдил ёфт, сурху сафед шуда, як ҳарф ҳам нагуфта аз сартарошхона берун рафт… чунин аст таъсири назорати иҷтимоӣ дар ҷомеаи солим.
Назорати иҷтимоӣ дар ду шакл сурат мегирад; расмӣ ва ғайрирасмӣ. Назорати расмии иҷтимоӣ тавассути муассисаҳо амалӣ мегардад. Бо ин мақсад ташкилотҳои махсус созмон дода мешаванд, ки онҳо қоидаҳои муайянро кор карда баромада, иҷрои онро талаб мекунанд, аз қабили ҳуқуқи ҷиноӣ
Назорати ғайрирасмии иҷтимоӣ – тарзи таъсиррасоние мебошад, ки бо роҳи танқид ё писханд, сурат гирифта метавонад ва то андозае пеши роҳи зоҳиршавии рафтори ношоямро, мегирад. Чунин назорат, инчунин метавонад дар шакли хайрхоҳона назар кардан ба рафтор, «боракалло» гуфтан, нигоҳи ҷазодиҳанда ва хашмгинона кардан, насиҳат кардан сурат гирад. Хусусияти хоси мардуми машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон дар он зоҳир мегардад, ки дар ин кишварҳо таъсири назорати иҷтимоии ғайрирасмии (маҳкумкунӣ ё саногӯӣ) иҷтимоӣ, нисбат ба таъсири назоратии расмии иҷтимоӣ (қонунҳои ҳуқуқӣ) муассиртар ва васетар ба назар мерасад. Масалан, аксари одамон аз ради маърака шудан бештар меҳаросанд, нисбат ба қонунҳои ҷиноӣ.
Назорати иҷтимоӣ, бо усули баҳампайватсани фард бо ҷомеа инчунин таъсири гурӯҳ ба фард зоҳир мегардад. Одамон бояд ҳамон тавр рафтор кунанд, ки ба ҷомеа зарур аст. Баъзан одамон дарк накарда ҳамчун одат амал ва рафтор мекунанд, дар натижа ихтолоф зоҳир мегардад. Ихтилоф бо меъёрҳои қабул шуда, кори ношоям ва хавфнок шуморида мешаванд. Бинобар ин ҳар як аъзои гурӯҳ, бояд мувофиқи меъёрҳои муайяншудаи гурӯҳ амал кунад, дар акси ҳол ҳатман ба чораҷӯии муҷозотӣ дучор мегардад.
Ба ҳамин тариқ назорати иҷтимоӣ, шаклу намудаҳои он, усулу воситаҳои ҷараёни он, ба рафтори инфиродӣ ва иҷтимоии одамон таъсири амиқ ва ҳарҷониба дорад.
Низои иҷтимоӣ. Аз маҷмӯи рафтори иҷтимоӣ, низои иҷтимоӣ мавқеи хоса дорад. Мазмуни низои иҷтимоӣ, дар ҷараёни инкишоф, ҳал намудани муносибат ва фаъолияти баҳамзидди одамонро, ки аслан вай маҷрои қонунии инкишофи ҷомеаро инъикос мекунад, ифода мекунад. Ду шакли баҳампайвастаи мухолифат, ки асоси низои иҷтимоиро ташкил медиҳад аз ҳамдигар фарқ мекунад.
- Фаъолияти кушоди мухолиф.
- Ҳолати руҳонии (психологии) мухолиф, ки дар сатҳи инфиродӣ ё гурӯҳи вуҷуд дошта, дар фаъолияти одамон ошкоро зоҳир намегардад.
Тарафҳои мухолиф дар марҳилаи пешазихтилофӣ, инчунин тарзи амали худро, стратегияи фаъолиятро, муайян сохта, яке аз усулҳоро, баъди омухтани тарафҳои ноустувору очизи рақиб, интихоб мекунад.
Марҳилаи дуюм, худи ихтилоф мебошад, ки он рӯй додани низо (инӣидент), фаъолияти иҷтимоиро барои тағир додани амали рақиб, дар бар мегирад. Ин марҳилаи зоҳиршавии бевосита ва фаъолонаи низо буда, онро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Ба гурӯҳи аввал фаъолияти бевоситаи мухолифона дар шакли мубоҳисаи шадид, инҳисори иқтисодӣ, таъсиррасондӣ бо қувва ва мухолифати сиёсӣ дохил мешавад. Азбаски мухолифат дар байни одамон ва муҳити иҷтимоӣ сурат мегирад миқдори мардуми ба низо кашида шуда метавонад ба зуди афзоиш ёбад. Шаклҳои номбаршудаи ихтилоф, одатан кушоду равшан бурда шуда метавонад сабаби ихтилофи васе гардад.
Гурӯҳи дигари ихтилофҳо, зиддияти рӯпушонаест, ки ҳар лаҳза ба рақобати кушод табдил ёфта, барои водор намудани рақиб ба фаъолияти начо, ба худи ӯ зараровар ва фошсозандаи мақсадҳои ниҳоии ӯ, бурда мешавад.
Нишонаҳои марҳилаи ҳалли ихтилоф, таскин ёфтани низо, хотима ёфтани рақобати кушод, байни чонибҳои мухолиф мебошад. Лекин, ҳалли ихтилоф ҳанӯз мазмуни пурра бартараф гардидани ихтилофро надорад. Барои ҳалу фасли низоҳои ихтилофӣ, барҳам додани вазъи ихтилофӣ, сабабҳои иҷтимоӣ ва психологии низо зарур мебошад.
Низо, ихтилоф, мухолифат, рақобати иҷтимоӣ дар шароити имрӯзаи ҷахон, дар шаклу намудҳои гуногун зоҳир гардида, сабаб гардидааст, ки дар таркиби илми ҷомеашиносӣ, самти нав - низошиносӣ ба вуҷуд ояд. Мақсад аз омӯзиши низову ихтилофоти иҷтимоӣ дарёфт намудани роҳу усулҳои мусолиматомези ҳалли низоҳо мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташкилотҳои сершумори байналхалқӣ, аз чумла Созмони Миллали Муттаҳид дар роҳи пешгирӣ намудан ва ҳал намудани низоҳҳои иҷтимоӣ сахми сазовор гузошта истодаанд.
Мисоли равшани ҳалли низои иҷтимоӣ, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ба даст овардани ваҳдати миллӣ буда, он бо иқдом ва иродаи қавии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон амалӣ гардида дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун сиёсати дурандешона шинохта шуда, ҳамчун таҷрибаи пурқимати ҳалли низову ихтилофи иҷтимоӣэътироф гардидааст.
Саволхо доир ба мазӯъ:
1.Барндагони рафтори ичтимои кихоанд?
2.Шаклхои рафтори ичтимои оммави кадомхоанд?
3.Рафтори инфроди, мъёр ва намудҳои онро номбар кунед.
4.Мафхуми назорати ичтимои чиро ифода мекунад?
5.Низои ичтимои чист?
Комментарии (0)