Фалсафаи маорифпарварии франсавӣ


Мафҳумҳои асосӣ: маърифатпарварӣ, энсиклопедия, манфиатҷӯӣ, ноумен, феномен, дониши априорӣ ва апостериорӣ, идеализми мутлақи объективӣ, системаи Гегел, диалектикаи Гегел, рӯҳи мутлақ, ҳамамантиқӣ (панлогизм), материализми антропологӣ, ягонагии Ман ва Ту, хушбахтии шахсӣ.
Фалсафаи асри XVIII-и Фаронса дар заминаи ташаккули муносибатҳои иҷтимоии буржуазӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин давра муносибатҳои истеҳсолии капиталистӣ ташаккул ёфтанд. Муносибатҳои нави истеҳсолӣ ва қувваҳои нави истеҳсолкунанда бужуазияро ба тараққӣ додани илму фан водор мекарданд. Аз ин ҷиҳат, вай ба фалсафа, ки асоси методологии инкишофи илмҳои дигар мебошад, эҳтиёҷ дошт. Асоси илмӣ-табиии фалсафаи асри XVIII асосан механика, астрономия, математика буда, ғайр аз инҳо ба химия, биология, илми тиб ва геология низ такя мекард.
Фалсафаи фаронсавӣ якҷоя бо комёбиҳои табиатшиносии замон методи механистию метафизикии онро ҳам қабул кард. Дар ин давра кимиёю биология ва дигар илмҳои табииёт ҳанӯз дар ҳолати ибтидоии ташаккул қарор дошт. Фақат механика ва математика инкишоф ёфта буд, бинобар он қонунҳои механикаро ба дараҷаи қонунҳои умумӣ бардошта, ҳодисаҳои кимиёвӣ, биологӣ ва ғайраро дар асоси принсипҳои он эзоҳ медоданд.
Мақсади маорифпарварӣ танқиди идеологияи феодалӣ, таассуби динӣ, тарғиби озодии эътиқод ва талаби озодии афкори илмию фалсафӣ буд. Ҳалли ин вазифаҳо ба фаҳми омма наздик кардани фалсафаро тақозо менамуд. Мувофиқи ин талабот маорифпарварон таълимоташонро ба забони содда дар шакли асарҳои ба омма фаҳмо: мақолаҳои мубоҳисавӣ, памфлетҳо, луғатномаҳо, саволу ҷавоб баён мекарданд.
Ҳамкории маорифпарварон фақат бо баҳсу мубодилаи афкор маҳдуд намешуд. Ҳамкории онҳо боиси эҷоди Энсиклопедия (Қомус) гардид. Роҳбар, муҳаррир ва муаллифи мақолаҳои зиёди он файласуфи аз ҳама боистеъдод Дидро буд. Вазифаи муҳаррири қисми илмҳои физикаю математикаро олими машҳур Даламбер иҷро мекард.
Қомус мебоист тамоми муваффақиятҳоеро, ки инсоният то ин рӯз дар соҳаи адабиёту санъат, илму фалсафа, техника, саноат ва истеҳсолот ва ҳунармандӣ ба даст оварда буд, фаро мегирифт. Мақсади асосии он пеш аз ҳама тарғиби илму фарҳанг ва маорифпарварӣ буд. Файласуфони фаронсавӣ системаи томи таълимоти фалсафиро ба вуҷуд оварданд, ки он масъалаҳои муҳимтарини онтологӣ, гносеологӣ ва сотсиологиро фаро мегирад. Нуқтаи ибтидоии фалсафаи моддагароии фаронсавӣ эътирофи табиати беинтиҳои абадию азалӣ мебошад.
Волтер (1694-1778)
ВолтерЯке аз пешвоёни ақидавии Маорифпарварии Фаронса, нависанда ва мутафаккир – Волтер (Мари Франсуа Аруе) на танҳо дар таърихи тамаддуни Фаронса, балки дар таърихи тамоми башарият дорои мақоми намоён мебошад.
Волтер клерикализм* ва дигар шаклҳои сўистифодаи калиссоро зери танқиди сахт мегирад. Волтер эътиқоди ҳатмиро ба Худо ҳамчун ба муҳарики авали Коинот эътироф менамояд. Сабаби ниҳоии ҳаракати мавҷудот, андеша ва умуман зуҳуроти руҳониро Волтер дар пайдоиши қувваи худовандӣ медид. Волтер имкони мавҷудияти ҷамиятро бе эътиқод ба Худо тасаввур намекард. Ў ба таври қатъӣ бар зидди ақидаи Бейл дар нисбати ҷамияти иборат танҳо аз атеистҳо, баромад. Ба ақидаи Волтер «ин дар ҳақиқат ҳам даҳшат мебуд». Волтер чунин нуқтаро пайгирӣ мекунад, ки «агар ақида оиди Худо намебуд, ўро бояд фикр карда мебароварданд, аммо Ў дар пеши мо дар ҳамаи табиат нигошта шудааст».
Волтер режими феодалиро бо ҳамаи даҳшатҳои ў танқид мекард. Ў ҳамеша даъват менамуд, ки ҳамаи шаклҳои ҷаҳолат ва ваҳшигарии феодалӣ бояд нест шаванд. Волтер пешвои эътирофшудаи ҳаракати фалсафӣ-иҷтимоӣ буд. Ў ва ҳамсафони ў озодии андеша ва суханро талаб мекарданд. Волтер мегуф «Ҷасорат пайдо кунед, ки андешаи мустақил дошта бошед». Нуқтаи назари сиёсии худро бо чунин мақол баён намудааст: «Беҳтарин ҳукумат он аст, ки дар аҳди он танҳо ба қонун итоат мекунанд».
Асарҳои Волтер: «Задиг», «Микромегас», «Кандид», «Таърихи Пётри бузург», «Таърихи Карли XII», «Асри Людовики XVI».
Жан-Жак Руссо (1712-1778)
Жан-Жак РуссоРуссо бар зидди нобаробарии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ баромад мекард. Ҷаҳонбинии диниро сахт танқид мекард, агар чанд оламро натиҷаи офариниши Худованд медонист. Нақши эҳсосро дар маърифат мутлақ ҳисоб мекард. Дар фалсафаи иҷтимоӣ баробариро ҳолати табии ҳисоб мекард. Сабаби нобаробариро дар моликияти хусусӣ медид. Идеали сохтори давлатдориро бошад дар республика медид. Ҳуқуқи мардумро дар барҳамзадани ҳаргуна ҳокимияти зиддимардумӣ ассоснок намуд.
Нуқтаи назари худро Руссо ба чунин тарз баён намуда буд: «Инсон озод таваллуд мешавад, аммо дар ҳамаҷо ў дар асорат аст». Аз инҷо бар меояд, ки табиат инсонро бадбахт накарда, балки инкишофи тамаддун ўро ба ин роҳ дучор мегардонад. Сухан пеш аз ҳама дар бораи нобаробарии молӣ меравад. Ҷудошавии мардум ба дорову нодор, ба даст овардани фоида ва дигар беадолатиҳои иҷтимоӣ зодаи моликияти хусусӣ мебошанд. Барои аз ин бадбахтии иҷтимоӣ халос шудан, ба ақидаи Руссо, тақсимоти нобаробари моликияти хусусӣ бояд барҳам дода шавад.
Дар зиёдшавии илатҳо (айбу нуқс) Руссо илму санъатро низ гунаҳкор медонист. Аз як тараф илм ва санъат худашон самари иллатҳо мебошанд: астрономия зодаи хурофот, суханварӣ зодаи бадбинӣ ва дуруғ, ахлоқ зодаи кибру ғурур ва ғ. Аз тарафи дигар онҳо манбаи ин иллатҳо мебошанд: макр, друғу бўҳтон, адовату хасисӣ.
Аммо аз ин набояд хулоса кард, ки Руссо аҳамияти илм ва санъатро дар фаъолияти маърифатӣ ва маорифпарварӣ паст карда бошад. Мақсади муҳокимаи ў чунин маънӣ дорад: «аз баски илм ба ахлоқ бештар бадиро меорад аз он ки фоида ба ҷамъият, беҳтар мешуд, ки мардум ба онҳо камтар дода мешуданд».
Воситаи дигари муассири барҳамдиҳии ахлоқи бад ба ақидаи Руссо ин сохтори таълим мебошад, ки вазифаи он тарбияи инсони муносиб, шаҳрванди фаъоли аз худпарастӣ мутлақан озод. Дар раванди амалишавии ин мақсад ў ба инкишофи қобилияти кўдак ба худшиносӣ, худтарбиякунӣ ва худомўзӣ, робита бо табиат, омўзиши ҳунармандӣ таъмини мустақилияти бештар дар ҷамъият афзалият медиҳад.
Асарҳои Руссо: «Элоизаии нав», «Эмил» (ин асар дар соли 1762 аз тарафи каллисо ҳукми сузондан гирифт). «Мулоҳиза оиди пайдоиш ва асосҳои нобаробарӣ байни мардумон», «Оиди шартномаи ҷамъиятӣ ё усулҳои ҳуқуқи сиёсӣ».
Дени Дидро (1713-1784)
Дени ДидроФайласуфи материалист, нависанда, назариётчии санъат, муасис ва муҳарири «Энсиклопедия»-и фаронсавӣ. Бар зидди дин ва калиссо баромад намуд ва дар соли 1749 дасгир гардид. Дар асарҳои худ тарафдории худро аз материализм нишон медиҳад. Худҳаракатии модда, зиддияти дохилӣ ва гуногунии онро исбот мекунад. Ў ақидаи инкишофи мудаввоми табиатро баён намуд. Назарияи динии пайдоиши шуурро инкор намуд. Ба ақидаи ў шуур танҳо дар сатҳи муайяни инкишофи олами моддӣ ба вуҷуд меояд. Дидро мавқеи сенсуалистиро тарафдорӣ ва агностисимро инкор мекард.
Асарҳои Дидро: «Андешаҳои фалсафӣ», «Андешаҳо оиди шарҳи табиат», «Усулҳои фалсафии модда ва ҳаракат» ва ғ.


* Клерикализм – љараёни сиёсии реаксионӣ, ки мақсадаш дар ҳаёти сиёсӣ ва маданӣ афзудани таъсири ташкилотҳои динист.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив