Бемории зуком


Бемории зуком
ЗУКОМ (Rhinitis), ринит, илтихоби луобпардаи бини; бемории алохида (аз сирояти микробхои мухталиф ва нихоят хунук хурдан ба вучуд меояд) ва бештар аломати чанде дигар амрози сирояти (мас., грипп, хунок, назла, сурхча ва г.) мебошад.
Дар натичаи варами (газаки) луобпардаи бини ё гулу хисси хушк шудани кисми болоии рохи нафас ва сузиши он, хамчунин атса задан пайдо мешавад. Баъди чанд руз оби бинию луоб хеле зиёд меояд. Авзои бемор кам тагйир меёбад, харорат, одатан, муътадил аст ё аз 37 – 37,5° боло намешавад. Бо вучуди ин, мариз сарашро вазнин хис мекунад, кобилияти кори паст, бо бини нафас гирифтан душвор мегардад; баъзан аз сабаби илтихоби пардаи чашм оби чашм меравад, хисси шомма суст мешавад. Хусусан З.-и кудакони ширмак вазнин аст; азбаски ворахои бинии онхо хеле танг мебошанд, андак варамидани луобпардаи бини ба ихтилоли нафас, хоб, логари (сина макида натавонистану гуруснаги)-и кудак сабаб мегардад. Баъзан илтихоб луобпардаи халкум, найчаи гуш, ханчара ва хатто касаба (бронххо)-и шушро фаро мегирад. Ба ин кабил инкишофи З. рох додан харгиз мумкин нест.
Хангоми З. чунин тадбирхои пешгири ва табобати гузаронида мешаванд: бештар нушидани чой (ширчой, асалчой, чой бо киёми марминчон, кулфинай ва г.); мувофики тавсияи духтур истеъмол кардани дорухои араковар, антибиотикхо ва г. Дар натичаи табобат варами луобпардаи роххои нафас бархам хурда, нафасгири осон мешавад. Сахт бини афшондан ва сулфаи тулони ба сироят ёфтани кисми дохилии гуш мусоидат мекунад. Аз ин ру биниро охиста (бе зур задан) афшонида, доруи зидди сулфа истеъмол намудан лозим аст. Аз табобати саривактии З. сар кашидан ва ичро накардани тавсияи духтур (мас., оид ба бистари гаштан) мучиби инкишофи З.-и музмин мегардад. Бояд дар хотир дошт, ки илтихоби бардавоми луобпардаи узвхои нафас ба раванди муътадили нафасгири халал ворид месозад.
З. хамеша окибати нихоят хунук хурдан ё амрози сирояти нест. Шахсони асабони ва хаячонпазир бештар гирифтори З.-и аллерги (З.-и вазомотори) мешаванд. Ин кабил З. бо атсазании муттасил, ихрочи барзиёди оби бини, ашкрези, хориши бинию пилкхои чашм хуруч меёбад (рузе чанд маротиба такрор мешавад).
Барои табобати З.-и аллерги дорухоеро кор мефармоянд, ки онхо хассосияти баланди организмро муътадил мегардонанд. З.-и навъи хасбеда, одатан, айёми гулшукуфти растанихои хушадор пайдо мешавад. Суйистеъмоли нушокихои спиртдор, амрози дилу гурда, шароити кории зарарнок (мас., нихоят чангу губорнок будани хаво) ба иллати музмин гузаштани З.-и шадид мусоидат мекунанд.
Дар натичаи З.-и музмин луобпардаи бини гафс шуда, окибат нафаскаширо душвор месозад ё баръакс, луобпардаи роххои нафас тунук мешавад. Дар ин сурат баркарор намудани функсияи луобпарда ва хисси шомма басо мушкил хохад гашт. Аз ин ру, ба инкишофи З.-и музмин набояд рох дод. Андешидани тадбирхое, ки З.-ро пешгири мекунанд, хусусан обутоби организм басо мухим аст.
Тавассути обутоби организм одам ба тагйири харорат,сармо ё гармозани, ба бодгар, рутубати барзиёд ё хавои хушк одат мекунад. Организмро хаво ва офтоб дода, ба оббози, намудхои тобистонаю зимистонаи варзиш муттасил машгул шудан лозим аст. Риояи коидахои бехдошт дар хона ва истехсолот хеле муфид мебошад. Хангоми чангу губор будани хавои коргох аз респиратор истифода бурдан зарур аст.
Бемории зуком ва роҳҳои нафас ҳамасола бо шурӯъ гардидани фаслҳои сармо байни мардум паҳн мегарданд. Ин гуна бемориҳо ба оҳистагӣ хуруҷ ёфта, шахси гирифторашро ҳатто аз пой баъзан меафтонад. Дар бадани шахси гирифторӣ бемории зуком ва роҳҳои нафас,  баланд гардидани ҳарорати бадан, кам гардидани иштиҳо, беқувватӣ дар аъзои бадан пайдо мешавад.   Духтурон омилҳои гирифторӣ ба ин гуна бемориро дар яку якбора сард шудани обу ҳаво шарҳ доданд.
Аз ҷумла иброз доштанд, бояд дар фаслҳои сармо шаҳрвандон   сари вақт либосҳои мавсимиро ба бар намоянд, зеро риоя накардани чунин ҳолат боиси бемории зуком мегардад.
Сабаби дигарашро дар он шаҳр доданд,ки вақти сармо мардум дару тирезаҳои худро умуман кушода намемонанду ҳавои хона дамгир мешавад, ки   ин боиси зуд паҳн гаштани вирусҳо ва бактерияҳо мегардад.
Сабаби дигари ин гуна бемориҳо ин вирусҳо мебошанд, ки агар сари вақт онро муолиҷа накунанд ба оризаҳои зиёд оварда мерасонад.
Инчунин гирифторони ин беморӣ қоидаҳои зеринро бояд риоя намоянд:
Тез-тез дастҳоро бо собун шустан.
Дар як руз на кам  аз ду маротиба гузаронидани рубу-чини намнок дар хонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ.
Риоя намудани гигиенаи шахси
Ҳангоми сулфазанӣ ва аксазанӣ даҳонро пушидан бо руймолча
Сари вақт ҳозир шудан ба табиб ҳангоми пайдошавии нишонаҳои беморӣ.
Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии беморӣ
Тирамоҳи заррин дар баробари полизи пурғановат, меваҳои лазиз ва анборҳои пурфайзаш бо худ баъзе касалиҳои мавсимиеро меорад, ки мо, одамонро нороҳат месозанд. Яке аз чунин бемориҳои дар фасли поиз авҷгиранда зуком аст, ки ҳам калонсонлон ва ҳам хурдтараконро азият медиҳад.
Беморие, ки сарҳад надорад
Ҳамасола натанҳо дар Тоҷикистони азизи мо, балки дар саросари сайёраи Замин миллионҳо одамон ба бемории сироятии грип-ОРВИ гирифтор мешаванд. Эпидемияи грип баъзан боиси муввақатан баста шудани боғчаю мактабҳо ва ҳатто аз фаъолият бозмондани корхонаҳои азими саноатӣ мегардад, масалан дар ИМА, ки яке аз давлатҳои пешрафтаи олам ба шумор меравад, ҳамасола қариб як миллиард ҳолати гирифтор шудан ба ОРВИ  ба қайд гирифта мешавад.
 Шамолкашии оддӣ, вале…
Одатан зукомро шамолкашии одӣ ҳисобида ба он чандон аҳамият намедиҳанд, вале дар асл грип касалии сироятии вирусӣ буда, дар сурати бепарвоӣ зоҳир  намудан ва сари вақт аз паси табоба нашудан метавонад чандин бемориҳои дигарро ба вуҷуд биёрад. Барангезандагони грип, ОРВИ, ларингир, фарингит ва дигар бемориҳои сироятии роҳҳои нафас риновирус, аденовирус, коронавирус, эховирус, энтеровирус, ортомиксовирус, парамиксовирус ва дигар вирусҳое мебошанд, ки ба роҳҳои нафас осеб мерасонанд ва дар натиҷа оби чашму оби бинӣ шорида,  гулӯ дард мекунаду атсаю сулфаю таб ҳоли касро табоҳ месозад.
А, В ё С?
Грипро асосан се навъи микроорганизмҳо ба вуҷуд меоранд. Сироятёбӣ аз микроорганизмҳои навъи А ва В боиси сар задани  бемориҳои сироятии мавсимӣ мегардад, ки маъмулан аз охири тирамоҳ оғоз ёфта, то нимаҳои фасли бааҳор давом мекунанд. Сироятёбӣ бо вируси навъи С камтар ба мушоҳида расида, бемориҳои нисбатан сабукро ба вуҷуд меорад.
Нишонаҳои беморӣ
Одатан грип бо баланд шудани ҳарорати бадан аз худ дарак дода, бар асари беморӣ одам худро торафт беҳолу бемадортар эҳсос мекунад.  Бинӣ маҳкам мешавад, ба назари шахси ба грип мубталошуда чунин мерасад, ки натанҳо сар ва гулӯ, балки тамоми аъзои баданаш дард мекунад. Сулфаи хушк ба бемор имкони осуда хобидан намедиҳад.
Чӣ бояд кард?
Аксари одамон грипро  бемории сабук пиндошта реҷаи бистариро риоя намекунанд. Ин хатои маҳз аст. Барои он ки ҷисматон бо вирус мубориза бурда, онро мағлуб сохта тавонад, шуморо лозим аст, ки барои организми худ тамоми шароитҳои лозимаро фароҳам оваред.   Инак, дар ҳолати ба грипп гирифтор шудан чӣ бояд кард?
Бо эҳсос намудани аввалин нишонаҳои грипп тамоми кору боратонро мавқуф гузошта, ба бистари нарм дароед ва бароҳат бихобед, то ҷисми шумо барои фаъолияти ҷисмонӣ неруи зиёдеро сарф накарда, аз паси мубориза бо микроорганизмҳои зиёновар шавад.
Мехоҳед, ки зудтар шифо ёбед? Пас бештар об бинӯшед. Одами солим бояд дар давоми рӯз 1,5-2 литр об нӯшад, ҳангоми беморӣ бошад, ду баробар бештар об нӯшидан лозим аст, то шиддати касалӣ паст шавад.
Кӯшиш намоед, ки ҷисматонро аз витамини С шодоб созед. Ин витамин дар мубориза бо вирус ба шумо кӯмак мерасонад. Витамини С дар таркиби меваю сабзавот, хоса дар таркиби меваҳои ситрусӣ аз қабили лимӯ, банан ва киви фаровон аст. Зудтар ба по бархостан хоҳед, бештар меваю сабзавот хӯред.
Ҳангоми зӯком мурабочой нӯшиидан муфид аст. Кӯшиш кунед, ки бештар мураббои аз марминҷон ва шаҳтути заминӣ пухташударо нӯши ҷон намоед.
Одатан гирифторони зӯкомро табби баланд азият медиҳад. Барои паст намудани ҳарорат ба бадани бемор арақ ё уксус молидан лозим аст.
Сир-чеснок бо хусусиятҳои наҷибаш аз замонҳои қадим машҳур буда, дар мубориза бо бемориҳои вирусӣ ва сирояткунанда беҳтарин аст. Шумо метавонед сирро бо шир пухта бинӯшед ё аз турбтарошак гузаронида хӯред. Дандонаҳои пусткардаи сирро дар табақча гирифта дар хонае, ки бемор хобидааст, гузоред, дар тоза кардани фазои утоқ аз микроорзанизмҳои зараррасон кӯмак мекунад. Лимӯ ва сирро майда ва аралаш намуда ба бемор диҳед, зутар шифо меёбад.
Беҳуда асалро давои сад дард намегӯянд, ин ширинии лазиз дар баробари тамъи олиҷаноб доштанаш ҳамчунин бисёр касалиҳо, аз ҷумла зӯкомро шифо мебахшад. Фақат як нуктаро фаромӯш накунед, асал дар оби ҷӯшомада хусусиятҳои табобатиашро ба зудӣ аз даст медиҳад. Бо мақсади табобат ҳар саҳар як қошуқча асалро бо каме оби ширгарм нӯшидан айни муддаост.
Вақтҳои охир садҳо дорую давои санҷидаю насанҷидаро тариқи радиову телевизион тарғиб менамоянд ва бисёриҳо ба реклама дода шуда, даст ба худтабобаткунӣ мезананд. Бори дигар такрор мекунем, ки зуком бемории вирусӣ буда, роҳҳо беҳтарини мубориза бо онро танҳо мутахасисон медонанд. Танбалӣ накарда ба духтур равед ва танҳо ҳамон дорую дармонеро бигиред, ки табиб ба шумо мефармояд.
Барои пешгирӣ эм кунед!
Яке аз роҳҳои беҳтарини мубориза бо грип ва дигар бемориҳои сироятӣ эмгузаронӣ мебошад. Ваксинатсия шуморо аз вирусҳои навъи А ва В муҳофизат намуда, хатари гирифторшавӣ ба ОРВИ-ро чандин маротиба камтар месозад.
Аз вирусҳо эҳтиёт бошед!
Вирусҳо натанҳо боиси гирифтор шудани одам ба грип мегарданд, балки чандин бемориҳои дигарро низ ба вуҷуд оварда метавонанд. Рӯйхати касалиҳое, ки бар асари вирусҳо ба вуҷуд меоянд, чунон дароз аст, ки ҳамаи онҳоро наметавон номбар кард. Мову шуморо садҳо ва ҳатто ҳазорон микроорганизмҳои зиндаи ба чашми инсон ноаён иҳота намудаанд ва одамизод хоҳ-нохоҳ бо ин мавҷудоти аз зарра хурдтар, аммо бисёр зиёновар дучор гашта, сироят меёбад ва ба ин ё он намуди касалӣ гирифтор мешавад. Дар шумораи оянда мо дар бораи вирусҳое сухан хоҳем кард, ки касалиҳои рӯдаро ба вуҷуд меоранд.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив