Тарашшўҳи ғадудҳои оби даҳон ба таври рефлексӣ дар натиҷаи ба ангезиш омадани ретсепторҳо тавассути моддаҳои хўрока ба амал меоянд. Ретсепторҳо дар рўи забон ва пардаи луобии даҳон ҷойгиранд. Аз онҳо ангезиш тавассути нейронҳои ҳискунанда ба маркази луобҷудокунанда, ки дар мағзи дарозрўя ҷойгираст мегузарад. Аз ин ҷо якҷоя бо нейронҳои ҳаракаткунанда ба ғадудҳои оби даҳон гузаронда мешавад ва онҳо оби даҳон ҷудо мекунанд. Чунин аст камонаки оддитарини рефлекси ҷудокунандаи оби даҳон. Маълум аст, ки оби даҳон на фақат ҳангоми хўрокхўрӣ, балки дар вақти дидани хўроки лазиз, ҳис кардани бўйи он ё шунидани садои косаю табақ низ ҷудо мешавад.
Фурўбарӣ. Луқмаи хўрок аз ковокии даҳон ба ҳалқ ва баъд ба сурхрўда – найи хурди амудӣ мегузарад. Дар вақти фурўбарӣ роҳи ҳалқро тағояки болоии ҳалқ мепўшонад. Девораҳои сурхрўда мавҷвор кашиш хўрда, боиси ба меъда ҳаракат кардани хўрок мегарданд. Луобе, ки сурхрўда ҷудо мекунад, ҳаракати хўрокро осон месозад.
Бештари бемориҳои мураккаби ковокии даҳон, аз газаки милк оғоз меёбанд. Дар муддати чанд моҳ газак метавонад ба бемориҳои хатарноктаре табдил ёбад ва натанҳо зарар ба саломати расонад, балки сабаби табобати дарозмуддати гаронарзиш гардад.
Шумо низ ба беҳаловати ва беҳузурии ноҳияи милк диққат намедиҳед ва фикр мекунед, ки ҳамааш худ ба худ мегузарад. Мутаасифона ин дард худ ба худ намегузарад – барои гузаштани он табобати дурусту босуръат ва инчунин тадбирҳои пешгирикунандаи мунтазам лозиманд.
Ковокии даҳон. Дар ковокии даҳон хӯрок майда хоида ва бо оби даҳон тар мешавад. Дар майда кардани хӯрок дандонҳо ва забон иштирок мекунанд. Одамони калонсол 32 дандон доранд. Сохти онҳо вобаста ба вазифаашон гуногун аст. Дар чоғҳои болою поён аз пеш чортоӣ дандонҳои паҳни пеш ҷойгиранд. Баъди онҳо аз ҳар ду тараф яктоӣ дандони ашк ҷой гирифтааст. Одам хӯрокро бо дандонҳои пеш ва ашк мегазад. Аз паси дандонҳои ашк аз ҳар ду тараф дутоӣ дандонҳои хурди курсӣ ва сетоӣ дандонҳои калони курсӣ ҷойгиранд. Одамон бо дандонҳои курсӣ хӯрокро майда карда мехоянд.
Хӯрок чӣ қадар бодиққат майда карда шавад, ҳамон қадар ферментҳо хубтар тайёр мешаванд. Хӯроке, ки хуб хоида намешавад, кори ғадудҳои ҳозимаро душвор намуда, боиси пайдоиши касалии меъда мегардад. Дандонҳоро эҳтиёт кардан лозим аст. Барои ин риояи қоидаҳои гигиенаи пешгирӣ кардани фарсудашавии дандонҳо, нашикастани чормағз, донак, нахоидани устухон ва қандҳои хеле сахт, инчунин нахӯрдани оби хунук ва яхмос пас аз хӯроки гарм тавсия карда мешавад. Дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдошт сири дандон кафида, ба моддаи дандон микроб дохил мешавад. Дар натиҷа дандон дард карда, оҳиста-оҳиста фарсуда мешавад. Барои бартараф кардани онҳо ҳар рӯз пеш аз хоб дандонҳоро тоза кардан ва баъд аз хӯрок даҳонро бо оби ширгарм обгардон намудан лозим аст. Барои тоза кардани дандонҳо хока ва хамираи дандоншӯйии пешгирикунандаи илтиҳобро ба кор бурда, чӯткаро мунтазам собуншӯ ва бо оби ҷӯш ҷайқонидан бамаврид аст. Мо ҳангоми хоидани хӯрок онро бо ёрии забон ҳар тараф мегардонем. Забон ретсепторҳои зиёде дорад, ки ба туфайли онҳо инсон тамъ, ҳарорат ва дигар хусусиятҳои хӯрокро ҳис мекунад. Одам лаззати хӯроки хушкро ҳис карда наметавонад. Хӯрок дар даҳон бо оби даҳон тар мешавад. Онро се ҷуфт ғадуди оби даҳон ва ғадудҳои сершумори пардаи луъобии забон ва ковокии даҳон ҷудо мекунанд. Ғадудҳои оби даҳон дар як шабонарӯз аз 0,5 то 2 литр оби даҳон ҳосил мекунанд. Ҳатто ҳангоми каме зарар дидани дандон зуд ба духтури дандон муроҷиат кардан лозим аст. Дандони зарардида ба касалии сироятии организм мусоидат мекунад. Асбобҳои ҳозиразамони тиббй ва доруҳои навтарин ба духтурон имконият медиҳанд, ки дандонҳоро беозор муолиҷа кунанд.
Бемориҳои пардаи луоби ковокии даҳон
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз 30 июни соли 2021, №458
- Тест аз фанни ҷарроҳия барои донишҷӯён
Комментарии (0)