Растанӣ қисми асосии биосфераи Замин. Гуногунии олами растаниҳо


Нақшаи дарс: 
  1. Мақсад ва вазифаи фанни ботаника.
  2. Қисмҳои асосии ботаника. 
  3. Тараққиёти фанни ботаника талаботи рӯзафзунии  инсон. 
  4. Дунёи растанӣ қисми асосии  биосфераи Замин.
  5. Ба вуҷуд омадани растанихои сабз.
  6. Микдори намуд ва гуруххои растанӣ.
  7. Фарқи растаниҳои дараҷаи паст ва олӣ.

Табиати зинда бе муҳити иҳотакунанда вуҷуд надорад, ки онҳо бо якдигар зич алоқаманд мебошанд.
Ҳамаи организми зинда, аз он ҷумла инсонро табиат бо ҳамаи эҳтиёҷоти лозимӣ, пеш аз ҳама бо хӯрок, сару либос, ҷои истиқомат таъмин мекунанд. Оксигене, ки мо нафас мегирем, низ маҳсули растанигӣ мебошад, ки онро растани дар протсесси фотосинтез аз худ хориҷ мекунад. Аз шаш як ҳиссаи сайёраи моро хушкӣ ташкил мекунад. Қисми дигари онро дарёву кӯҳҳо ва уқёнусҳо ташкил мекунанд. Бинобар он қисми зиёди оксигени хориҷшаванда ба зиммаи растаниҳои обиву обсабзҳо рост меояд. Замини мо, аз ҷумла захираву сарватҳои набототи он беҳудуд нест.
Ҳоло дар сайёраи мо нуфузи инсон зиёд шуда истодааст ва талаботи онҳоро ба оксиген фақат растаниву сабзаҳо қонеъ карда метавонанд. Бинобар он муҳофизати табиат ва боигарии он яке аз проблемаҳои зарурии замонаи мост. Фанни ботаника нисбат ба дигар фанҳо пештар ба вуҷуд омадааст. Зеро инсони боақл баробари пайдо шудани растанӣ ба он таваҷҷӯҳе зоҳир мекунад, яъне тухм ва меваи онро истеъмол карда, масъалаи киштро ба миён мегузорад. Ҳар як фан дар назди худ мақсад ва вазифа дорад. Мақсади фанни ботаника талаботи рӯзафзуни инсонро бо маҳсулот таъмин кардан аст. Вазифаҳои фанни ботаника бошад, шакл, сохт, тараққиёт, афзоиш, паҳншавӣ ва дигар хусусиятҳои ҳаёти растаниҳоро омӯхтан мебошад.
Омӯзиши хусусиятҳои ҳаёти растани барои ба вуҷуд овардани навъҳои серҳосили растани ва барои ба дастории маҳсулот ёрии амалӣ мерасонад.
Табиатшиносӣ бузурги рус И.В. Мичурин дар натиҷаи омӯхтани хусусиятҳои олами растани муваффақ шуд, ки зиёда аз 300 навъи дарахтони мевадорро офарад ва макони зисти онҳоро дуруст муайян намуда, онҳоро аз тарафи Ҷануб ба Шимол кӯчонад. Дар натиҷаи аз худ кардани хусусиятҳои растани масъалаи чеканка ба миён омад. Масалан, чеканка кардани пахта яке аз роҳҳои идора кардани растани мебошад, ки растаниро аз расиш мононда шохҳои паҳлӯии ҳосилдиҳандаи онро зиёд мекунад, буридани ток ва хомтокунии он низ бо ҳамин усул гузаронида мешавад.
Оянда вазифаи ҳар як сокини замин муҳофизат кардани олами растани, ҳайвонот ва боигариҳои он мебошад.
Аз давраҳои қадим табиатро ба зинда ва ғайризинда ҷудо кардан маълум буд. Олами растани ва ҳайвонот табиати зиндаи сайёраи моро ташкил мекунад.
Биосфера ин муҳити ҳаётии сайёраи мо буда, био-ҳаёт, сфера-муҳити зистӣ мебошад. Ба муҳити ҳаёти қабати муайяни атмосфера, қабати обии замин, чуқурии муайянӣ қабати хокии замин дохил мешавад ва ғайра. Организмҳои зиндаи биосфера, нисбати ба муҳити ҳаётиаш 0,01 ва 0,1 қисми онро ташкил медиҳад. Организмҳои растанигӣ ва ҳайвонӣ дар ибтидо пайдоиши умумӣ доштанд, бинобар он баъзе хусусиятҳои ҳаётии он ба ҳам монанд мебошад. Мубодилаи модда ҳам ба олами растанигӣ ва ҳайвонот хос мебошад. Ҳам барои растани ва ҳам барои ҳайвонот протсесси афзоиш ва худбарқароркуни хос аст. Хусусан структураи сохти ҳуҷайравии ҳамаи организмҳои зинда ба пайдоиши умумӣ доштани онҳо гувоҳи медиҳад.
Организми растани ва ҳайвонот дар гузашта пайдоиши умумӣ дошта бошад ҳам, дар натиҷаи ба шароитҳои гуногун ҳаётгузарони онҳо ба баъзе хусусиятҳо ва аломатҳои худ аз ҳамдигар дур шуданд.
Намояндагони олами растани барои худ ҳаёти нишастаро интихоб намуданд, ки ин сабаби бе ҳудуд расиш кардани органҳои онҳо, қобилияти аз моддаи ғайриорганики ҳосил кардани моддаи органикӣ ва қобилияти барқарор кардани қисмҳои гумкардаи онҳо гардид.
Олами ҳайвонот бошад, ки онҳо ҳаёти ҳаракатнок мегузаронад, расиши ҳудуднок дошта, онҳо аз моддаҳои органикии тайёр ғизо мегирифтаги шуданд ва аз душман худро муҳофизат карда метавонистаги шуданд.
Дар протсесси эволютсия растани ва ҳайвонот ба баъзе хусусиятҳои худ аз ҳам дур шуда бошанд, ҳам, лекин дар байни растаниги ва ҳайвонот баъзе намояндагон дучор мешаванд, ки онҳо ҳам хусусияти ҳайвонӣ ва ҳам растаниро қабул кардаанд; Мисол: эвгленаи сабз, растаниҳои ҳашаротхур ( қировак ва ғайра).
Организми зинда дар сайёраи мо тахминан 3,5 миллиард сол пеш аз ин дар эраи архей дар муҳити обӣ пайдо шуда буд.
Растании сабз бошад дар муҳити обӣ дертар ба вуҷуд омад, ки ин ҳам ба эраи архей тааллуқ дорад.
Дар муҳити обӣ намуд, ҳосилшавӣ бисёр суст гузашт, сабаб дар он, ки дар об муҳит кам тағйир меёбад, ҳарорат қисман доимӣ мебошад, бо моддаҳои ғизогӣ доимо таъмин аст ва таъсироти факторҳои механикӣ ҳам дар об кам мебошад.
Ин сабаби кам тағйир ёфтани сохт ва таркиби растаниҳои обӣ гардид, бинобар он дар муҳити обӣ намуд, ҳосилшави суст гузашт.
Вақте, ки дар атмосфера қабати озонӣ ҳосил гардид, барои аз муҳити обӣ ба муҳити хушкӣ баромадан имконият пайдо шуд.
400 миллион сол пеш, яъне дар эраи полеозой давраи сэлур аввалин намояндагони олами растанӣ ба муҳити хушкӣ баромаданд. 
Дар муҳити хушки таъсири факторҳои экологӣ зиёд гардид, яъне доимӣ набудани ҳарорат таъсироти механикӣ (шамол) доимӣ набудани ғизо, сабаби гуногунии олами растанӣ гардид.
Аввалин растаниҳое, ки аз муҳити обӣ ба хушкӣ баромаданд, ба гурeҳи псилофитҳо тааллуқ доранд.
Дар эраи полеозой растаниҳои азимҷуссаи папоротник ва папоротникнамоёнҳо (сарахсҳо) нашъунамо карданд. Дар эраи мезозой бошад,  растаниҳои пӯшидатухмон ба вуҷуд омаданд.
Аз ин нишондодҳо маълум мешавад, ки растаниҳои пӯшидатухмон ё ки растаниҳои гулдор нисбат ба дигар растаниҳо дертар нашъунамо карда бошанд, ҳам, лекин намуди онҳо зиёд гардид ва қариб намояндагони он ҳамаи рӯи заминро фаро гирифтанд, сабаб дар он ки дар растаниҳои гулдор, яъне пӯшидатухмон аз канори гардолудшавӣ ба вуҷуд омад, ки ин сабаби дар ҳаёт устувор гардидани онҳо шуд (насли ҳосилшуда ҳам ба шароити модарӣ, ҳам падарӣ ва ҳам шароити мобайнӣ мутобиқ мебошад). Ғайр аз ин ҳосилшавии мева хам аҳамияти биологӣ дорад, яъне барои сабзидани тухм сабаб мегардад.
Флораи рӯи замин бошад асоси худро, аз эраи кайнозой, давраҳои полиоген ва неоген сар кардааст. Дар вақти ҳозира растаниҳоеро, ки дар замини мо дучор мешаванд, тахминан ба чунин гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст.
 
1) Обсабзҳо  -40000 намуд                            
2) Замбeруғҳо ва бактерияҳо -70000 намуд.
3) Лишайникҳо (гулсангҳо) -15000 намуд.
4) Моҳҳо -  18000 намуд.                                  -
5)Папаротник–папаротникнамоён (сарахсҳо)-6000  намуд.
 6) Лучтухмон -500 намуд.
7) Пӯшидатухмон -250000 намуд.
                                                                        
Тамоми олами растаниҳоро ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд; растаниҳои дараҷаи паст ва олӣ.
Боз организмҳое дучор мешаванд, ки организмҳои прокариотӣ ва эукариотӣ мебошанд.
Аз ҷиҳати тарзи ҳаётгузаронӣ ин гурeҳ ба ду ҷудо мешавад, ки инҳо организмҳои автотрофӣ (фототрофӣ) ва гетеротрофӣ мебошанд. Онҳо бо ду роҳ яъне сапрофитӣ ва паразитӣ ҳаёт мегузаронанд. Боз растаниҳои симбиотрофӣ ҳам ҳастанд.
 

Саволҳо барои такрор ва мустаҳкамкунӣ:

Саволи 1. Бо роҳ
и селексия чӣ кор кардан мумкин аст?
А.Ба роҳи селексия баровардани намуд.
Б.Бо роҳи селексия баровардани авлод.
В.Бо роҳи селексия баровардани навъ.
Саволи 2.Барои чӣ мо растании пахтаро чеканка мекунем?
А.Барои давом додани расиш. 
Б.Барои пурқувват шудани растанӣ.
В.Барои ҳосилшавии шохаҳо.
Саволи 3.Барои чӣ растаниро шакли махсуси организми зинда меноманд?
А.Гази дуоксиди карбон (СО2) мебароранд.
Б.Оксигенро дар равшанӣ мегиранд.
В.Ҳаёти беҳаракатӣ мегузаронанд.
Саволи 4. Кадом мавқеи заминро биосфера меноманд?
А.Қабати хок.
Б.Қабати об.
В.Қабати ҳаётии замин.
          Саволи 5.Ҳодисаи регенаратсия чист?
А.Гум кардани орган.
Б.Барқарор кардани орган.
В.Такрор кардани аломати гум карда.
       Саволи 6. Дар кадом эраҳои геологӣ ҳаёт ба вуҷуд омадааст?
А) Палеозой
Б) Мезозой
В) Архей
Саволи 7. Растаниҳои пeшидатухмон дар кадом эра ба вуҷуд омадаанд?
А) Мезозой
Б) Кайназой
В) Полеозой
Саволи 8. Ҳоло чанд намуди лучтухмон дар замини мо ҳаёт мегузаронанд.
А) 550 намуд
Б) 500 намуд
В) 1000 намуд
Саволи 9. Ба растаниҳои пeшидатухмон кадом аломат хос аст?
А) Доштани тухм
Б) Ҳосил кардани спора
В) Доштани мева
Саволи 10. Кадом растаниҳо бо роҳи гетеротрофӣ ғизо мегиранд?
А) Растаниҳои сабз
Б) Обсабзҳо
В) Замбӯруғҳо
Саволи 11. Ба растаниҳои дараҷаи паст кадом аломатҳо хос аст?
А) Доштани реша
Б) Ҳосил кардани тухм
В) Доштани таллом
Саволи 12. Кадом растани бо роҳи симбиози ҳаёт мегузаронад?
А) Замбӯруғ
Б) Обсабз
В) Гулсанг 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив