1. Шахс: мафҳум, сохтор ва навъҳои он
2. Омилҳои ташаккулёбии шахс
3. Навъҳои иҷтимоии шахс
4. Масъалаи иҷтимоишавии шахс
5. Талаботҳои шахс: моҳият, таснифот ва консепсияҳо
Мафҳумҳои калидӣ:
“Сотсиология”, “объект”, “предмет”, “категория”, “қонун”, “иҷтимоиёт”, “ҷамъият”, “микросотсиология”, “макросотсиология” ва ғайраҳо
1. Шахс: мафҳум, сохтор ва навъҳои он
Масъалаи шахс, мақом ва нақши он дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи мутафаккирони ҳама давру замонҳо ва назарияҳои мухталифи сотсиологӣ қарор дошт ва дорад. Маҷмӯи сифатҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳӣ ва синфии инсонро тавассути мафҳуми шахс ифода менамояд.
Дар адабиётҳои илмӣ ба мафҳумҳое вохӯрдан мумкин аст, ки ҳамчун ҳаммаъно (синоним) - и мафҳуми «шахс» истифода мешаванд, мисли мафҳумҳои «одам», «фард» ва «фардият», аммо агар ба ин мафҳумҳо ҷиддитар диққат диҳем, бо баъзе хусусиятҳояшон мазмунан аз ҳам фарқ менамоянд. Мафҳуми «фард» бошад ифодагари одами мушаххас, алоҳида ва «хишти аввали бинои инсонӣ» мебошад. Худи калимаи фард («индивид») аз калимаи лотини individ - «тақсимнопазир», «ниҳоӣ» гирифта шудааст, ки маънои ҷузъи ниҳоии бани башар ва мавҷуди томи тақсимнопазирро дорад. «Мафҳуми «фард» инсонро ҳамчун намояндаи алоҳидаи ин ё он умумияти иҷтимоӣ ифода менамояд»[1].
Мафҳуми «фардият» бошад маҷмӯи хусусиятҳои фарқкунандаи як фард аз фарди дигар буда, аз ҷиҳати равонӣ, биологӣ ва иҷтимоӣ тафовути фардҳои ҷамъиятиро нишон медиҳад. Мафҳуми «фардият» барои нишон додани фарқияти як фард аз фарди дигар, аз ҷумла ҳам фарқияти биологӣ ва ҳам фарқияти иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.
Мафҳуми «шахс» (ҳаммаънои калимаи юнонии «личина» ва калимаи русии «личность» [2]) дар аввал ба маъноҳои гуногун фаҳмида мешуд. Масалан, дар театрҳои бостонии Юнон «личина» гуфта ниқоберо меномиданд, ки ҳунарпешаҳо дар рӯй кашида, дар саҳна нақшеро иҷро мекарданд, яъне дар ҷамъияти Юнони бостон мафҳуми «шахс» дар полисҳо (шаҳр ва давлатҳо) ба маънои имрӯза истифода намешуд. Агар ин маъниро чуқур таҳлил намоем, пас «шахс» ниқобест, ки аз сифатҳои иҷтимоӣ сохта шудааст ва шахс ба руй намуда, ба муносибатҳои иҷтимоӣ дохил мегардад ва бо тадриҷ ба ин ниқоб одат намуда, онро ба наслҳои оянда мерос мегузорад. Шахс новобаста аз назарияҳои гуногуни фаҳмиши он низоми сифатҳои иҷтимоии инсон аст. Дар илми сотсиология «зери мафҳуми шахс низоми томи сифатҳои иҷтимоии инсоне фаҳмида мешавад, ки ҳамчун субъекти муносибатҳо ва фаъолияти иҷтимоӣ»[3] баромад менамояд. Сифатҳои иҷтимоии шахс аз маҷмӯи унсурҳои муайян таркиб ёфтаанд. Ба унсурҳои таркибии сифатҳои иҷтимоӣ пеш аз ҳама дохил мешавад: мақсади фаъолияти шахс, нақш ва мақоми иҷтимоии шахс, меъёрҳо ва арзишҳои шахс, низоми қонунҳое, ки ӯ истифода мебарад, донишҳо, сатҳи маълумотнокӣ, хусусиятҳо ва сифатҳои иҷтимоӣ - психологӣ, фаъолнокӣ ва сатҳи мустақилияти шахс ҳангоми ҳалли ин ё он масъалаи муҳими ҳаётӣ ва баровардани қарорҳо, касбу ихтисос, созандагию эҷодкории шахс ва амсоли ин. Ҳангоме, ки кӯдак таваллуд мегардад, ӯ «шахс» нест, дар ӯ ҳанӯз сифатҳои иҷтимоӣ пайдо нашудааст, зеро ба муносибат ва фаъолияти иҷтимоӣ имкони дохил гаштан надорад. Барои он, ки фард ба дараҷаи шахсият расад, нахуст бояд марҳилаҳои иҷтимоишавии ибтидоиро гузарад. Аммо барои ташаккулёбии шахс омилҳою шароитҳои муайяни иҷтимоӣ, мисли муҳити мусоиди иҷтимоӣ, биологӣ ва фарҳангӣ амри ногузир аст.
2. Омилҳои ташаккулёбии шахс
Ташаккули шахс раванди мураккаб ва фосиладоре буда, ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ вобастагӣ дорад. Сотсиологҳо нисбати ин масъала низ андешаҳои мухталиф доранд. Баъзе аз сотсиологҳо андеша доранд, ки ҳамаи фардҳо ба дараҷаи камолот мерасанд, аммо барои ҳар яке вақтҳои гуногун лозим аст. Дигар сотсиологҳо ба ин фикранд, ки фард дар вақти муайян ташаккул меёбад. Дар ҳар як давраи умр инсон танҳо сифатҳои муайянро соҳиб мешавад. Агар дар ин давра бо сабабе ин ё он сифатҳои иҷтимоиро аз худ накунад, дигар то охири умр аз ин сифатҳо маҳрум мегардад. Гурӯҳи сеюми сотсиологҳо чунин мешуморанд, ки ҳамаи одамон ба дараҷаи камолот мерасанд, агар дар раванди ташаккулёби бо сабабе ягон марҳиларо аз даст диҳанд, дар синнусоли баъдина онро аз нав аз худ карда метавонанд.
Сотсиологи рус Фролов С.С. омилҳои инкишофи шахсро ба тариқи зайл нишон додаст:[4]
- Омилҳои биологӣ (ворисияти биологӣ)
- Муҳити табиӣ (мавзеи зист, иқлим, захираҳои табиӣ ва ғайра)
- Таҷрибаи гурӯҳӣ ва таҷрибаи фардӣ, ки тавассути иҷтимоишавӣ ба вуҷуд меоянд.
Албатта, дар ташаккули шахсият омилҳои биологӣ низ назаррас аст, онҳо ба ташаккули шахс таъсир мерасонанд, аммо ин нуқтаи назарро ба ҳадди мутлақ расонидан мумкин нест. Дуруст аст, ки баъзе аз сифатҳои шахсӣ ва нишонаҳои зоҳирӣ аз насл ба насл мегузаранд, аммо пурра ташаккули шахсиятро таъмин наменамоянд. Омилҳои биологӣ ё меросияти биологӣ ҳамчун замина (фундаменти) - и инкишофи шахс хизмат менамоянд. Инсон ва ҷамъият ҷузъи табиатанд. Инсон мавҷуди биологӣ низ ҳаст, бо дигар мавҷуди дигар хусусиятҳои зиёди монанд дорад ва хоҳу нохоҳ ба қонунҳои табиат итоат менамояд. Инсон мавҷуди табиӣ аст, бадан, хун ва майнаи сари онҳо ба табиат тааллуқ доранд ва ҳеҷ гоҳ аз табиат озод буда наметавонад. Аммо инсон дар зинаи олии инкишофи мавҷудоти зинда қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, дар ташаккули қобилият, эҳсосот, рафтор ва амали инсон нақши омилҳои табиӣ ва иҷтимоӣ (сиёсӣ) нақши асосиро мебозанд. Ҳарчанд муайянкунандаи тарзи ҳаёт ва роҳи зиндагии инсон омилҳои иҷтимоӣ ҳастанд, аммо инсон сифатҳои биологиашро на танҳо барои таъминоти ҳастӣ ва зинда мондан, балки барои муоширати маънавӣ ва худамалнамоии фарҳангӣ низ истифода мебарад. Ҳар як кӯдаки навтавлидшуда майнаи сар ва олоти сухангӯӣ (забон) дорад, аммо сухан гуфтан ва фикр карданро танҳо дар ҷамъият меомӯзад. Маҳз аз сабаби ягонагӣ ва вобастагии сифатҳои биологию иҷтимоӣ инсонро мавҷуди ҳам биологӣ ва ҳам иҷтимоӣ меноманд. Дар баробари таъсири омилҳои табиӣ ва биологӣ омилҳои иҷтимоӣ дар ташаккули шахс нақши калидиро мебозанд. Махсусан, таҷрибаи гуруҳӣ ва фардӣ аз муҳимтарин омилҳои рушди шахсият ба ҳисоб мераванд, ки аз ҷониби фард тавассути иҷтимоишавӣ омӯхта мешаванд.
3. Навъҳои иҷтимоии шахс
Сифатҳои такроршавандаи иҷтимоии шахс, ки аз ин ё он умумияти иҷтимоӣ бармеояд, тавассути мафҳуми «навъи иҷтимоии шахс"[6] ифода меёбанд. Фардҳои иҷтимоӣ вобаста ба ихтисос, касб, арзиш, ҷаҳонбинӣ ва дигар сифатҳои иҷтимоии худ аз ҳам тафовут доранд. Ин фарқиятҳо ё сифатҳои алоҳидаи иҷтимоӣ бо мафҳуми «навъҳои иҷтимоии шахс» ифода намудан мумкин аст, ҳарчанд ягон шахс пурра ба чаҳорчӯбаи навъи муайяни иҷтимоӣ мувофиқат намекунад, ҳар як шахс сифати иҷтимоии худро дорад ва ба ин васила ба дигарон монанд нест.
Дар сотсиологияи муосир вобаста ба арзишҳои иҷтимоӣ чунин навъҳои шахсро ҷудо менамоянд:
- Консерватор - асосан шахсоне мебошанд, ки қонунҳо ва урфу анъанаҳоро ҷиддӣ риоя ва иҷро менамоянд, тартиботу ӯҳдадориҳоро ба инобат мегиранд, кӯшиши навоварӣ, худвоқеъгардонӣ ва мустақилият дар онҳо кам дида мешавад;
- Реалист- барои худвоқеъгардонӣ ва худинкишофдиҳӣ кӯшиш менамоянд, ба воқеият дуруст ва обективона баҳо медиҳанд ва рафтори хешро дуруст ба роҳ монда, хешро назорат менамоянд.
- Гедонист (лаззатгаро) пеш аз ҳама барои лаззатгароӣ талош менамоянд ва тамоми талаботҳои истеъмолии ҳаёташонро қонеъ гардонидан мехоҳанд. Дар фикри даромад ва лаззати худ ҳастанд, нисбати тақдири одамон ва ҷомеа бетарафиро ишғол мекунанд;2
- Шахси маргиналӣ (Р. Парк) - рафтори шахси маргинал дар доираи низоми арзишҳои иҷтимоӣ намеғунҷад ва ҳатто ба низоми нави ташаккулёбанда созгор нест. Ин шахс якбора дар ду ҷаҳон зиндагӣ мекунад, аммо дар ҳеҷ кадоми аз онҳо пурра мутобиқ шуда наметавонад.
- Шахси фаъол – ҷаҳон, муҳити иҳотанамуда ва худро тағйир медиҳад;
- Мутафаккирон - шахсони эъҷодкор ва созанда;
- Мухлис ва пайрави эҳсост, зебогӣ ва ҳиссиёт - намояндагони санъат;
- Инсондӯстон ва фидоиён – шахсони бузург, шинохта ва фидоии миллат.[7]
- Шахси истеъмолкунанда - одамоне ҳастанд, ки асосан мақсадашон фароғат ва истироҳат буда, табиати эгоистӣ (худхоҳӣ) доранд;
- Шахсияти конформист – ин гуна одамон хушомадгӯ ҳастанд ва ба ҳама гуна вазъияти тағйирёбанда мутобиқ мегарданд. Ба ташкилоти бюрократии ҷомеа ҳам роҳ меёбанд, масалан, роҳбар иваз мешавад ва корманди конформист зуд бо ин роҳбари нав забон меёбад.
- Шахсияти нонконформист - шахсиятҳои принсипнок, адолатҷӯ боистеъдод ва ба нерӯи худ боварӣ дорад, озодиро меписандад. Фармонфармоиро қабул надорад.
- Шахсияти манфиатҷӯ ва мансабхоҳ – ҳамеша аз рӯи манфиат кор мекунанд ва пайваста аз паи ба даст овардани мансаб мебошад.
- Шахсияти динӣ - одамоне, ки ба дину маҳабҳо эътиқоти ҷиддӣ доранд ва ҳамеша тарзи зиндагии худро ба меъёрҳои динӣ мувофиқ гардонидан мехоҳанд;
- Шахсоне, ки манфиатҳои ҷомеаро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, барои ҷомеа ва гулгулшукуфии он талош менамоянд. Ба ин типи шахс пеш аз ҳама олимон, кормандони маданият, кормандони сиёсӣ, кормандони ҳарбӣ, шахсиятҳои таърихӣ, мисли Ленин, Маркс, Сталин, Нютон, Эйнштейн, Айнӣ ва диг. дохил мегарданд;
- Шахсони паразит – шахсоне, ки аз ҳисоби дигарон рӯз мегузаронанд, мисли мансабдорони порахӯр, тоҷирони фиребгар, намояндагони олами ҷиноӣ;
- Шахсони садист, мазахист.
4. Масъалаи иҷтимоишавии шахс
Муайян шудааст, ки инсон новобаста аз хоҳишҳои худ берун аз ҷомеа ва озод аз он зиндагӣ карда наметавонад. Ба ин хотир инсонро мавҷуди иҷтимоӣ арзёбӣ менамоянд. Раванди бошуургардӣ ва иҷтимоӣ гаштани инсон натиҷаи иҷтимоишавӣ ва ҷараёни омӯзиш аст. Иҷтимоишавӣ танҳо хоси инсон аст. Аввалин маротиба мафҳуми «сотсиализатсия» - ро сотсиологи амрикоӣ Ф. Г. Гиддингс соли 1887 дар асараш «Назарияи сотсиализатсия» барои ифодаи инкишофи табиати иҷтимоӣ ва тайёр намудани инсон ба ҳаёти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор додаст.[8]
Иҷтимоишавӣ (сотсиализатсия) раванди азхудамоии маданият (меъёрҳо, арзишҳо, идея, қоида, рафтор ва стереотипҳо (муқаррарот) - и ҳукумрони ҷомеаро меноманд. Дар раванди иҷтимоишавӣ одамон донишҳо, назарҳо, присипҳо ва қоидаи рафтори ҳаётан муҳими ҷомеаро аз худ мекунанд. Сотсиологи машҳури англис Э. Гидденс раванди иҷтимоишавии шахсро чунин тасвир намудааст: «Иҷтимоишавӣ равандест, ки навзоди оҷиз ботадриҷ мавҷуди бошуури худшинос табдил меёбад, ба моҳияти маданияте, ки дар он таваллуд шудааст, сарфаҳм меравад».[9]
Ҷараёни иҷтимоишавӣ бетанаффус буда, то охири умр давом менамояд. Ҳамаи одамон дар рафти зиндагии хеш ва инкишофи шахсияташ марҳилаҳои кӯдакӣ, наврасӣ, ҷавонӣ, камолот ва пиронсолии сотсиализатсияро мегузаранд. Иҷтимоишавии шахс яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа буда, дар ҳолати нодуруст корбаст намудани он боиси пайдоиши каҷрафториҳои иҷтимоӣ: бадахлоқӣ, оворагардӣ, нашъамандӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, майхорагӣ ва дигар рафторҳои фардӣ ва гурӯҳӣ (ҷиноятҳои муташаккилона) мегардад. Иҷтимоишавии шахс ҳама вақт бо василаи шахсони алоҳида, ин ё он гурӯҳ, муҳити иҷтимоӣ ва ташкилоту институтҳои иҷтимоӣ сурат мегирад, ки бо забони илми онро агентҳо ва институтҳои иҷтимоишавӣ меноманд. Э. Гидденс зери мафҳуми «агентҳои иҷтимоишавӣ» шахсони ҷудогона ва гурӯҳҳои иҷтимоиеро фаҳмидааст, ки дар доираи онҳо раванди иҷтимоишавӣ сурат мегирад, мисли волидон, дӯстон, хешу табор, муаллимон, рӯҳониён ва дигар одамоне, ки барои ба мо омӯзонидани нақшҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ ҳавасмад ҳастанд.[10] Ба институтҳои иҷтимоишавӣ оила, маориф, ВАО, дин ва ғ. дохил мешаванд.
6. Талаботҳои шахс: моҳият, таснифот ва консепсияҳо
Талаботҳои иҷтимоӣ - ин нерӯи пурқудрат ва ҳаракатдиҳандаи фаъолияти шахс ба ҳисоб меравад. Талабот нерӯи ангезанда, механизми баҳаракатоваранда ё ба шакли маҷозӣ «статер» - и сохтори шахс аст. Он ҳамчун мақсади ниҳоии фаъолияти инсон баромад менамояд. Ашё ё фаъолияте, ки талаботи иҷтимоии мардумро қонеъ намегардонад, ҳеҷ арзишу манзалате надорад. Талаботҳои умумиятҳои иҷтимоӣ ё шахсони алоҳида дар шакли хоҳиш, талош, арзишҳо, манфиатҳо, мақсад ва фаъолияти бошуурона зоҳир мегарданд. Талаботҳои иҷтимоии шахсро шартан ба талаботҳои моддӣ (талабот ба хӯрок, пӯшок, манзил, пул, мол ва дигар арзишҳои моддӣ) ва талаботҳои маънавӣ (илм, дониш, амният, хушбахтӣ, дустӣ, муҳаббат, ғамхорӣ ва дигар арзишҳои маънавӣ) ҷудо менамоянд.
Идора намудани талаботҳо маънои идора намудани фаъолияти худ ва кӯшиши ба даст овардани натиҷаи дилхоҳро дорад. Идора намудани талаботҳо маънои бартараф намудан ва ғолиб омадан аз болои хоҳишҳои носолим ва ниёзҳои биологию яклаҳзаина ва талош намудан барои қонеъгардонии кӯшишҳои созанда, мақсадҳои барои зиндагии солиму арзанда лозима ва роҳ кушодан барои худинкишофёбӣ, худомӯзӣ ва мавқеи сазовор ёфтан дар ҷомеаро дорад. Пайдо шудани воситаҳои навтарини коммуникатсия, техника ва технологияи замонавӣ, баланд гаштани сатҳи шуур ва маданияти одамон талаботҳои нав ба нави иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, тарзи зиндагӣ ва моҳияти зиндагии одамонро то дараҷае тағйир додан.
Аввалин шахсе, ки кӯшиш намуд қонунҳои талаботҳои шахсро ошкор намояд, сотсиолог ва психологи амрикоӣ Абраҳам Маслоу (1908 - 1970) мебошад. ӯ соли 1943 консепсияи худро оиди талаботҳои шахс дар матбуот аз чоп баровард. Ин консепсия бо номи «назарияи иерархии талаботҳо» - и шахс машҳур аст. А. Маслоу оиди ангезаҳо ва хоҳишҳои шахс тадқиқотҳоро ба анҷом расонида, ба хулосае меояд, ки талаботҳои шахс низ ботартиб ва ба таври иерархӣ аз поён (талаботҳои моддӣ) ба боло (талаботҳои маънавӣ) тақсим шудаанд. Ба андешаи А. Маслоу шахс талаботҳои зиёд дорад, ки онҳоро дар маҷмӯъ метавон ба панҷ категория ҷудо намуд:
- Талаботҳои физиологӣ (ҳаётӣ) - талабот ба такрористеҳсолнамоии одамон, хӯрока, нафаскашӣ, ҳаракати ҷисмонӣ, либос, манзил ва истироҳат;
- Талаботҳои экзистенсиалӣ (мусбӣ) ё талабот ба бехатарии мавҷудият.
- Талаботҳои иҷтимоӣ - майл ба дӯстӣ, дилбастагӣ ва муошират, дастгирӣ, ғамхорӣ ва гайра;
- Талабот ба нуфуз (обрӯ) - ин талабот ба эҳтироми дигарон, пешрафт дар ҷои кор, вазифа ё ихтисос, статуси баланд, эътирофи дигарон, мустақилият ва амсоли ин мебошад;
- Талаботҳои маънавӣ - талабот ба худвоқеъгардонӣ, худтакомулдиҳӣ ва худмуайянсозӣ тавассути эҷодиёт ва эҷодкорӣ. Ин ҷо сухан дар бораи воқеъгардонии қобилият ва тавоноии шахс меравад.[11]
[1] Фролов С.С. Социология. Учебник. Для высших учебных заведений. М.: Наука, 1994. С.?
[2] Калимаи «личность » - и русӣ аз калимаи лотини «person» гирифта шуда, маъои ниқобро дорад.
[3] Волков Ю.Г., Добрененко В. И. и др. Социология.- М., 2004. С.123
[4] Фролов С. С. Социология. –М., 2001. С. 56
[5] Евгеника-назария оиди ворисияти биологии инсон ва роҳи пешравии он
[6] Духовное становление человека. - Л., 1972.С. 89
[7] Фролов С.С. Социология. Учебник. Для высших учебных заведений. М.: Наука, 1994. С.115
[8] Сотсиализатсия и «смутное время»- М.,1991. С. 52
[9] Гидденс Э. Социология. -М.: Эдиториал УРСС, 1999. С. 69
[10] Гидденс Э. Социология. -М.: Эдиториал УРСС, 1999. С. 82-83
[11] Кравченко А.И., Тюрина И.О. Социология управления: Фундаментальный курс: Учебное пособие для студентов высших учебных заведений.-3-е изд.,испр. и доп.-М.:Академический Проект, 2006. С. 23-24.
[12] Маслоу А. Мотивация и личность. - СПб.: Евразия, 1999. С.77-105
Комментарии (0)