«Одина» аввалин қиссаи реалистии Садриддин Айнӣ мебошад. Нависанда дар ин асараш зиндагии тоҷикони кӯҳистонро дар ибтидои асри бист инъикос кардааст. ООбразҳои мусбӣ ва манфии асар хонандаашро бо ҳаёти душвору сангин ва камбағалонаи мардуми меҳнатӣ шинос намудааст. Пас суоле ба миён меояд, ки фикру мулоҳизаҳои ман нисбати асари мазкур ва образҳои он чӣ гуна аст? Мехоҳам фикри худро гуфта бошам.
Айнӣ нависандаи ҳақтӯст, зеро замони зиндагии Одинаро бе ғулув бо маҳорати том иншо кардааст. Фикри ман ба ин қисса нек буда, барои ман як мактаби одоби зиндагӣ гӯям хато нест. Ятимии Одина падару модари ҳаётамро, камбизоатиаш фаровонию беғамиамро, хидматгорияш озодиямро, роҳи гурезаш тинҷиямро, кор дар заводи пахта донишҷӯиямро, закотчиёни амир ғорат кардани молу матояш Президенти одил - Эмомалӣ Раҳмонро, нокомиҳо дар рӯзгораш орзуҳои расидаамро дар замони биҳиштии хеш пеши назар меорад. Маҳз чунин нависандагони заковатманд буданд, ки мо хонандагонро аз таърихи ниёгон огоҳ сохта, ба қадри умри даргузар, инсонҳои нек ва тинҷиву осудагии кишвар расиданро омӯхта истодаанд.
Образи Одина мусбӣ буда, муҳити рӯзгор хислати ӯро такмил медиҳад. Симои ӯ дар асар чун ҷавони дурандеш, мулоҳизакор ва нисбат ба модаркалону маҳбубааш садоқатманду дилсӯз намоён шудааст.
Гулбибӣ бошад, духтари зебочераву оқила буда, аз хурдӣ аз падару модар ятим монда, дар дасти бибияш - Бибиоиша ба камол мерасад. Лекин тақдири талх ӯро ба даргоҳи Арбобкамоли золим мебарад. Бо вуҷуди заифӣ Гулбибӣ тавонист аз Арбобкамол камее бошад ҳам, интиқом гирад. Бибиоиша - модаркалони Одина тӯйи наберагонашро надида, аз бечорагиву мусофирии Одина, аз дарду алам вафот мекунад.
Образҳои манфии асар Арбобкамол ва писари ӯ, боз якчанд муфтхӯрони деҳа мебошанд, ки аз доираи одамӣ ва инсоф берунанд.
Одамият чист? Худро дур аз шарр доштан,
Хайрхоҳи халқ будан нафъи безар доштан.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки аз азал дар дунё қувваи некӣ ва бадӣ амал мекунанд, лекин моро мебояд дар умри амонат танҳо некиро пеша кунем, то ки асилзода, яъне ориёӣ будани хешро исбот намоем.
Хулоса, қиссаи «Одина» хонданбоб буда, афкори инсонро ба зиндагӣ, муҳити атроф, одаму оламиён дигар карда, ҷавононро барои нотарс, бошуҷоъ, боирода ва мубориз будан ҳидоят мекунад.
Комментарии (0)