I. Доруҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи тромбоз:
1) агрегатсияи тромбоситҳоро суст мекунанд – антиагрегантҳо
2) лахташавии хунро паст мекунанд - антикоагулянтҳо: ду намуд мешаванд:
- таъсирашон бевосита – гепарин, фраксипарин;
- таъсирашон номустақим – дикумарин, неодикумарин, синкумар, варфарин;
3) доруҳои фибринолитӣ (тромболитӣ) - стрептокиназа, урокиназа;
II. Доруҳо барои боздоштани хунравӣ- гемостатикҳо (лахташавиро баланд мекунанд):
а) барои таъсири ноҳиявӣ - амбен, тромбин;
б) барои таъсири резорбтивӣ – этамзилат, викасол;
в) доруҳои антифибринолитӣ - кислотаи аминокапроновӣ.
Гемостаз (аз калимаи юнонӣ haima – хун ва statis –истодан)- боздоштани хунравӣ ҳангоми осеби девораи рагҳо ба воситаи ҳосилшавии тромб мебошад.
Протсесси гемостазро системаи тромбҳосилкунанда (агрегатсияи тромбоситҳо, лахташавии хун) таъмин менамояд, ки бо системаи тромбҳалкунанда баҳампайваст аст. Ин ду система дар организм дар ҳолати мувозинат ҳастанд. Ҳангоми осебёбии рагҳо хунравӣ ба амал омада, рагҳо ихтилоҷ меёбанд, ки ин ба фаъолшавии агрегатсияи тромбоситҳо ва ҳосилшавии тромбҳо мусоидат менамояд. Дар баробари ин протсесси фибринолиз низ фаъол шуда, тромбҳо ҳал мешаванд ва гузариши рагҳо барқарор мегардад.
Доруҳое, ки агрегатсияи тромбоситҳоро суст мекунанд
Антиагрегантҳо. Агрегатсияи тромбоситҳо ба воситаи системаи тромбосит-простасиклин танзим меёбад. Тромбоксан А2 агрегатсияи тромбоситҳоро баланд ва рагҳоро танг мекунад. Он дар тромбоситҳо ҳосил мешавад. Коллагени рагҳо ҳам агрегатсияи тромбоситҳоро танзим медиҳад. Простасиклин баръакс ба агрегатсияи тромбоситҳо монеъ шуда, рагҳоро васеъ мекунад.
Ба доруҳои антиагрегантҳо кислотаи атсетилсалитсилавӣ ва дипиридамол дохил мешаванд. Кислотаи атсетилсалитсилавӣ сиклооксигеназаро боздошта, синтези эндопероксидҳо вайрон мешавад. Ин таъсиротро меъёри хурди дору ба амал меорад. Дар назар доштан лозим аст, ки таъсири ин кислота аз синну сол вобаста аст. Дар синну соли ҷавонон дору вақти хунравиро давомнок менамояд, дар меъёри баланд таъсир надорад. Доруи нав нитроаспирин мавҷуд аст. Дар организм аз он оксиди нитроген озод мешавад, ки он яке аз пайвастагиҳои эндогении антиагрегантӣ мебошад.
Дипиридамол (Dypiridomalum; синоним: курантил, персантил; дар шакли ҳаб ё драже 0,025 ва 0, 075, дар амп. 2 мл маҳлули 0,5%) - агрегатсияи тромбоситҳоро пешгирӣ менамояд, ки АМФ-и даврӣ зиёд ва таъсири аденозин давомнок мешавад, дар натиҷаи ин рагҳо васеъ мешаванд.
Ҳамаи ин доруҳоро ҳангоми тромбофлебит, тромбоэмболия, сактаи дил, атеросклероз, бемории гипертонӣ ва ғайраҳо истифода мебаранд.
Антикоагулянтҳо. Ин гурӯҳи доруҳо ба звеноҳои гуногуни лахташавии хун таъсир мерасонанд.
Аз рӯи таъсирашон ду гурӯҳ мешаванд:
1. Антикоагулянтҳои таъсирашон бевосита – ин доруҳое, ки бевосита ба омилҳои лахташавӣ таъсир доранд.
Доруи гепарин (Heparinum; дар флакон 5 мл, ки 5000, 10000 ва 20000 ВТ дар 1 мл аст), бевосита ба омили антитромбини II таъсир мерасонад. Агрегатсияи тромбоситҳо, часпакии хун ва нуфуспазирии рагҳо кам шуда, гардиши хун зиёд мешавад. Гепарин миқдори қанд ва чарбҳоро дар хун кам мекунад, хосияти зидди илтиҳобӣ дорад ва антагонисти он доруи протамин сулфат аст.
Доруи натрий гидроситрат танҳо барои консерватсияи хун (in vitro) истифода бурда мешавад. Дору ионҳои Са-ро мебандад. Дар организм истифода бурдан манъ аст, аритмия ва норасогии дилро ба амал меорад.
2. Антикоагулянтҳои таъсирашон номустақим – доруҳои неодикумарин (Neodicumarinum; таб. 0,05 ва 0, 1), синкумар, дикумарин, фепромарон, омефин, фенилин – ҳосилаи кумаринҳо мебошанд. Механизми таъсири онҳо ҳосилшавии протромбинро дар ҷигар боз медоранд, антагонисти ин доруҳо витамини К ҳисоб меёбад. Таъсири доруҳо суст оғоз ёфта (пас аз 8-24 соат) то 48-72 соат давом мекунад. Аз ин лиҳоз кумулятсияро ба амал меоранд. Доруҳо танҳо ба дарун ( in vivo) тавсия шуда, аз узви ҳозима хуб ҷаббида мешаванд.
Антикоагулянтҳо ҳангоми тромбофлебит, тромбоэмболия, гематома, дар вақти ҷарроҳӣ, сӯхтан, сармозадан, ноҳиявӣ дар шакли марҳам истифода мешаванд.
Зидди нишондод барои антикоагулянтҳо: бемориҳои ҷигар, сирроз, бемории гурдаҳо, реши меъда, захмҳои кушода, эндокардит ва ғайраҳо.
Доруҳои фибринолитӣ. Доруи фибринолизин (хока дар шишаҳо, ки 10, 20, 30 ва 40 ҳазор ВТ) аз плазмаи хуни донорҳо ҳосил карда мешавад. Ферменти протеолитӣ буда, фибринро таҷзия карда, ба сатҳи тромб таъсир мерасонад. Тромбҳои фибринии навпайдошударо дар рӯзҳои аввал бартараф менамояд.
Доруи стрептокиназаро (стрептаза; дар амп. бо меъёри 250000 ва 500000 ВТ) аз стрептококки бета-гемолитӣ ҳосил мекунанд, гузариши профибринолизинро ба фибринолизин (плазмин) бозмедорад. Дору ба дохили варид ворид карда мешавад. Доруҳои урокиназа ва стрептокиназа ҳам васеъ истифода мешаванд.
Доруҳои фибринолитиро ҳангоми тромбофлебити сатҳӣ ва чуқур, тромбоэмболияи рагҳои шуш ва чашм, тромбоз, инфаркти миокард ва ғайраҳо тавсия мекунанд.
Гемостатикҳо. Доруи тромбин (Trombinum; хока дар амп. 0,1, ки ба 125 ВТ мувофиқ аст дар флаконҳои 10 мл) – коагулянти таъсираш бевосита буда барои истифода ноҳиявӣ тавсия карда мешавад. Таъсираш in vitro ва in vivo аст. Пеш аз истифодабарӣ онро дар маҳлули физиологӣ ҳал мекунанд. Танҳо ноҳиявӣ истифода мешавад. Ҳангоми хунравӣ аз рагҳои хурд ва узвҳои паренхиматозӣ, милки дандон дар шакли фатила тавсия мекунанд.
Доруи фибриноген (Fibrinogenum; дар флаконҳо 1,0 ва 2,0 массаи хушк аст) – дар зери таъсири тромбин фибриноген ба фибрин табдил меёбад ва тромб ҳосил мешавад.
Доруи викасол (Vicasolum; дар табл. 0,015 ва амп. 1 мл маҳлули 1%) коагулянти номустақим буда, протсесси ҳосилшавии тромбҳои фибриниро метезонад. Он доруи синтетикии витамини К мебошад. Аз он витамини К1 ва К2 ҳосил мешавад, таъсираш пас аз 12-24 соат оғоз меёбад.
Кислотаи аминокапроновӣ – доруи хокамонанд аст, табдилёбии профибринолизинро (плазминогенро) ба фибринолизин (плазмин) қатъ мегардонад. Хосияти фаъоли зидди садмавӣ дорад (функсияи безараргардонии ҷигарро танзим медиҳад). Дар тибби амалӣ чун доруи ёрии таъҷилӣ дар вақти ҷарроҳӣ, ҳангоми гепатит, хунравӣ аз бинӣ, шуш, реши меъда ва ғайраҳо тавсия карда мешавад.
Доруҳои калсий. Калсий бевосита дар агрегатсия ва адгезияи тромбоситҳо иштирок менамояд, ба ҳосилшавии фибрин ва тромбин мусоидат мекунад. Ҳангоми хунравӣ ба дарун ё дохили варид истифода мешавад.
Доруи адроксон (Adroxonum; амп. 1 мл маҳлули 0,025%). Таъсири асосии он фаъол кардани агрегатсия ва адгезияи тромбоситҳо мебошад. Ҳангоми хунравӣ аз капиллярҳо, вақте, ки нуфуспазирии девораи рагҳо вайрон шудааст, васеъ истифода мешавад.
Доруи этамзилат ё дитсинон (Ethamsylatum; таб. 0,25 ва дар амп. 2 мл маҳлули 12,5%) ҳосилаи диоксибензол мебошад. Дору нуфуспазирии рагҳоро мӯътадил сохта, хунгардишро беҳтар мекунад, лахташавии хунро метезонад, чунки ба ҳосилшавии тромбопластин мусоидат менамояд. Дар шакли маҳлул ба дохили варид ворид карда мешавад, таъсираш пас аз 5-10 дақ. ба амал меояд. Дар шакли таблетка бошад, таъсираш пас аз 3 соат оғоз меёбад. Доруро ҳангоми хунравиҳо дохили варидӣ ё ба зери пӯст истифода бурдан мумкин аст.
ДОРУҲО
Номгӯи доруҳо | Меъёри миёнаи терапевтӣ | Шакли истеҳсол |
Доруҳои антиагрегантӣ | ||
Кислотаи атсетилсалитсилавӣ- Acidum acetylsalicylicum | Ба дарун 0,25 г | Таблеткаҳо 0,75; 0,1; 0,25: 0,325 ва 0,5 г |
Дипиридамол — Dipyridamolum | Ба дарун 0,025-0,05 г | Таблеткаҳо (драже) 0,025 ва 0,075 г |
Антикоагулянтҳо | ||
Гепарин — Heparinum | Дохили варид, дохили мушак ва зери пӯст 5000-20 000 ВТ | Флаконҳо 5 мл (1 мл — 5000; 10 000 ва 20 000 ВТ) |
Неодикумарин- Neodicumarinum | Ба дарун 0,05-0,1 г | Таблеткаҳо 0,05 ва 0,1 г |
Синкумар – Syncumar | Ба дарун 0,001-0,006 г | Таблеткаҳо 0,002 ва 0,004 г |
Варфарин- Warfarinum | Ба дарун 0,001-0,01 г | Таблеткаҳо 0,001 ва0,01 г |
Фенилин - Phenylinum | Ба дарун 0,03 г | Хока; таблеткаҳо 0,03 г |
Доруҳои фибринолитӣ | ||
Стрептокиназа - Streptokinase | Дохили варид (қатрагӣ) 250 000-500 000 ВТ | Ампулаҳо 250 000 ва 500 000 ВТ |
Доруҳои ба лахташавӣ мусоидаткунанда | ||
Тромбин- Thrombinum | Маҳлулҳоро берунӣ истифода мебаранд | Ампулаҳо ва флакон 125 ВТ |
Доруҳои антифибринолитӣ | ||
Кислотаи аминокапроновӣ –Acidum aminocapronicum | Ба дарун 2—3 г; дохили варид 100 мл маҳлули 5% (чакрагӣ) | Хока дар флакон 100 мл 5% |
Комментарии (0)