Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» доир мегардад.
Ӯрдугоҳҳои мактабиён меафзоянд
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2012» дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ситоди «Тобистони соли 2012» таъсис ёфт, ки ба он роҳбарони кумитаҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ ва кормандони масъули Федератсия шомиланд.
Олимпиадаи технологияҳои иттилоотӣ ва шабакавии NetRiders Tajikistan 2012
Рӯзҳои 16-18-уми май дар Тоҷикистон даври миллии Олимпиадаи чорум технологияҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ NetRiders Tajikistan 2012 доир мегардад.
Медали тиллои ба номи Менделееви толибилми тоҷик
Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон толибилми тоҷик, хатмкунандаи литсейи туркии ба номи Хоҷа Камол ба медали тиллои ба номи Менделеев мушарраф гардид.
БМТ таҳсили як донишҷӯ дар мактаби олии Маскавро ба ӯҳда мегирад
Бонки миллии Тоҷикистон таҳсили як нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ядройи ш. Москваи Федератсияи Россия аз рӯйи ихтисоси «Амнияти иттилоотии сохторҳои молиявӣ ва иқтисодӣ»-ро маблағгузорӣ мекунад. Донишҷӯ бо хобгоҳ ва идрорпулӣ (стипендия)-и сазовор таъмин мегардад.
Вохӯрии намояндагони сохторҳои давлатии Кӯлоб бо донишҷӯёни квотадор
Чанде қабл дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб вохӯрии намояндагони сохторҳои давлатии шаҳр бо донишҷӯёни соҳиби квотаи президентӣ баргузор гардид.
Дастоварди навбатии толибилмони тоҷик дар олимпиадаи байнулмилалӣ
Толибилмони макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон аз Олимпиадаи VII-уми Донишгоҳи федералии Урал ба номи Борис Елсини Русия, ки аз 21 то 25-уми апрели соли равон баргузор шуд, 91 медал ба даст оварданд. Дар олимпиадаи мазкур аз макотиби пойтахти ҷумҳурӣ 96 нафар хонандагон иштирок карданд.
Беҳдошти соҳаи таълим
Бино ба иттилои директори мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 34-и деҳаи Қарадуми ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон Саидмуҳаммад Саидов, таъмири асосии мактаби мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Ташаббуси коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон» аз ҷониби Барномаи рушди ҷомеаи СММ бо кӯмаки молиявии Ҳукумати Ҷопон ба анҷом расонида шуд.
Сергей Лавров – доктори фахрии ДСРТ
Бо қарори Шӯрои илмӣ ва мутобиқи Низомномаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо унвони «Доктори фахрии ДСРТ» сарфароз гардид. Дипломро ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомов супурд.
Рӯзи имтиҳон 29 –уми апрел
Хатмкунандагони синфи 6 тавассути имтиҳон ба литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркӣ қабул карда мешаванд. Таҳсил дар литсей-интернатҳо бо ду забон- тоҷикию туркӣ ва омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз компютер, видео, аудио, ТВ сурат мегирад.

![Творческая группа F1[iMDOD] Творческая группа F1[iMDOD]](/wp-content/themes/Levels/images/logo.jpg)






